ВидеоИқтисодТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 22 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими шанбе, 22 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

БОНКИ МИЛЛӢ “ТОҶИКСОДИРОТБОНК” ВА “АГРОИНВЕСТБОНК”-РО БАРҲАМ ДОД

НАЗДИКОНИ ЗАМОНОВ: РУСТАМРО ТУҲМАТ КАРДАНД, Ӯ БА ҲНИТ ЯГОН РОБИТА НАДОРАД

ШАРТ БА ШИРКАТҲО: НАРХИ ПАРВОЗ БА РУСИЯ АЗ 500 ДОЛЛАР НАБОЯД БАЛАНД БОШАД!

ХИРМАНИ КӢ ДАРГИРИФТ? ТАФСИЛОТИ НАВИ ТАРКИШИ МОШИНИ БЕНЗИНКАШ

ЯК ТОҶИК ДАР СОЧИ БА ТАҲИЯИ АСНОДИ ҚАЛБАКИИ 158 МУҲОҶИР АЙБДОР МЕШАВАД

ПИСАРИ 12-СОЛАИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ШӮХӢ КАРДААСТ, КИ МУАЛЛИМААШРО МЕПАРРОНАД

РАИСИ БИНО ПУЛИ СОКИНОНРО КУҶО КАРД?

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 21 май иҷозатномаҳои ду бонки буҳронзадаи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”–ро бозхонд ва гуфт, аз ин ба баъд фаъолияти ин ду ниҳоди молиявро мудирони махсус пеш хоҳанд бурд. Бонки миллӣ 4 сол пеш ду бонки буҳронзадаи “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк”-ро низ барҳам дода буд, вале он вақт ҳукумат барои наҷоти ду бонки дигари  гирифтори буҳрон – “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” – 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо кард, ки бо қурби он замон қариб ним миллиард долларро ташкил медод ва бузургтарин кумаки давлат ба муассисаҳои буҳронзада дар таърихи навини Тоҷикистон шумурда мешуд. Вале Бонки миллӣ бо гузашти 4 сол дар ду изҳороти алоҳида бо изҳори таассуф гуфт, ки ин кумаки бузург барои наҷоти ин ду бонк фоида накард ва онҳо аз бонкҳои низомсоз ба бонки ҳиссаашон дар низоми бонкӣ ночиз табдил ёфтанд.  Акнун сарнавишти пулҳои 6 ҳазор муштарии “Тоҷиксодиротбонк” ва 28 ҳазор муштарии “Агроинвестбонк”–ро бояд мудирони махсус ҳал кунанд.

Бонки миллӣ дар изҳороташ дар мавриди “Тоҷиксодиротбонк” гуфт, “бо вуҷуди дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 вазъи молиявии он беҳтар нагардидва як силсила камбудиҳои системавӣ, аз ҷумла мавҷуд будани омилҳои инсонӣ дар рафти қабули қарор ва дахолат дар сохтори ташкилӣ боис гардид, ки ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” аз мавқеи бонки низомсоз ба як ташкилоти қарзии ҳиссааш дар низоми бонкӣ ночиз мубаддал гардад.

Дар натиҷа, меафзояд Бонки миллӣ, “Тоҷиксодиротбонк” барои давом додани фаъолияти минбаъдаи худ иқтидор, имконият ва захираҳои кофиро аз даст дод.”

Бонки миллӣ ҳамин тавр, дар як изҳороти алоҳида дар мавриди қатъи фаъолияти “Агроинвестбонк” бо изҳори таассуф гуфт, “бо вуҷуди дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1992, 2003, 2010, 2012, 2016 вазъи молиявии он беҳтар нагардида, устувор фаъолият намудани Бонк, мутаассифона, таъмин нагардид.”

Ба ақидаи Бонки миллӣ, мушкилоти “Агроинвестбонк” низ табиати системавӣ гирифта,  ин бонк барои давом додани фаъолияти минбаъдаи худ иқтидор, имконият ва захираҳои кофиро аз даст дод. Бонки миллӣ гуфт, пули 86 фоизи пасандоздорони “Агроинвестбонк”, яъне 23,7 ҳаз. нафар пурра аз ҳисоби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҷуброн карда шуда, 14 фоизи дигар пасандоздорон, яъне 4 ҳаз. нафар аз ҳисоби Хазина қисман ҷуброн карда мешаванд. Маблағҳои боқимондаи муштариёнро бояд мудири махсус аз ҳисоби фурӯши дороиҳои бонк пардохт кунад.

ххххххххххххххх

Рустам Замонов. Акс аз: https://vk.com/id339840956

Баъд аз нашри хабари ҳукми ихроҷи шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон Рустам Замонов аз Русия, наздикони ин муҳоҷири тоҷик бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар тамос шуда, иддаои раёсати ФСБ ҷумҳурии Бошқирдистон дар бораи гӯё ба ҳизби дар Тоҷикистон феълан мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ҳамдастӣ кардани Рустам Замонов туҳмат аст.

Хадамоти матбуоти муштараки додгоҳҳои Бошқирдистон ахиран хабар дод, ки рӯзи 19 майи соли 2021 додгоҳи ноҳияи Калинини шаҳри Уфа як шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистонро бар асоси қисми аввали моддаи 18.8 КоАП Русия барои вайрон кардани қоидаҳои будубош 2 ҳазор рубл ҷарима баста, ҳукми ихроҷаш аз Русияро баровард. Ин манбаъ бо истинод ба иттилоияи раёсати ФСБ Бошқирдистон хабар дод, ки мақомоти амниятӣ ин марди тоҷикро ба ҳамдастӣ бо ҲНИТ низ гунаҳкор мекунанд.

Наздикони Рустам Замонов ба “Бомдод” гуфтанд, ки ӯ аз ин ҳукми ихроҷаш ба Додгоҳи олии Бошқирдистон шикоят бурдааст.

“Рустам Замонов зодаи деҳаи Чуқураки Ҳисор буда, солҳои тӯлонӣ дар Уфа кор мекунад. Ӯву бародаронаш дар бозори Уфа меваву сабзавот савдо мекарданд. Ӯ ба ҲНИТ ягон рабт надошт. Вале туҳматаш заданд, то ки ихроҷаш осонтар шавад”, – гуфт яке аз наздикони ӯ.

Чанд вақт пеш Азим, бародари Рустамро ҳам аз Уфа ба Тоҷикистон ихроҷ карданд, вале он вақт ба ихроҷи Рустам ноил шуда натавонистанд. Ӯ чанд вақт дар боздошт қарор дошт, вале озод шуд. Рустам Замонов феълан дар Уфа дигарбора дар ҳамон боздоштгоҳи муҳоҷироне, ки ҳукми ихроҷашон аз Русия содир шудааст, қарор дорад.

Қаблан намояндагони ҲНИТ ҳам гуфтанд, ки дар бораи Рустам Замонов ва фаъолиятҳояш барои ин ҳизб чизе намедонанд.

Баъди он ки фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон дар соли 2015 манъ шуд, роҳбарони ҳизб изҳор доштанд, ки ба хотири амнияти аъзо ва тарафдоронашон тамоми фаъолиятҳояшонро дар дохили Тоҷикистон ва кишварҳои СНГ қатъ мекунанд. Бо ин вуҷуд, дар солҳои охир даҳҳо нафар аз тарафдорони ҲНИТ ва дигар гуруҳҳои оппозитсияи тоҷик дар кишварҳои СНГ, бештар аз ҳама, дар Русия дастгир ва ба Тоҷикистон супурда шуданд.

Ххххххххххххххххх

Икром Субҳонзода, раҳбари Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон гуфт, се ширкати ҳавопаймоии Русия: “Сибир”, “Уралские авиалинии” ва “Ямал” розӣ шудаанд, ки аз 22 май чиптаҳои парвозашон аз Тоҷикистон ба Русияро аз 500 доллар болотар нафурӯшанд.  Як моҳ боз байни Агентии авиатсияи гражданӣ ва 4 ширкати Русия бар сари нархи парвозҳо ихтилоф идома дошт ва Агентӣ ҳатто маҷбур шуд, ки ширкати “Северний ветер”ро аз ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ маҳрум кунад. Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба сабаби баланд нигоҳ доштани нархҳояшон ширкати “Сибир”ро ҳам чанд рӯз аз ҳаққи парвоз маҳрум кард ва ба “Уралские авиалинии” ва “Ямал” ҳам ҳушдор дода буд, ки мувозеҳи нархҳояшон бошанд.

Русия аз 1 апрел ба анҷоми парвозҳо аз Тоҷикистон иҷозат дод. Баъди ин даҳҳо ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки як сол боз ба сабаби пандемияи коронавирус барои мардикорӣ ба Русия рафта наметавонистанд, ба кассаҳои фурӯши чиптаҳои парвоз фурӯ рехтанд. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо сӯиистифода аз фурсат нархҳоро чанд маротиба бардоштанд.

Дар натиҷа нархи парвоз аз Тоҷикистон ба Русия то ба 17 ҳазор сомонӣ (!!!) барои як тараф хест. Ин норозигии сахти мардумро ба бор овард ва Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон рӯзи 22 апрел намояндагони ба  4 ширкати ҳавопаймоии Русия, ки ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русияро доштанд, ду рӯз фурсат дод, ки нархҳоро поён баранд, вагарна аз ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон маҳрум карда хоҳанд шуд.Ширкатҳо ин шартро пазируфтанд, вале баъди чанде нархҳо аз нав ба парвоз даромаданд.

Аксари онҳое ки ба Русия мераванд, муҳоҷирони корианд, ки Русия манбаи асосии таъмини зиндагии оилаҳояшон  аст. Соли 2020, ки Русия ба далели коронавирус марзҳояшро баст, интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон қариб 800 миллион доллар коҳиш ёфт.

ххххххххххххххх

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо нашри тафсилоти нави садамаи мошини бензинкаш дар ноҳияи Деваштич хабар дод, ки мошини тамғаи “Дулан” бо 35 тонна маводи сӯхт дар ҳудуди ҷамоати Ғазантарак ба  як ғарами алаф бархӯрда, сипас ба сой чаппа шудаву таркидааст. Ш.Бутаева, сухангӯи раёсати ҳолатҳои фавқуллодаи вилояти Суғд гуфт, “видеои алангаи оташ ва дуди ғализе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардон буд, оташи хирмани бузурги алафи чорво будааст, ки як сокини деҳаи Ғазантераки ноҳияи Деваштич барои фурӯш захира карда буд.”

Ба гуфтаи ӯ, “ронанда ва мусофираш баробари ба самти сой сарозер шудани мошин худро берун ҳаво додаанд ва ҷони солим ба дар бурдаанд. Онҳо бо ҷароҳатҳои сабук дар бемористон бистарӣ шуданд ва табибон ҳолашонро хуб арзёбӣ мекунанд.”

Сӯхтор аз ҷониби хадамоти сӯхторнишонии ноҳияи Деваштич ва шаҳри Истаравшан баъди 50 дақиқа пурра хомӯш карда шудааст ва ҳоло сабаби садамаро масъулони БДА таҳқиқ мекунанд.

Тавре қаблан хабар дода будем, субҳи 20 май як мошини бензинкаш, ки аз шаҳри Хуҷанд ба самти ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштич ҳаракат мекард, дар ҳудуди ҷамоати Ғазантарак чаппа шуд ва оташ гирифта, таркид. ВКД гуфт, ба иллати нуқсонҳои техникӣ  доштанаш, мошини бензинкаши таҳти идораи шаҳрванд Ҷӯраев Мансур, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, дар ноҳияи Деваштич ба мағозаи фурӯши масолеҳи кишоварзӣ бархӯрда, оташ гирифтааст.

КҲФ гуфт, ронандаро як сокини дигари ноҳияи Б.Ғафуров низ ҳамроҳӣ мекард ва ҳардуро дар бемористони ноҳияи Деваштич бистарӣ кардаанд.

Қаблан ба дасти пойгоҳи хабарии “Бомдод” видеои кӯтоҳе расид, ки дар он лаҳзаи чаппа шудану оташ гирифтани мошини бензинкаш (бензовоз) дар ноҳияи Деваштич сабт шуда буд.

Дар видео дида мешуд, ки мошин дар як ҷарӣ афтидааст ва аз он алангаи оташ ва дуди ғафс ба осмон баланд мешавад. Дар видео ҳамчунин мардуми зиёде дида мешуд, ки дар баландӣ дар болои кӯпрук истода, сӯхтани мошинро тамошо доранд ва бархеи онҳо ин лаҳзаҳоро бо телефонҳои мобил ба навор мегиранд.

ххххххххххххххх

Додситонии кишвари Краснодар рӯзи 21 май хабар дод, ки муовини додситони ин минтақаи ҷануби Русия хулосаи айбдоркунӣ нисбат ба ду нафари муттаҳам ба ташкили будубоши ғайриқонунии 158 шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави Русия ва сабти номи қалбакии онҳоро тасдиқ кард ва ин парванда барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Хостаи шаҳри Сочи фиристода шуд.

Ба зидди марди 34-солаи зодаи Тоҷикистон ва як зани 51-солаи сокини шаҳри Сочи бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Русия  – қисми дуюми моддаи 3221 УК РФ (ташкили вуруди ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба қаламрави Русия) ва 322(сабти номи қалбакии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия) айб эълон шудааст.

Бино ба фарзияи тафтишот, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шаҳри Сочи зиндагӣ мекард, бо кумаки як зани маҳаллӣ ба Русия овардани 39 шаҳрванди Қирғизистонро ташкил карда, ҳамчунин 119 шаҳрванди Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Украинаро сабти номи қалбакӣ кардаанд. Додситонӣ гуфт, аз фаъолияти ин ду нафар кормандони ФСБ ҷилавгирӣ кардаанд.

Акнун ба онҳо барои сабти ном қалбакӣ ҷарима ба маблағи аз 150 ҳазор то 500 ҳазор рубл ваё то 3 сол корҳои ислоҳӣ таҳдид мекунад. Аммо барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҷазо сангинтар аст: Онҳоро бар асоси моддаи 3221  метавонанд то 7 сол маҳкум ба зиндон кунанд.

Миллионҳо муҳоҷире, ки ҳар сол дар ҷустуҷӯи ҷои кори муносибтар худро ба Русия мезананд, барои қонунӣ кардани будубоши худ дар он кишвар маҷбуранд, ки ҳам сабти ном кунанд, аз чанд санҷиши тиббӣ гузаранд ва ҳам аз забони русиву таъриху фарҳанги Русия имтиҳон супурда, танҳо баъд барои фаъолияти корӣ патент бигиранд. Азбаски таҳияи аснод ҳам вақти зиёд мегирад ва ҳам барои муҳоҷирон, ки аксаран саводи кофӣ надоранд ва русиро ҳам хуб намедонанд, як раванди то ҳадде мураккаб аст, онҳо маҷбур мешаванд, ки ба миёнаравҳо рӯ биоранд ва ба онҳо пули зиёд дода, умед ба  инсофи ин миёнаравҳо бубанданд.

хххххххххххххххх

Юсуф П., як фарзанди 12-солаи оилаи муҳоҷирони тоҷик аз шаҳри Зеяи вилояти Амури Русия дар мукотибаи хусусӣ бо муаллимааш дар мессенҷери WhatsApp  “шӯхӣ” кардааст, ки мехоҳад ӯро бипарронад.

Скриншоти мукотибаи онҳоро Телеграм-канали @surf_noise1 («Покот»), ки бо мавзеъгириҳои бадбинонааш нисбат ба муҳоҷирон маъруф аст, нашр кардааст.

Тавре аз мукотиба бармеояд, шогирд ба устодаш аввал як барномаи интернетиро фиристодааст. Дар посух ба суоли муаллима мабнӣ ба ин ки «Ин замима ба ман чӣ даркор?»,  Юсуф посух додааст, ки “То ки ман донам, ки шумо дар куҷоед? Шумо ҳама вақт лозимед барои ман.”

Юсуф П. дар идомаи мукотибааш якбора ба лаҳни таҳдидомез гузашта, менависад: “Мехоҳам ҳамаи муаллимаҳоро парронам. Ва аввалинаш шумо хоҳед шуд. Охири соли таҳсил аст охир.”

Муаллима, ки аз ин ҳарфҳои шогирдаш ба ҳолати шок афтод, пурсидааст: “Сарат дар ҷояш ҳаст?”

“Ин шӯхӣ буд”, – ҷавоб медиҳад Юсуф, вале муаллима ба ӯ хотиррасон мекунад, ки «Барои чунин шӯхиҳо ҷазоҳои ҷиддӣ пешбинӣ шудаанд!!!»

Телеграм-канали «Покот» хабар додааст, ки Юсуф П. соли 2019 шаҳрвандии Русияро ба даст овардааст ва ҳоло падараш барои рафтори писараш узрхоҳӣ мекунад.

Таҳдиди куштан, ҳатто агар бо шӯхӣ бошад, хеле ҷиддӣ гирифта мешавад ва метавонад сабаби санҷиш ва ҳатто кушодани парвандаи ҷиноӣ гардад. Ахиран як хонандаи 17-сола аз шаҳри Благовешенски вилояти Амур дар шабакаҳои иҷтимоӣ “шӯхӣ” кардааст, ки мехоҳад ҳамлаи мусаллаҳона ба мактаби шаҳри Қазонро дар мактаби №27 дар Благовешенск такрор кунад. Дар пайи ин “шӯхӣ” садҳо хонандаву омӯзгори ин мактабро кӯчонда, дарсҳоро қатъ карданд ва мақомот хонандаи “шӯх”-ро хеле бозҷӯӣ ҳам карданд. Дар натиҷа, маълум шуд, ки ӯ гирифтори мушкили равонӣ будааст ва бояд табобат бигирад. Ҳол он ки ӯро метавонистанд барои ин як “шӯхӣ” ба кунҷи зиндон биандозанд.

xxxxxxxxxxxxxxxxxxxxxxxx

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 22 май аз ошкор шудани ду кирдори қаллобӣ ба маблағҳои бузург хабар дод.

Аз ҷумла ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза як зани 55-солаи сокини ин ноҳия муроҷиат намудааст, ки  як марди 33-сола, ки раиси бинои №41 дар кӯчаи Сино будааст, дар муддати 14 моҳ аз 70 нафар сокини ин бино ва ширкатҳои «Вавилон-Мобайл” ва “Интерком» 49 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бинои мазкурро таъмир мекунад, аммо маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 25-солаи сокини ин ноҳия муроҷиат намуда, хабар додааст, ки моҳи октябри соли 2020, дар кӯчаи Ҳисор, марди 28-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ як мошини тамғаи «Тойота-Каролла»-ро ба маблағи 130 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардондааст.
Дар робита ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

ххххххххххххххх

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button