ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷиронСиёсат

РУСИЯ РУСТАМ ЗАМОНОВРО БАРОИ “ҲАМКОРӢ БО ҲИЗБИ НАҲЗАТ” ИХРОҶ МЕКУНАД

Рӯзи 19 майи соли 2021 додгоҳи ноҳияи Калинини шаҳри Уфа, пойтахти ҷумҳурии Бошқирдистони Русия як шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистонро бар асоси қисми аввали моддаи 18.8 КоАП Русия дар вайрон кардани қоидаҳои будубош гунаҳкор кард ва ӯро 2 ҳазор рубл ҷарима баста, ҳукми ихроҷаш аз Русияро баровард.

Хадамоти матбуоти муштараки додгоҳҳои Бошқирдистон бо истинод ба иттилоияи раёсати ФСБ ин ҷумҳурӣ хабар дод, ки мақомоти амниятӣ ин марди тоҷикро ба даст доштан ба расондани кумак ба ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) айбдор мекунанд. ҲНИТ як ташаккули мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон аст, ки фаъолияташ дар он кишвар манъ шуда, ба рӯйхати сиёҳи созмонҳои террористиву ифротӣ шомил карда шудааст.

Ҳукми додгоҳи Бошқирдистон ҳанӯз ба иҷро надаромадааст.

Тафсилоти дигари ин парванда дастрас нест. Мақомоти Бошқирдистон исми муҳоҷири тоҷикеро, ки ба ҳамкорӣ бо ҲНИТ айбдор мешавад, нашр накарданд, вале нашрияи русии “Коммерсант” аз манобеи худ маълум кардааст, ки ӯ Рустам Замонов ном дорад.

Дар шабакаи “ВКонтакте” дар бораи як Рустам Замонов аз Уфа маълумот ба даст омад, вале ӯ бори аввалу охир соли 2015 ба ин шабака даромада, танҳо фаъолияте, ки кардааст, гузоштани як акс буд, ки ин аксро дар боло мебинед.

Намояндагони ҲНИТ мегӯянд, дар бораи Рустам Замонов ва фаъолиятҳояш барои ин ҳизб чизе намедонанд.

Бобоҷон Қаюмзод, сухангӯи ҲНИТ рӯзи 21 май ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар ин робита гуфт: “Аслан Рустам Замонов ба ҲНИТ рабте надорад ва касе ӯро намешиносад дар ҳизб. Аммо инҷо масъала боз ба он хотир аҷиб аст, ки дар ягон санади расмии кишвари Русия ҲНИТ ҳамчун гуруҳи террористиву экстремистӣ қайд нашудааст. Аз тарафи дигар ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки ба хотири истирдоди як мухолиф ба ӯ метавонанд ҳар иттиҳомеро бор кунанд. Ин хабар нукоти норӯшани зиёд дорад.”

Баъди он ки фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон дар соли 2015 манъ шуд, роҳбарони ҳизб изҳор доштанд, ки ба хотири амнияти аъзо ва тарафдоронашон тамоми фаъолиятҳояшонро дар дохили Тоҷикистон ва кишварҳои СНГ, ки бо Душанбе қарордод дар бораи супурдани афроди таҳти ҷустуҷӯро доранд, қатъ мекунанд. Бо ин вуҷуд, дар солҳои охир даҳҳо нафар аз тарафдорони ҲНИТ ва дигар гуруҳҳои оппозитсияи тоҷик дар кишварҳои СНГ, бештар аз ҳама, дар Русия дастгир ва ба Тоҷикистон супурда шуданд.

Дар ҳафтаи ҷорӣ ин нахустин мавриди ихроҷи тарафдорони оппозитсияи тоҷик аз Русия нест.

Дар аввали ҳафта хадамоти матбуоти ФСБ ҷумҳури Саха (Ёқутистон)-и Русия хабар дод, ки як марди 47сола аз Тоҷикистон аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда шуда, ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. «Шаҳрванд Р. ба Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда шуда, аз ҳаққи вуруд ба Русия ба муҳлати 30 сол, яъне до 31 майи соли 2051 маҳрум карда шуд “, –  гуфта мешуд дар иттилоияи расмӣ.

Мақомоти амниятии Ёқутистон гуфтанд, ки Р., с.т. 1974, ҳангоми ариза додан барои гирифтани шаҳрвандии Русия ба мақомоти муҳоҷират дар бораи худ маълумоти бардурӯғ додааст.

Ӯро аз ҷумла ба он гунаҳкор мекунанд, ки иштирок доштанаш дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз ҷониби мухолифини исломиро пинҳон доштааст.

“Гуруҳи мусаллаҳро як хешованди ӯ, ки созмони террористӣ ташкил карда буд, роҳбарӣ мекард. Бо мақсади пинҳон доштани шахсияти худ, ҳамчунин аз тарси кашида шудан ба ҷаовбгарии ҷиноятӣ дар Тоҷикистон, Р. дар ивази пул ному насаби худро дар шиносномаи миллиаш иваз кардааст “, – гуфта мешавад дар иттилоияи ФСБ.

Аммо шахсияти Р. ва ҳамчунин шахсияти он фармондеҳи нирӯҳои мухолифини тоҷик, ки Р. гӯё таҳти фармони ӯ меҷангид, ошкор карда нашудааст.

Дар моҳи апрели соли 2021 ин размандаи собиқи Иттиҳоди мухолифини тоҷикро бар асоси қарори ВКД Ёқутистон боздошт ва дар боздоштгоҳи муваққати муҳоҷирони хориҷӣ ҷо кардаанд. Баъди лағви шаҳрвандии Русияаш, Р. аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шудааст.

Дар бораи сарнавишти ӯ баъди ихроҷаш ба Тоҷикистон маълумоте дар даст нест. 

Рӯзи 18 май ҳаракати сиёсии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” низ хабар дод, ки намояндаи “Гуруҳи 24” дар Русия Раҳматҷони Маҳмадҷон рӯзи 18 май дар шаҳри Маскав аз хона баромада, бедарак шудааст. Ҳамсафонаш мегӯянд, телефони Раҳматҷони Маҳмадҷон хомӯш буда, ӯ тавассути месенҷерҳо ва шабакаҳои интернетӣ низ посух намедиҳад ва онҳо тарс доранд, ки мабодо ӯро ҳам мисли бархе дигарон аз фаъолони ин созмон ба Тоҷикистон бурда бошанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button