ВидеоИқтисодМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

РУСИЯ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕКРО БО КОРГАРОН АЗ БЕЛАРУС ИВАЗ КАРДАН МЕХОҲАД?

Ҳукумати Русия барои ҳалли мушкили камбуди нирӯи корӣ дар соҳаи сохтмон, аз ҷумла дар лоиҳаҳои калидие, ба мисли марказҳои театриву фарҳангӣ дар Владивосток ва Калининград,  космодроми “Восточный” ва лоиҳаҳои дигар коргарон аз Беларусро ҷалб кунад. Ин масъала рӯзи 20 май дар мулоқоти муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснуллин бо муовини сарвазири Беларус Анатолий Сивак баррасӣ шудааст. Матбуоти Русия менависад, зоҳиран мақомоти Русия билохира ёфтанд, ки муҳоҷирони тоҷику ӯзбекро бо кӣ иваз кунанд?

Сомонаи расмии ҳукумати Русия хабар дод, ки рӯзи 20 май дар Маскав мулоқоти кории муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснуллин муовини сарвазири Беларус Анатолий Сивак доир шуд. Дар ин мулоқот ҳамчунин вазири сохтмон ва ЖКХ Русия Ирек Файзуллин, муовини аввали вазири меъморӣ ва сохтмони Беларус Игор Костюков ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштаанд.

Дар иттилоияи расмӣ гуфта мешавад, ки “дар оғози ҷаласа Марат Ҳуснуллин таъкид кард, ки имрӯз дар Русия мушкили камбуди нирӯи корӣ дар соҳаи сохтмон пайдо шудааст ва масъалаи ҷалби нирӯи корӣ ба амалӣ сохтани лоиҳаҳои калидие, ба мисли марказҳои театриву фарҳангӣ дар Владивосток ва Калининград,  космодроми “Восточный” ва лоиҳаҳои дигар як масъалаи доғ ба шумор меравад. Анатолий Сивак ба навбати худ манфиатдории ҷониби Беларус ба ҳамкорӣ дар ин масъаларо баён дошт. Ҷонибҳо тавофуқ карданд, ки дар муддати кӯтоҳтарин масъалаи хароҷоти ҷалби мутахассисони Беларусро ҳаллу фасл кунанд.”

Ёдовар мешавем, Русия моҳи марти соли 2020 марзҳояшро ба далели пандемияи коронавирус баст ва ин боиси камбуди шадиди нирӯи корӣ дар бисёре аз соҳоти аз нирӯи кори муҳоҷирон вобастаи иқтисоди ин кишвар, бахусус дар соҳаи сохтмон шудааст.

Президенти Русия Владимир Путин низ рӯзи 8 май дар мулоқоташ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки Русия дучори камбуди нирӯи корӣ шудааст ва ба муҳоҷирони корӣ эҳтиёҷ дорад.

Ахиран Александр Калашников, раҳбари Хадамоти федералии иҷрои ҷазо (ФСИН), ки умури зиндонҳои Русияро дар ихтиёр дорад, хостори  истифодаи нирӯи кори маҳбусон дар корҳое шуд, ки қаблан муҳоҷирони корӣ истифода мешуданд.

 «Ахиран Владимир Владимирович (Путин)  бо роҳбарони минтақаҳои Осиёи миёна – Ӯзбекистону Тоҷикистон мулоқот дошт… Сухан дар бораи ба роҳ мондани маҷрои муҳоҷирати корӣ ба иншооте мерафт, ки ба камбуди нирӯи корӣ дучор шудаанд. Вале мо дар воқеъ метавонем нирӯи корӣ пешниҳод кунем … Ин  ГУЛАГ намешавад, албатта, ин бо шароити комилан наву шоиста ба роҳ монда мешавад. Чунки ин одамон дар хобгоҳ кор мекунанд ваё хона иҷора мегиранд ваё корфармо барояшон шароити зиндагӣ бо аҳли оилаашонро фароҳам меорад. Ва онҳо маоши шоиста хоҳанд гирифт», – гуфтааст Калашников дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози ваколатдорони ҳуқуқи инсон дар шаҳри Красноярск.

Ба гуфтаи Калашников, агар дар Русия дар соли 2010 беш аз 860 ҳазор маҳбус адои ҳукм мекард, то соли 2021 шумори маҳбусон дар ин кишвар то ба ҳадди 483 ҳазор нафар пойин фаромадааст. Аз ин шумор 188 ҳазор нафараш, ба гуфтаи роҳбари ФСИН, ҳақ доранд, ки ариза дода, иваз кардани навъи ҷазояшон аз маҳбас ба корҳои ислоҳиро дархост кунанд.

Масъалаи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия вақтҳои охир доғтар шуда истодааст.

Моҳи апрел муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой аз кишварҳои СНГ даъват кард, ки то 15 июн муҳоҷирони ғайриқонуниашонро аз Русия берун бикашанд, вагарна Русия маҷбур мешавад, ки даст ба чораҳои ҷавобӣ зада, ҳатто марзҳояшро бубандад.

Бино ба омори ВКД Русия, дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ин кишвар беш аз як миллион аз  шаҳрвандони кишварҳои СНГ ғайриқонунӣ қарор доранд. Аз ҷумла 332 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон, 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, 152 ҳазор шаҳрванди Украина, 120 ҳазор аз Озарбойҷон, 115 ҳазор нафар аз Қирғизистон, 61 ҳазор шаҳрванди Арманистон ва 49 ҳазор нафар аз Қазоқистон. Вале мақомоти Тоҷикистон ин арқом дар бораи шумори муҳоҷирони тоҷики ғайриқонунӣ дар қаламрави Русияро аз будаш зиёд мешуморанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button