ВидеоТаърихТоҷикистон

БОЗДОШТИ ЯК “БОЕВИК”-И СОБИҚ БАРОИ ҚАТЛИ 4 САРБОЗИ СӮҲРОБ ВА ЯК КОРМАНДИ МИЛИСА ДАР СОЛҲОИ ҶАНГ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки кормандони милитсия як марди 50-солаи сокини ҷамоати Деҳмалики ноҳияи Варзобро бо иттиҳоми даст доштан дар 5 куштори солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дастгир кардаанд.

Ба гуфтаи тафтишот, “номбурда, рӯзи 13-уми майи соли 1995 дар дидбонгоҳи деҳаи Чорсадаи ноҳияи Нуробод бо пулемёти тамғаи “Калашников” чор сарбози қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як нафар корманди ШВКД дар ноҳияи Нурободро ба қатл расонидааст.”
Нисбат ба марди дастгиршуда бар асоси қисми якуми моддаи 104 КҶ ҶТ бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд ва тафтишот идома дорад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун барои одамкушӣ аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале агар иттиҳоми зидди ӯ ба куштори беш аз ду нафар иваз шавад, ба вай аз 15 то 25 соли зиндон ваё ҳабси умрбод таҳдид хоҳад кард.

Тафсилоти дигари парванда нашр нашудааст.

Вале зоҳиран сухан дар бораи боздошти “боевик”-и собиқи оппозитсия меравад, чунки дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳудуди ноҳияи Нуробод гуруҳи Мулло Абдулло Раҳимов амал мекард. Яке аз амалиётҳои бузурги ин гуруҳ шабехун ба корвони нирғҳои ҳукуматӣ дар моҳи майи соли 1995 дар Чорсада буд, ки дар натиҷаи он чанд нафар аз нирӯҳои ҳукуматӣ кушта шуданд.

Худи Мулло Абдулло соли 2000 дар пайи саркӯби гуруҳаш дар натиҷаи як амалиёти вижа тарки Тоҷикистон кард ва ба Афғонистон паноҳ бурд. Ӯ соли 2010 ба водии Рашт баргашт ва ҳамроҳи Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, ошӯби нави мусаллаҳонаро ба роҳ андохт. Амалиёти зидди онҳо қариб 8 моҳ давом кард. Алии Бедакӣ дар рӯзҳои аввали соли 2011 ва Мулло Абдулло моҳи апрели соли 2011 кушта шуданд.

Мулло Абдулло ва Алӣ Бедакӣ

Аз навори хабарҳои рӯзи 21 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти одамкушии қаблан содиршуда

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия боз як ҷинояти солҳои пеш содир шуда ошкор гардида, марди 50-солаи сокини ҷамоати деҳоти Деҳмалики ноҳияи Варзоб, бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 13-уми майи соли 1995 ҳангоми дар дидбонгоҳи деҳаи Чорсадаи ноҳияи Нуробод қарор доштанаш бо истифода аз пулемёти тамғаи “Калашников” чор нафар хизматчиёни ҳарбӣ, сарбозони қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як нафар корманди ШВКД дар ноҳияи Нурободро ба қатл расонидааст.
Оид ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани ҷавонзани 19-сола бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳраки Ғафурови ноҳияи Б.Ғафуров, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 10-уми апрели соли 2021, тахминан соати 10:00, ҳангоми дар ҳудуди бозори марказии шаҳри Истаравшан қарор доштанаш, аз зани 67-солаи сокини шаҳри мазкур 1-адад ҳамёни занона, ки дар дохилаш 500 сомонӣ ва 1-адад гарданбанди тиллоӣ будааст, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 3 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button