ВидеоМуҳоҷирон

МАРГИ АКАЮ ДОДАРИ ТОҶИК ДАР ТАҲХОНАИ ЯК СОХТМОН ДАР ВИЛОЯТИ МАСКАВ

Ҷасадҳои ду шаҳрванди Тоҷикистон, солҳои таваллудашон 1995 ва 2001 бе аломатҳои марги маҷбурӣ чанд соат баъди ҳалокаташон аз таҳхонаи сохтмони як хонаи дуқабата дар деҳаи Полушкинои ноҳияи Раменское дар вилояти Маскав ёфт шудаанд. ФАН (Федеральное агентство новостей)  аз қавли манбааш дар пулиси вилояти Маскав хабар дод, ки хабари ҳалокати ду мардикори тоҷик ба қисми навбатдории пулиси ҳавзаи шаҳри Раменское рӯзи 20 май расидааст.

Гуфта мешавад, ҳарду акаю додар аз Тоҷикистон ба Русия барои мардикорӣ омада, сабти номи расмӣ доштанд ва ҳуҷҷатҳояшон қонунӣ буд.

“Фоҷеа ҳангоми анҷоми корҳои сохтмонӣ рӯй додааст. Коргарони тоҷик дар таҳхона ба девор резини обакӣ мекашиданд. Гумон меравад, ки онҳо аз буғу бухори маводи кимиёвие, ки ҳангоми кашидани гидроизолятсия истифода мешуд, заҳролуд шудаанд. Ин ду коргари ҳалокшуда ба рӯяшон василаҳои ҳифозатӣ кашида буданд, вале ин респиратори сохтмонӣ буд, ки аз чанги оддӣ ҳимоят мекунад, вале аз маводи заҳрдори кимиёвӣ – на. Мутаассифона, ба тарафи таҳхона ҳавои тоза намерасид”, — нақл кардааст тафсилоти ҳодисаро манбаи ФАН дар пулиси вилояти Маскав.

Ҳоло мақомоти шуъбаи тафтишоти Раменское ба санҷиши ин ҳодиса пардохтаанд.  Ҷасадҳои акаю додарро барои ташхис ба морг бурдаанд.

Ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои мардикорӣ ба Русия мераванд. Муҳоҷирати корӣ як манбаи асосии таъмини зиндагии аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ҳар сол дар Русия ба иллатҳои гуногун, аз ҷумла бар асари фалокатҳо дар ҷои кор, беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Яъне ба ҳисоби миёна муҳоҷират ҳар рӯз ҷони то се тоҷикро мегирад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button