ВидеоСиёсатТоҷикистон

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҶАВОНОНИ ТОҶИК: ҲЕҶ ГОҲ ИМОНИ ХУДРО НАФУРӮШЕД, БА ВАТАН ХИЁНАТ НАКУНЕД!

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 май дар мулоқот бо намояндагони ҷавонони кишвар хитоб ба онҳо гуфт, ки ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳушёр бошанд.

“Шумо, фарзандони азиз, ҳеҷ гоҳ виҷдону имони худро нафурӯшед, ба Ватани маҳбубамон, миллати бостониамон ва давлати соҳибихтиёрамон ҳаргиз хиёнат накунед. Фаромӯш накунед, ки мардум хиёнат ва хиёнаткорро ба ҳеҷ ваҷҳ намебахшанд”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон хитоб ба аҳли толор.

Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори нигаронӣ аз сӯиистифодаи фаровони гуруҳҳои террористиву ифротӣ аз фанновариҳои навин ва бахусус имконоти Интернет гуфт, “солҳои охир 70 фоизи шахсони ба сафи ҷангиёни кишварҳои дигар, аз ҷумла Сурияву Ироқ шомилшуда аз байни муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷалб ва истихдом гардидаанд.”

Бино ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, дар вақтҳои охир нисбат ба 1660 нафар шаҳрвандони то 30 – сола, ки 41 нафари онҳо ноболиғ мебошанд, барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди кишварҳои хориҷӣ парвандаҳои ҷиноятӣ кушодаанд.

Президенти Тоҷикистон  дар суханрониаш афзуд, “бо таъсири шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ баъзе аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳи мо ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат мекунанд, ба обрӯи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ иснод меоваранд, падару модарон ва наздиконашонро дар байни ҷомеа шармсор месозанд.Бахусус, дар шароити имрӯза, ки талоши тамоми қувваҳои иртиҷоиву ифротӣ барои таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ равона шудааст, ҷавонони мо бояд бисёр ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунанд.”

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳоло дар кишвар  дар 17 донишгоҳ, 14 донишкада, 3 филиали мактабҳои олии Русия, як академия, Консерваторияи миллӣ, 4 муассисаи таълими мақомоти қудратӣ ва филиали Донишгоҳи технологӣ дар Исфара дар маҷмӯъ 245 ҳазор донишҷӯ, аз ҷумла 7 ҳазор нафар бо квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, 40 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар мактабҳои олии хориҷӣ таҳсил мекунанд. Ӯ аз он изҳори хушнудӣ кард, ки донишҷӯёни тоҷик дар соли 2019 дар олимпиадаҳои байналмилалӣ сазовори 251 медал, аз ҷумла 67 тилло, 66 нуқра ва 118 биринҷӣ гардидаанд.

Президенти Тоҷикистон гуфт, ҳадаф аз ин ҳама ин аст, ки “насли оянда, яъне фарзандони мо бесавод намонанд.” Зеро,  афзуд ӯ, “яке аз сабабҳои асосии майл пайдо кардани одамон ба хурофот, ифротгароӣ ва радикализми динӣ маҳз бесаводист.”

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ин зуҳуроти номатлуб ва хатарнок тафаккури мардум, хусусан, наврасону ҷавонони камтаҷрибаро заҳролуд карда, онҳоро ба ҷаҳолат мебаранд, зиндагии ҷомеаро тираву торик месозанд ва боиси қафомонии давлат аз роҳи пешрафт мегарданд.

“Хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон ғайр аз бадбахтӣ чизи дигаре дода наметавонад”,  – таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон ва аз ҷавонон хост, ки ба ҷои ин ҳама бояд ба омӯзиши илмҳои муосир таваҷҷуҳ нишон диҳанд: “Имрӯз бисёр кишварҳо техникаву технологияҳоро аз давлатҳои аз лиҳози илму техника пешрафта харидорӣ мекунанд, аз ҷумла мо ҳам. Барои чӣ мо наметавонем, ки иқтидори зеҳнии худро ба кор андохта, техникаву технологияҳои заруриро эҷод ва истеҳсол кунем, то ин ки дастнигари дигарон набошем?Барои ин илму дониш ва саводу маърифати мардум, махсусан, наврасону ҷавононро баланд бардоштан зарур аст. Таъкид месозам, ки бо хурофот касе ба ҷое намерасад.”

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар соли 2020 ҷавонон 4900 ҷиноят ва ноболиғон 754 ҷиноят содир кардаанд, ки ин арқом ташвишовар аст. Ӯ таъкид кард, ки дар аксар ҳолат ҷавонони бекор даст ба ҷиноят задаанд.

Мояи дигари нигаронии президент пош хӯрдани оилаҳои ҷавон буд. Ӯ гуфт, дар 3 солу 4 моҳи охир дар Тоҷикистон 252 ҳазор ақди никоҳ сабт шудааст, вале аз ин шумор 38 ҳазору 500 оилаи ҷавон пош хӯрдаанд, ки ин ба гуфтаи президент, “ниҳоят ташвишовар мебошад.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button