ИқтисодКоррупсияТоҷикистон

БОНКИ МИЛЛӢ “ТОҶИКСОДИРОТБОНК” ВА “АГРОИНВЕСТБОНК”-РО БАРҲАМ ДОД

Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 21 май иҷозатномаҳои ду бонки буҳронзадаи “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”–ро бозхонд ва гуфт, аз ин ба баъд фаъолияти ин ду ниҳоди молиявро мудирони махсусе, ки Бонки миллӣ таъйин мекунад, пеш хоҳанд бурд. Бонки миллии Тоҷикистон 4 сол пеш ду бонки буҳронзадаи “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк”-ро низ барҳам дода буд, вале ҳукумати Тоҷикистон барои наҷоти ду бонки дигари  гирифтори буҳрон – “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” – 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо кард, ки бо қурби он замон қариб ним миллиард долларро ташкил медод ва бузургтарин кумаки давлат ба муассисаҳои буҳронзада дар таърихи навини Тоҷикистон шумурда мешуд. Вале Бонки миллӣ бо гузашти 4 сол дар ду изҳороти алоҳида бо изҳори таассуф гуфт, ки ин кумаки бузург барои наҷоти ин ду бонк фоида накард ва онҳо аз бонкҳои низомсоз ба ду ташкилоти қарзии ҳиссаашон дар низоми бонкӣ ночиз ва зиёновар табдил ёфтанд. Акнун сарнавишти пулҳои ҳудуди 6 ҳазор муштарии “Тоҷиксодиротбонк” ва тақрибан 28 ҳазор муштарии “Агроинвестбонк”–ро бояд мудирони махсус ҳал кунанд.

Бонки миллӣ дар изҳороташ дар мавриди “Тоҷиксодиротбонк” гуфт, “бо вуҷуди дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи сармоякунонии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” (с.2016) вазъи молиявии он беҳтар нагардида, устувор фаъолият намудани Бонк, мутаассифона, таъмин нагардид“ ва як силсила камбудиҳое, ки табибати системавӣ гирифтанд, аз ҷумла “мавҷуд будани омилҳои инсонӣ дар рафти қабули қарор ва дахолат дар сохтори ташкилӣ боис гардид, ки ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” аз мавқеи бонки низомсоз ба як ташкилоти қарзии ҳиссааш дар низоми бонкӣ ночиз мубаддал гардад.”

Дар натиҷа, меафзояд Бонки миллӣ, нишондиҳандаҳои молиявии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” торафт манфӣ арзёбӣ гардида, Бонк барои давом додани фаъолияти минбаъдаи худ иқтидор, имконият ва захираҳои кофиро аз даст дод. Сифатнокии дороиҳои он тадриҷан коста гардида, қисми асосии онҳо ба фаъолияти бонкӣ мансуб набуда, корҳо дар самти фурӯши гаравҳо ва тариқи пулӣ баргардонидани қарзҳо дар сатҳи паст қарор дошта, меъёрҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон тайи чанд соли охир риоя намегарданд.

Бонки миллӣ  дар мавриди сарнавишти пулҳои муштариёни бонк гуфт, “тибқи раванди муайяншуда баробари бозхонди иҷозатнома, аз шумораи умумии пасандоздорони суғурташудаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” 64 фоизи пасандоздорон, яъне 3,5 ҳаз. нафар пурра аз ҳисоби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҷуброн карда шуда, 36 фоизи дигарашон, яъне 2 ҳаз. нафар аз ҳисоби Хазина қисман ҷуброн карда мешаванд. Қисми боқимондаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҳисоби ба фурӯш баровардани дороиҳои худи бонк аз ҷониби мудири махсус тибқи тартиби муқарраршуда ба мизоҷон пардохт карда мешаванд.”

Бонки миллӣ ҳамин тавр, дар як изҳороти алоҳида дар мавриди қатъи фаъолияти “Агроинвестбонк” бо изҳори таассуф гуфт, “бо вуҷуди дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи таҷдиди сохтор, ивази роҳбарият ва сармоякунонии пайдарпайи мустақим ва ғайримустақим ба ҶСК “Агроинвестбонк” солҳои 1992, 2003, 2010, 2012, 2016 вазъи молиявии он беҳтар нагардида, устувор фаъолият намудани Бонк, мутаассифона, таъмин нагардид.”

Ба ақидаи Бонки миллӣ, мушкилоти “Агроинвестбонк” низ табиати системавӣ гирифта,  омилҳое, чун “дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани салоҳияти касбии шахсони роҳбарикунанда ва роҳандозӣ нашудани принсипҳои муосири менеҷментӣ … мавҷуд будани омилҳои инсонӣ дар рафти қабули қарор ва дахолат дар сохтори ташкилӣ боис гардид, ки ҶСК “Агроинвестбонк” аз мавқеи бонки низомсоз ба як ташкилоти қарзии ҳиссааш дар низоми бонкӣ ночиз мубаддал гардад.”  Дар натиҷа, афзуд Бонки миллӣ, нишондиҳандаҳои молиявии ҶСК “Агроинвестбонк” низ торафт манфӣ шуда, ин бонк барои давом додани фаъолияти минбаъдаи худ иқтидор, имконият ва захираҳои кофиро аз даст дод. Сифатнокии дороиҳои он тадриҷан коста гардида, қисми асосии онҳо ба фаъолияти бонкӣ мансуб

Бонки миллӣ гуфт, пули 86 фоизи пасандоздорони “Агроинвестбонк”, яъне 23,7 ҳаз. нафар пурра аз ҳисоби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҷуброн карда шуда, 14 фоизи дигар пасандоздорон, яъне 4 ҳаз. нафар аз ҳисоби Хазина қисман ҷуброн карда мешаванд. Маблағҳои боқимондаи муштариёнро бояд мудири махсус аз ҳисоби фурӯши дороиҳои бонк пардохт кунад.

Дар бораи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”

21.05.2021

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 21 майи соли 2021, таҳти №89 иҷозатномаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” бозхонд карда шуд.

Тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон гузаронидани ҳамаи амалиётҳои хароҷоти нақдӣ ва ғайринақдӣ, интиқоли маблағҳо аз як суратҳисоб ба суратҳисоби дигар, интиқол ва бегонакунии дороӣ ва молу мулки дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” мавҷудбуда, то таъин шудани мудири махсус манъ гардид.

Бо вуҷуди дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи сармоякунонии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” (с.2016) вазъи молиявии он беҳтар нагардида, устувор фаъолият намудани Бонк, мутаассифона, таъмин нагардид.

Фаъолияти молиявии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” вобаста ба пайдарпай такрор гардидани норасоиву камбудиҳо ва саривақт пешгирӣ накардани онҳо характери системавӣ гирифта,  низоми номукаммали идоракунии корпоративӣ, дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани салоҳияти касбии шахсони роҳбарикунанда ва роҳандозӣ нашудани принсипҳои муосири менеҷментӣ, дуруст роҳандозӣ нашудани низоми назорати хавфҳо, комплаенс ва аудити дохилӣ, риоя нагардидани принсипи баҳогузорӣ ва пешниҳоди раванди қарздиҳӣ ва бизнес-протсессҳо, фаъолияти номукаммали кумитаҳо, аз ҷумла кумитаи аудит, кумитаи идоракунии хавфҳо, кумитаи идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳо, кумитаи қарздиҳӣ ва ғайраҳо, мавҷуд будани омилҳои инсонӣ дар рафти қабули қарор ва дахолат дар сохтори ташкилӣ боис гардид, ки ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” аз мавқеи бонки низомсоз ба як ташкилоти қарзии ҳиссааш дар низоми бонкӣ ночиз мубаддал гардад.

Бинобар сабабҳои овардашуда нишондиҳандаҳои молиявии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” торафт манфӣ арзёбӣ гардида, Бонк барои давом додани фаъолияти минбаъдаи худ иқтидор, имконият ва захираҳои кофиро аз даст дод. Сифатнокии дороиҳои он тадриҷан коста гардида, қисми асосии онҳо ба фаъолияти бонкӣ мансуб набуда, корҳо дар самти фурӯши гаравҳо ва тариқи пулӣ баргардонидани қарзҳо дар сатҳи паст қарор дошта, меъёрҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон тайи чанд соли охир риоя намегарданд.

Дар баробари ин, зиёдшавии арзу шикоятҳо ба коста гардидани эътимоду боварии аҳолӣ ба ин Бонк ва дар умум ба низоми бонкӣ сабаб шуда истодааст.

Бо назардошти ин омилҳо ва ғайри қобили пардохт гаштани ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи бозхонди иҷозатномаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” қарори дахлдор қабул кард.

Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо қарори суд мудири махсус таъин мегардад ва аз лаҳзаи таъин шудани мудири махсус, ваколатҳои мақомоти идораи ташкилоти қарзӣ (маҷлиси умумии саҳмиядорон, шӯрои нозирон, раёсат, раис) қатъ гардида, ба мудири махсус мегузаранд ва ӯ ягона намояндаи қонунии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ба ҳисоб меравад.

Мудири махсус дар доираи салоҳияти ихтисосии худ ба манфиати амонатдорону қарздеҳон ситонидан ва бегона кардани (фурӯхтани) дороиҳои Бонк ва тақсими маблағҳоро бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур мусоидат менамояд.

Тибқи раванди муайяншуда баробари бозхонди иҷозатнома, аз шумораи умумии пасандоздорони суғурташудаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” 64 фоизи пасандоздорон, яъне 3,5 ҳаз. нафар пурра аз ҳисоби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҷуброн карда шуда, 36 фоизи дигарашон, яъне 2 ҳаз. нафар аз ҳисоби Хазина қисман ҷуброн карда мешаванд. Қисми боқимондаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҳисоби ба фурӯш баровардани дороиҳои худи бонк аз ҷониби мудири махсус тибқи тартиби муқарраршуда ба мизоҷон пардохт карда мешаванд.

Шуъбаи матбуот

Дар бораи ҶСК “Агроинвестбонк”

21.05.2021

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 21 майи соли 2021, таҳти №88 иҷозатномаи ҶСК “Агроинвестбонк” бозхонд карда шуд.

Тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон гузаронидани ҳамаи амалиётҳои хароҷоти нақдӣ ва ғайринақдӣ, интиқоли маблағҳо аз як суратҳисоб ба суратҳисоби дигар, интиқол ва бегонакунии дороӣ ва молу мулки дар ҶСК “Агроинвестбонк” мавҷудбуда, то таъин шудани мудири махсус манъ гардид.

Бо вуҷуди дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи таҷдиди сохтор, ивази роҳбарият ва сармоякунонии пайдарпайи мустақим ва ғайримустақим ба ҶСК “Агроинвестбонк” солҳои 1992, 2003, 2010, 2012, 2016 вазъи молиявии он беҳтар нагардида, устувор фаъолият намудани Бонк, мутаассифона, таъмин нагардид.

Фаъолияти молиявии ҶСК “Агроинвестбонк” вобаста ба пайдарпай такрор гардидани норасоиву камбудиҳо ва саривақт пешгирӣ накардани онҳо характери системавӣ гирифта,  низоми номукаммали идоракунии корпоративӣ, дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани салоҳияти касбии шахсони роҳбарикунанда ва роҳандозӣ нашудани принсипҳои муосири менеҷментӣ, дуруст роҳандозӣ нашудани низоми назорати хавфҳо, комплаенс ва аудити дохилӣ, риоя нагардидани принсипи баҳогузорӣ ва пешниҳоди раванди қарздиҳӣ ва бизнес-протсессҳо, фаъолияти номукаммали кумитаҳо, аз ҷумла кумитаи аудит ва хавфҳо, кумитаи идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳо, кумитаи қарздиҳӣ ва ғайраҳо, мавҷуд будани омилҳои инсонӣ дар рафти қабули қарор ва дахолат дар сохтори ташкилӣ боис гардид, ки ҶСК “Агроинвестбонк” аз мавқеи бонки низомсоз ба як ташкилоти қарзии ҳиссааш дар низоми бонкӣ ночиз мубаддал гардад.

Бинобар сабабҳои овардашуда нишондиҳандаҳои молиявии ҶСК “Агроинвестбонк” торафт манфӣ арзёбӣ гардида, Бонк барои давом додани фаъолияти минбаъдаи худ иқтидор, имконият ва захираҳои кофиро аз даст дод. Сифатнокии дороиҳои он тадриҷан коста гардида, қисми асосии онҳо ба фаъолияти бонкӣ мансуб набуда, корҳо дар самти фурӯши гаравҳо ва тариқи пулӣ баргардонидани қарзҳо дар сатҳи паст қарор дошта, меъёрҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон тайи чанд соли охир риоя намегарданд.

Дар баробари ин, зиёдшавии арзу шикоятҳо ба коста гардидани эътимоду боварии аҳолӣ ба ин Бонк ва дар умум ба низоми бонкӣ сабаб шуда истодааст.

Бо назардошти ин омилҳо ва ғайри қобили пардохт гаштани ҶСК “Агроинвестбонк”, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи бозхонди иҷозатномаи ҶСК “Агроинвестбонк” қарори дахлдор қабул кард.

Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо қарори суд мудири махсус таъин мегардад ва аз лаҳзаи таъин шудани мудири махсус, ваколатҳои мақомоти идораи ташкилоти қарзӣ (маҷлиси умумии саҳмиядорон, шӯрои нозирон, раёсат, раис) қатъ гардида, ба мудири махсус мегузаранд ва ӯ ягона намояндаи қонунии ҶСК “Агроинвестбонк” ба ҳисоб меравад.

Мудири махсус дар доираи салоҳияти ихтисосии худ ба манфиати амонатдорону қарздеҳон ситонидан ва бегона кардани (фурӯхтани) дороиҳои Бонк ва тақсими маблағҳоро бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур мусоидат менамояд.

Тибқи раванди муайяншуда баробари бозхонди иҷозатнома, аз шумораи умумии пасандоздорони суғурташудаи ҶСК “Агроинвестбонк” 86 фоизи пасандоздорон, яъне 23,7 ҳаз. нафар пурра аз ҳисоби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҷуброн карда шуда, 14 фоизи дигар пасандоздорон, яъне 4 ҳаз. нафар аз ҳисоби Хазина қисман ҷуброн карда мешаванд. Қисми боқимондаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҳисоби ба фурӯш баровардани дороиҳои худи бонк аз ҷониби мудири махсус тибқи тартиби муқарраршуда ба мизоҷон пардохт карда мешаванд.

Шуъбаи матбуот

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button