ВидеоМуҳоҷиронФарҳангЧеҳраҳо

СЕРМУХЛИСТАРИН ИШТИРОКЧИИ “ЕВРОВИДЕНИЕ” МАНИЖА ИМШАБ ДАР ДАВРИ НИҲОӢ НАМОИ ҲУНАР МЕКУНАД (ВИДЕО)

Шоми 22 май дар шаҳри Роттердами Ҳолланд бо иштироки 26 довталаб даври ниҳоии озмуни муътабари “Евровидение 2021” баргузор мешавад. Манижа Сангин, овозхони зодаи Тоҷикистон, ки имсол Русияро дар  ин озмун намояндагӣ мекунад, таҳти рақами 5 ҳунарнамоӣ мекунад.

Шонси Манижа барои пирӯзӣ дар “Евровидение 2021” баланд дониста мешавад, чунки ҳунарнамоии ӯ  дар даври ниманиҳоӣ бо таронаи “Russian Womаn” то ин соат дар канали расмии ин озмун дар Ютуб алакай наздики 10 миллион тамошобин ҷамъ овардааст. Ин баландтарин дастовард дар байни тамоми 26 нафарест, ки ба даври ниҳоии “Евровидение 2021” роҳ ёфтаанд.

Натиҷаи дуюмро намояндаи Сербистон Hurricane дорад. Таронаи  Loco Loco дар иҷрои  Hurricane дар Ютуб то ин соат беш аз 5 миллион тамошобин  ҷамъ оварда, таронаи Mata Hari дар иҷрои овозхони озарӣ Эфендиро наздики 4,5 миллион нафар  ва таронаи Елена Тсагриноу аз Қибрисро беш аз 4 миллион нафар тамошо кардаанд.

Зимнан шакли аввали таронаи “Russian Womаn” дар иҷрои Манижа низ дар байни 41 довталаби иштирок дар озмуни “Евровидение 2021” бо беш аз 12 миллион тамошобин  дар канали расмии ин озмун дар Ютуб аз ҳама пуртамошобин буд.

Дӯшодӯши Манижа то шурӯи озмун овозхон аз Малта бо номи Дестини мерафт, ки таронааш бо номи Je Me Casse беш аз 9 миллион тамошобин гирд овард. Вале ҳунарнамоии Дестини дар даври ниманиҳоӣ чунин пурравнақе набуд, ки дар оғоз ва таронаашро ин бор танҳо ҳудуди 2,5 миллион нафар тамошо кардаанд.

Дар ҳар сурат, дар даври ниҳоии озмун Манижа ва Дестини пайи ҳам – Манижа панҷум ва Дестини шашум – ҳунарнамоӣ мекунанд ва тамошобинон ва ҳакамон ин дафъа метавонанд худ қазоват кунанд, ки кадоме аз онҳо беҳтар мехонад ва бештар сазовори пирӯзист.

Як вижагии Манижа дар тамоми тӯли ду моҳи охир пойфишориаш ба ҳуввияти тоҷикиаш буд, ки агар касе дар Русия нороҳат мекард, дар Тоҷикистон баракс аксарро тасхир ва мафтуни ӯ кард. Манижа пойбандии худ ба асли тоҷикиашро ҳатто дар минбари “Евровидение” дар Ҳолланд ҳам фаромӯш накард ва ин минбарро барои таблиғи фарҳанги тоҷикӣ истифода бурд.

Grand Final Running Order:

 🇨🇾 1. Cyprus / Elena Tsagrinou – El Diablo

🇦🇱 2. Albania / Anxhela Peristeri – Karma

 🇮🇱 3. Israel / Eden Alene – Set Me Free

🇧🇪 4. Belgium / Hooverphonic – The Wrong Place

🇷🇺 5. Russia / Manizha – Russian Woman

🇲🇹 6. Malta / Destiny – Je Me Casse

🇵🇹 7. Portugal / The Black Mamba – Love Is On My Side

🇷🇸 8. Serbia / Hurricane – Loco Loco

🇬🇧 9. United Kingdom / James Newman – Embers

 🇬🇷 10. Greece / Stefania – Last Dance

🇨🇭 11. Switzerland / Gjon’s Tears – Tout l’Univers

🇮🇸 12. Iceland / Da∂i Freyr og Gagnamagni∂ – 10 Years

🇪🇸 13. Spain / Blas Cantó – Voy A Querdarme

🇲🇩 14. Moldova / Natalia Gordienko – SUGAR

🇩🇪 15. Germany / Jendrik – I Don’t Feel Hate

🇫🇮 16. Finland / Blind Channel – Dark Side

🇧🇬 17. Bulgaria / Victoria – Growing Up is Getting Old

 🇱🇹 18. Lithuania / The Roop – Discoteque

🇺🇦 19. Ukraine / Go_A – Shum

🇫🇷 20. France / Barbara Pravi – Voilà

🇦🇿 21. Azerbaijan / Efendi – Mata Hari

 🇳🇴 22. Norway / TIX – Fallen Angel

 🇳🇱 23. The Netherlands (Hosts) / Jeangu Macrooy – Birth of a New Age

🇮🇹 24. Italy / Måneskin – Zitti E Buoni

🇸🇪 25. Sweden / Tusse – Voices

🇸🇲26. San Marino / Senhit – Adrenalina

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button