ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

ФАРМОН БА ШИРКАТҲО: НАРХИ ПАРВОЗ БА РУСИЯ АЗ 500 ДОЛЛАР НАБОЯД БАЛАНД БОШАД!

Икром Субҳонзода, раҳбари Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон рӯзи 21 май ба Радиои Озодӣ гуфт, се ширкати ҳавопаймоии Русия: “Сибир”, “Уралские авиалинии” ва “Ямал” розӣ шудаанд, ки сар аз 22 май нархи чиптаҳои парвозашон аз Тоҷикистон ба Русияро аз 500 доллар болотар нафурӯшанд. 

Як моҳ боз байни Агентии авиатсияи гражданӣ ва 4 ширкати Русия бар сари нархи парвозҳо ихтилоф идома дошт ва Агентӣ ҳатто маҷбур шуд, ки ширкати “Северний ветер”ро ба ҳамин далел аз ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ маҳрум кунад. Ба ин ширкат иҷозат додаанд, ки танҳо он мусофиронеро, ки алакай чипта харидаанд, ба Русия бирасонад ва бо ҳамин, ба қавли маъруфи тоҷикӣ, бору бӯғчаашро ҷамъ кунад. Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба сабаби баланд нигоҳ доштани нархҳояшон ширкати “Сибир”ро ҳам чанд рӯз аз ҳаққи парвоз маҳрум кард ва ба “Уралские авиалинии” ва “Ямал” ҳам ҳушдор дода буд, ки мувозеҳи нархҳояшон бошанд.

Икром Субҳонзода дар суҳбаташ бо Озодӣ гуфт, алакай аз 22 май бояд нархи парвоз то Русия аз 500 доллар боло набошад.

“Дар сурати мушоҳида намудани ҳолатҳои аз ҷониби нуқтаҳои чиптафурӯшӣ беасос боло бурдани нархи чиптаи ҳавопаймоӣ аз нархи муқарраргардида, шаҳрвандон метавонанд ба рақамҳои боварии 236 53 34 занг зананд.  Мусофирон ҳангоми харидани чипта бояд расид талаб кунанд ва бе пешниҳоди расид, чипта нахаранд”,  гуфт Субҳонзода.

Русия аз 1 апрел ба анҷоми парвозҳо аз Тоҷикистон иҷозат дод. Баъди ин даҳҳо ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки як сол боз ба сабаби пандемияи коронавирус барои мардикорӣ ба Русия рафта наметавонистанд, ба кассаҳои фурӯши чиптаҳои парвоз фурӯ рехтанд. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо сӯиистифода аз фурсат нархҳоро чанд маротиба бардоштанд.

Дар натиҷа нархи парвоз аз Тоҷикистон ба Русия то ба 17 ҳазор сомонӣ (!!!) барои як тараф хест. Ин норозигии сахти мардумро ба бор овард ва Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон рӯзи 22 апрел намояндагони ҳамаи 4 ширкати ҳавопаймоии Русияро, ки ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русияро доштанд, даъват кард ва ба онҳо ду рӯз фурсат додаанд, ки нархҳоро поён баранд, вагарна аз ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон маҳрум карда хоҳанд шуд.

Ширкатҳо ин шартро пазируфтанд, вале баъди чанде нархҳо аз нав ба парвоз даромаданд.

Аксари онҳое ки ба Русия мераванд, муҳоҷирони корианд, ки Русия манбаи асосии таъмини зиндагии оилаҳояшон  аст. Соли 2020, ки Русия ба далели коронавирус марзҳояшро баст, интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон қариб 800 миллион доллар коҳиш ёфт ва ба сатҳи некӯаҳволии аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон, ки пойбанди пулҳои фиристодаи азизони муҳоҷирашонанд, таъсири манфӣ расонд.

Боз шудани марзи Русия роҳи садҳо ҳазор талабгори муҳоҷират ба Русияро гӯё кушод, вале нархи баланди чиптаҳо бахши аъзами онҳоро аз лиҳози молиявӣ аз имкони ҳатто ба мардикорӣ рафтан маҳрум кардааст. “Ҳоло камбағал дигар ҳатто ба мардикорӣ ҳам рафта наметавонад”, – мегӯянд  бо алам бисёрии онҳое, ки азми ба муҳоҷират рафтан доранд, вале қуввати иқтисодиашон барои харидани чипта бо ин нархҳои сарбафалак намерасад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button