ВидеоДин ва боварҳоЧеҳраҳо

ИКРОМ АЗ КОЛХОЗИ “РОССИЯ” БО ВЕЛОСИПЕД БА ҲАҶ МЕРАВАД (АКС)

Фирдавс Муҳаммадиев дар гуруҳи фейсбукии “Гражданское общество” хабар дод, ки Икром ном сокини колхози “Россия”-и ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 22 май бо велосипед ба сафари Ҳаҷ баромадааст.  Фирдавс Муҳаммадиев ва даҳҳо нафари дигар ба ин зоир орзуи роҳи сафед карда, даст ба дуо кушодаанд, ки Худованд орзуи Икромро бароварда гардонад ва тавофи Каъбаро насибаш кунад.

Ёдовар мешавем, соли 2020 Арабистони Саудӣ ба иллати пандемияи коронавирус сафари Ҳаҷро ба зоирон аз кишварҳои дигар иҷозат надод ва танҳо як теъдоди маҳдуде аз худи сокинони Саудӣ тавонистанд соли гузашта тавофи Каъба кунанд.

Имсол қарор аст, маросими Ҳаҷ аз 17 то 22 июл, дар арафаи иди Қурбон доир шавад, вале мақомоти Арабистони Саудӣ, кишвари мизбони Ҳаҷ ҳанӯз дар мавриди иҷозат додан ё надодан ба сафари зоирон тасмими ниҳоӣ нагирифтаанд. Бино ба иттилои расида, мақомоти Саудӣ имсол ғолибан ба Ҳаҷ иҷозат хоҳанд дод, вале бо риояи қотеонаи меъёрҳои беҳдоштии зидди коронавирус ва бо иштироки шумори маҳдудтари зоирон.

Тоҷикистон то пандемияи коронавирус солона барои фиристодани то 6300 зоир ба маросими Ҳаҷ квота дошт. Қарор буд, ки квотаи Тоҷикистон ба далели афзудани шумори аҳолиаш ва ҳам зиёд будани шумори довталабони сафари Ҳаҷ боло бурда шавад, вале коронавирус монеъ шуд.

Фирдавс Мухаммадиев

#Новости Номи ин кас Икром, аз Колхози Россия, ба гуфти сокинони Колхози Россия ин нафар имрӯз бо Велосипед барои сафар ба Ҳаҷ ба роҳ баромаданд! Роҳи сафед ба бародари азиз!

https://www.facebook.com/groups/139635794851272/permalink/142367127911472

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button