ВидеоДин ва боварҳоҶомеа

15 СОЛ ЗИНДОНИ БАХТИЁР БАРОИ 300 ҲАЗОР РУБЛ КУМАКАШ БА ЯК ГУРУҲИ ТЕРРОРИСТӢ

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 6 май Исмоилов Бахтиёр Исломиддиновичро бо  ҷурми интиқоли беш аз 300 ҳазор рубл ба аъзои созмони террористӣ ба 15 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард. Додгоҳ Исмоиловро бар асоси қисми дуюми моддаи 179 (терроризм бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон) ва 187, қисми 2 (ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ) гунаҳкор шинохтааст.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 21 май дар шарҳи ин парванда гуфт, “дар рафти тафтишоти пешакӣ  ва баррасии судӣ муайян шудааст, ки Исмоилов Б.И., дидаю дониста, ки иштирок дар фаъолияти ин ташкилот ҷиноят эътироф гардида, фаъолияти он бо ҳалномаи Суди Олӣ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф ва манъ гардидааст, бо мақсади нишон додани садоқати худ дар шабакаи иҷтимоии интернетии «Ватсап» бо номҳои мустаори «Бахтияр Исмаилов», «islomiddin ibragimovich» ва ғайра худашро ба қайд гирифта, тавассути шабакаҳои интернетии дар болозикршуда аз Идихони Рустам ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани амалҳои террористи дар қаламрави Федератсияи Россия тавсияҳо гирифта, ба воситаи корти «Сбербонк»-и Федератсияи Россия ба суратҳисоби аъзоёни ташкилоти мазкур дар давраҳои гуногун аз соли 2015 то соли 2021 маблағи зиёда аз 300.000 рубли Федератсияи Россияро гузаронидааст.”

Исми созмоне, ки Исмоилов барояш 300 ҳазор рубл кумак гузарондааст, дар гузориш зикр нашудааст, вале зоҳиран сухан дар бораи ДОИШ меравад.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 21 май дар суханрониаш дар мулоқот бо намояндагони ҷавонон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки вақтҳои охир дар кишвар нисбат ба 1660 нафар шаҳрвандони то 30 – сола, ки 41 нафари онҳо ноболиғ мебошанд, барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди кишварҳои хориҷӣ парвандаҳои ҷиноятӣ кушодаанд. Ӯ ҳамчунин гуфт, гуфт, “70 фоизи шахсони ба сафи ҷангиёни кишварҳои дигар, аз ҷумла Сурияву Ироқ шомилшуда аз байни муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷалб ва истихдом гардидаанд.”

Ба ҳисоби мақомоти Тоҷикистон, дар умум беш аз 2 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба доми мубаллиғони гуруҳҳои ба ном “ҷиҳодӣ” афтода, бархеаш ҳатто бо занону кӯдакони худ, ба қавле “хонахез” ба Сурияву Ироқ, ду кишвари ҷангзадаи  Ховари Миёна рафтаанд ва ба саффи созмонҳои террористие, чун ДОИШ пайвастаанд.Машҳуртарини онҳо полковник Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи ОМОН ВКД Тоҷикистон буд, ки дар Ховари Миёна то ба мақоми “вазири ҷанг” дар ба ном “ҳукумати ДОИШ” расид.

 Ба ҳисоби мақомоти тоҷик, беш аз 500 нафар аз ҷангиёни тоҷик дар Сурияву Ироқ кушта шуда, ҳоло 500 зану кӯдаки онҳо дар он ду кишвари ҷангзада дар боздошт қарор доранд. Мақомоти Тоҷикистон ҳоло талош доранд, то ин занону кӯдаконро ба Ватан баргардонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button