ТаърихТоҷикистонЧеҳраҳо

ХОТИРАҲОИ ЁҚУБ САЛИМ ДАР БОРАИ СОЛИ 1992. ҚИСМИ 2

Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ки рӯзи 20 май ба синни 63 расид, бархе хотироташ дар бораи ҳодисаҳои соли 1992-ро рӯи коғаз овардааст. Ёқуб Салимов дар зиндагии пур аз шебу фарози худ маззаи ҳама чиро чашид: ҳам шаҳди мансаб, ҳам талхии зиндон, ҳам садоқат ва ҳам хиёнати ёру дӯстони собиқ. Зиндагии ӯ он қадар пур аз шӯр аст, ки метавонад сенарияи як филми хубу дидание чун филмҳои Ҳолливуд шавад.

Қисми аввали хотираҳои Ёқуб Салимовро метавонед инҷо мутолиа кунед:

Таваҷҷӯҳи Набиев ба «Водонасосная»

Баъде, ки митингбозиҳо шиддат гирифт, Раҳмон Набиев  президенти онвақтаи Тоҷикистон бо КГБ тасмим гирифт, ки бачаҳои «Водонасосная»-и пойтахтро сарҷамъ кунад.

Ҳар вақте аз гардиши фабрикаи «Гулдаста» маҳаллаамон мегузаштам, медидам, ки бачаҳо шишта бо ҳам сӯҳбат мекарданд. Аммо рӯзе дидам, ки гурӯҳи бачаҳо назар ба дирӯз бузургтар шудааст ва ҳатто одамони калонсол ҳам дида мешуд.

Аввал гумон доштам, ки сари ягон маъракае гуфтугӯ доранд. Аммо аз дур вақте гапи онҳоро гӯш кардам, ин нишаст аз рӯзи дигар куллан фарқ дошт. Вақте наздашон рафтам, дидам, ки он ҷо ҳама бачаҳои лидер ҷамъ шудаанд. Аҷибаш ин, ки он ҷо помирӣ ҳам буд, ғармӣ ҳам, кӯлобӣ ҳам… Вақте пурсидам, ки чи гап аст, гуфтанд, ки «митинги ришакиҳо моро дар ташвиш гузоштааст». Вақте аз байн як-ду рӯз гузашт, баъд фаҳмидем, ки гап сари чист ва дар пушти ин митингҳо кӣ қарор дорад. Он шабу рӯз шиорҳои «якпорчагии миллӣ ва ваҳдат» тамоман дурӯғ буду ҳамагӣ бозиҳои сиёсӣ ва ҳама дар фикри ғасби ҳукумат буд.

Он шабу рӯз, ёдатон бошад, моҳи шарифи рӯзаи Рамазон буд ва Сафаралӣ Кенҷаев вазири ВКД-Мамадаёз Навҷувоновро аз кор гирифт. Ва оқибат ҳам ин шуд, ки помириҳо дар майдони Шаҳидони назди СеКа ҷамъ шуданд.

Набиев аз ман чӣ мехост?

Як рӯз дарам тақ-тақ шуд. Дарро кушода, 2 нафарро дидам. Яке корманди КГБ буду дувумӣ аз ВКД. Онҳо гуфтанд, ки Раҳмон Набиев мехоҳад, ки бо шумо аз наздик сӯҳбат кунад ва гапҳояшро бизанад. Аз он, ки аз сиёсат комилан дур будаму як марди варзишӣ. Бояд гӯям, ки он замон дар Донишгоҳи тиббӣ ва дар як кооперативи хусусӣ ҳам кор мекардам. Дар Донишгоҳи тиббӣ 5 сол муаллими фанни тарбияи ҷисмонӣ будам, то соли 1991. То соати 4 дарс медодаму баъди соати 4 дар кооперативи ноҳияи Ленин (ҳоло н.Рӯдакӣ) меҷунбидам…

Ба он ду нафар намояндаи қудратӣ гуфтам, ки «илтимос, ба сиёсат маро нагиред, ки аслан намефаҳмам, чӣ гап асту чӣ мехоҳанд». Ман бо онҳо дер гап назадам, чун одати камгапӣ доштаму дорам. Яке буд, ки аз дохили мошини онҳо Ҷумъа Буйдоқови помирӣ (шодравон) берун шуд. Ӯ он замон дар н.Ленин директори як мактаби миёна буд. Ҳарчанд, бархе аз қаламбадастон ӯро ҳоло дар матбуоти даврӣ рекэту разборщик меноманд, аммо ин тавр набуд. Ӯ ҳамту як нафар интеллигент – зиёӣ буду бисёр одами ботамкин.

Буйдоқов гуфт, ки «Ёқубҷон, маро ҳам мисли ту даъват кардаанд ва рафтани мо ба назди Набиев албатта ба манфиати аст. Хоҳиш мекунам…». Гуфтам, ки «майлаш, шумо омадед, ман бо шумо меравам».

Хона даромада, либосамро пӯшида, дар мошин шишта, рафтем хонаи Раҳмон Набиев. Аввал занаш баромад, баъд худи Набиев барои пешвоз. Болои кат дастурхон оростанд. Мизбон гапро дар боби митингбозиҳо сар кард ва бо хоҳиш аз мо хоҳиш намуд, ки «бачаҳои шаҳрро аз иштироки фаъолона дар митингҳои бемаънӣ дур доред ва ҳаргиз ширкат накунанд…».

Аз хонаи Набиев хона ба хона баргаштем. Рӯзи дигар як-ду лидербачаҳоро дар хиёбонҳои пойтахт дида, хоҳиш кардам, ки «илтимос, ба бачаҳо расонед, ки дар митингҳо иштирок накунанд…».

Ва маҳз аз як ҳафтаи ҳамин ҳодиса хонаи маро теракт карданд, ки болотар гуфта гузаштам.

«Паноҳатон ба худо, ман рафтам!»

Ин аллакай дуввумин хунрезиро шунидам ва ҳам тариқи телевизион низ дидам. Саросема давидам сӯи штаби созмони фарҳангии «Меҳри Хатлон», ки дар театри опера ва балети С.Айнӣ қароргоҳ дошт.

Вақте вориди офиси «Меҳри Хатлон» шудам, чанд адиб ва шиносҳо барои барқарории сулҳ ибрози андеша мекарданд. Ба онҳо гуфтам, ки «дигар ҷои пиндор нест ва бояд амал кард. Аз ин андешаи сулҳхоҳонаи мо дигар чизе ҳосил намешавад, агар мешуд, то имрӯз мешуд! Агар мард бошем дар байни мардум бошем ва пеши ҷангу хунрезиро бигирем. Ба ман дина ду-се лаҳза аз қатли ом дар Вахшро аз видеокассета нишон доданд. Аммо мо чӣ кор кардан дорем, шумо фикр мекунед?» Лек аз санг садо баромаду аз адибони «Меҳри Хатлон» не! «Паноҳатон ба худо, ман рафтам!» гуфтаму дари зали онҳоро пӯшида, баромадам.

Аз он ҷо бо чаҳор нафар бачаҳои чусту чолок ба дафтари корӣ-офиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (наздик ба стадиони «Спартак») омадаву дарашро зада шикастем ва даромада тамоми таҷҳизоту делову дафтари ҳизбро дарронида шикастему титу пит кардем! Ҳоло худоро шукр мекунам, ки агар он ҷо панҷ дақиқаи дигар меистодем, моро аниқ силоҳбадастони мухолифин (бадахшониҳо) мекуштанд. Зеро баъди гурехтан фаҳмидем, ки онҳо омадаву авзоъи офисро дида, дастандаркорони ҳодиса, яъне моро ҷустуҷӯ намудаанд.

Мусаллаҳшавии нахустин ва то охир!!!

Аз офиси ҲДТ баромада, назди пивзавод-хонаи Нуралӣ рафтем. Ӯ аз маҳаллаи Ангурбоғи ноҳияи Москва буду бисёр одами ботамкину ботақво ва патриоту меҳнатӣ. Нуралӣ воқеан он замон бисёр одами пулдор буду дасткушод ва баҳри ободиву шукуфоӣ талош меварзид! Ду нафар бачаи дигар аз хонаи Нуралӣ ба ман ҳамроҳ шуду гуфт, ки аз куҷое набошад як таксие ёфта, ба воситаи Норак ба Вахш биравед…

Хуллас, вақте дар хонаи Нуралӣ будем, ба мо як адад автомати Калашников оварданд ва ҳам либоси ҳарбӣ (комфуляж). Мо барои соҳиб шудан ба автоматҳои боқимонда як шабонарӯзи дигар дар хонаи Нуралӣ мондем. Автоматҳоро аз Дивизияи 201-и Русия харида оварданд. Аз хонаи ӯ 6 нафар ба роҳ баромадему ба таксие нишастем. Аз ҳамраҳони ман як нафар комсомолободӣ, як нафар варзобӣ, як нафари дигар кӯлобӣ буд.

Вақте дар Чормағзак расидем, дар пост мухолифин моро манъ карданд. Командири штаб бо ному насаби Низом будааст. Ӯ моро фароварду дохили як мактаб, дар наздикии ҳамин пост бурда, пурсупос кард. Моро шинохт. Ба ӯ гуфтем, ки «мо ба Вахш рафтан дорем, барои сулҳу салоҳи мардум. Мо ба сокинон бояд фаҳмонем, ки аз ҷангу хунрезӣ ягон фоидае нест». Ҳамон ҷо дидем, ки дар он мактаб қариб 300-400 нафар мухолифини мусаллаҳ қарор доштанд.

Аввалин тирпаронӣ ба мо!

Низом ва ҳамраҳонаш ҳамон лаҳза хостанд, ки ба марказ-қароргоҳашон занг зада, роҷеъ ба мақсади сафари мо ба Вахш маълумот бигиранд. Аз қазо, телефон ё кор накард, ё алоқа набуд.

Хуллас, моро ҷавоб доданд. Вақте болои ағбаи Чормағзак баромадем, он ҷо низ як пости қонунии милитсияҳо буд, аз ҳамун давраи шӯравӣ. Аммо он шабу рӯз ин пост аллакай дар дасти мухолифин қарор дошт. Дар он пост ҳам маро манъ карда фароварда, пурсиданд, ки куҷо равонаем. Дуруст фаҳмондем, ки «ҳамин ҳозир моро дар пости поёнӣ пурсиданд ва вақте дарк карданд, ки мо бо мақсади сулҳу салоҳ равонаем, ҷавобамон доданд». Хуллас, дар ин пост моро 20 дақиқа манъ карданд. Нохост, аз қафо як мошин омада, ба сӯи постнишинҳо гуфт, ки «инҳоро сар диҳед раванд, ҳоло дар ун пост низ манъ карда буданд…».

Силоҳдорони ин пост ба шаҳодати ин мошин бовар карда, роҳи моро кушоданд. Вақте 200-300 метр дуртар рафтем, яке аз қафо моро аз ҳамин пост тирборон карданд. Аз ин маълум мешавад, ки алоқаи телефон дар пости гузашта нав барқарор шудаву ба инҳо амр додаанд, ки моро бипаронанд. Азбаски роҳ мавҷак-мавҷак (серпантин) буду байни кӯҳҳо тоб мехурд, ба мо тир нарасид. Аз қазо ва дар бахти мо ронандаи таксии мо афганец (интернатсионалисти ҷанги Афғонистон) будаву таҷрибаи ҷангиву ронандагӣ доштааст.

Дар аъроф: «Вовчик» ва «юрчик»!

Ана акнун вақте бо азобе аз тири мухолифин гурехта, ба пости дарёи Вахш расидем, таксиро манъ карда гуфтам: «Намедонам, ки ҳоло чи хел ва бо чӣ восита ба Вахш меравам, зеро «ман ҳоло барои кӯлобиҳо вовчик ҳастаму барои мухолифин юрчик. Яъне дар мобайн мондаам. На қафо рафтан мешавад, на ба пеш!» Бо ин сухан аз онҳо маслиҳат пурсидам. Ҳамраҳонам гуфтанд, ки «ту ҳар чизе мегӯӣ, мо аз пушти туем ва дигар роҳи баргашт ба қафо нест».

Ман аз даврони наврасӣ як хоббӣ доштам ва он ҳам пиёдагардӣ ва ё кӯҳнавардӣ буд. Ин буд, ки дар замони шӯравӣ, дар овони донишҷӯиям дар Донишкадаи варзиш аз шаҳри Қӯрғонтеппа чандин бор пои пиёда ба Душанбе рафтаам ва ё аз Душанбе ба Кӯлобу Балҷувон… Хуллас, ба ҳамраҳонам гуфтам, ки ҳоло ягона роҳу илоҷи раҳоӣ ва расидан ба ҳадаф пиёда рафтан ба Вахш аст, тариқи кӯҳҳо. Барои ҳамин, ҳоло лаб-лаби дарёи Вахш ба Сангтӯда меравем. Аммо баъди ин сухан боз дар ёдам омад, ки дар мобайн боз 1 ГЭС-и дигаре низ ҳаст бо номи Бойғозӣ. Агар ба он тарафи кӯҳ равем дашти Сарбанд ҳаст ва баъди он дашти Калташӯр. Бо ин гапу маслиҳат, пои пиёда ба роҳ баромада, 10-15 км бо мошин лаб-лаби дарё рафтем. Ин тақрибан моҳҳои июл-августи соли 1992 буд… Мошини таксиро бошад ба як ҷарие тела додем, зеро дигар роҳи мошинрав вуҷуд надошт.

Ба ГЭС-и Бойғозӣ наздик шуда, дидем, ки муҳофизонаш сар то по мусаллаҳанд. Бо машварати ҳамроҳон, худам аввал танҳо рафта, нахуст як нафар посбони ГЭС-ро бе ҷангу ҷанҷол халъи силоҳ карда, посбонро гуфтам: «Агар хоҳӣ, ки зинда бимонӣ, бо навбат якто-якто посбонони дохилии ГЭС-ро фарёд мекунӣ, вагарна ҷонат дар нӯги қил аст…». Посбон, ки то ҳамин чанд соли наздик ному насабаш дар ёдам буд, аз тарс ва тибқи фармудаи ман посбонҳои дохилиро бо исмашон даъват кардан гирифт. Хуллас, кулли посбонҳои ГЭСро халъи силоҳ карда, дастонашонро бастем ба онҳо бо нармӣ гуфтем, ки «мақсад аз омадани мо ҷанг ва гирифтани силоҳ аз шумо нест. Хоҳиш ин аст, ки ҳоло гурӯҳи ман аз ҳамин ҷо гузашта, ба Вахш мераванд, аммо шумо ягон хел зиддият намекунед!» Онҳо розӣ шуданд. Ва воқеан, мо ягон силоҳи онҳоро бо худ нагирифтем ва шоҳидон низ то ҳол зиндаанд ва бигзор худ дар алоҳидагӣ қисса бикунанд…

Ҳамин ҷо бояд гӯям, ки пойафзоли ману ҳамраҳонам баъди гузаштан аз ГЭС-и Бойғозӣ тика-тика шуд ва пои луч роҳро шабона идома додем. Дар шаб дигар намедидем, ки дар таҳи пои мо чист? Сангу хору шағалро зер карда, рафтан гирифтем. Пойҳоямон аз роҳгардӣ хуншор шуд. Ман тоқат мекардам, зеро таҷриба доштам, аммо ҳамраҳонам хело азоб кашиданд… Пои пиёда ба Вахш расидему ҷавонмардони вахшиҳо ҷамъ намудем. Чун онҳо маро мешинохтанду эҳтиромам доштанд, дар як они воҳид гурӯҳи бузурге шудем ва кӯмаки дӯстон ба Душанбе роҳ гирифтем, ки ин тамоман қиссаи дигар аст…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button