Агар ягон вақт дар Тоҷикистон дар фикри он шаванд, ки ягон рӯзро Рӯзи шеър эълон кунанд, интихобе муносибтар аз 20 май нест.
Ду шоири бузургтарини тоҷик – Мӯъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ дар ҳамин рӯз ба дунё омадаанд. Ду шоире, ки ба таъбири адабиётшинос Сафар Абдулло, “шеъри тоҷикро аз умумигуӣ раҳоӣ бахшиданд”. Лоиқу Қаноат буданд, ки дар баробари Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Миршакар, Бозор Собир, Гулрухсору Гулназар, Фарзонавую Сиёвуш пас аз солиёни дар ботлоқи асорати шиорҳои хушку забонзадаи идеологияи Шӯравӣ дармондани шеъри миллӣ ба мардум нишон доданд, ки шеъри асил чист?
Рӯзи 20 майи соли 2021 Лоиқ Шералӣ ба синни мубораки 80 расид. Соли оянда Мӯъмин Қаноат ба синни мубораки 90 мерасад. Албатта, агар умр вафояшон мекард. Устод Қаноат 18 майи соли 2018, дар арафаи зодрӯзаш дар синни 86 аз дори ин дунё рафт. Аҷал устод Лоиқро аз мо хеле ҷавон – дар тобистони соли 2001, дар синни ҳамагӣ 59 даррабуд.
Чанд рӯз боз дар Тоҷикистон тантанаҳои хоса ва боҳашамат ба муносибати 80-солагии Лоиқ идома доранд. Рӯзи 20 май хонандагони мактабҳо дар сари мазори шоир дар оромгоҳи Лучоб гирд омаданд ва шеърхонӣ карданд. Дар зодгоҳаш – шаҳри Панҷакент дар қасри фарҳанге, ки Кохи Лоиқ номаш кардаанд, бо иштироки тақрибан ҳама бузургони адабиёти муосири тоҷик ҷашни пуршукуҳе ба ёди ин яке аз рамзҳои асосии адабиёти тоҷики асри 20 баргузор шуд.
Умедворем, соли оянда ҷашни 90-солагии устод Мӯъмин Қаноатро ба гунае, ки шоистаи шаҳомат ва бузургии ӯст, доир хоҳанд кард. Хусусан баъди онки дар вақти зинда буданаш дар баргузории ҷашнҳои 70 ва 80-солагиаш хеле кӯтоҳӣ кардем.
Ду устоде,ки шеъри тоҷикро аз умумигӯйӣ раҳои бахшиданд.
Устод Мӯъмин Қаноъат ва устод Лоиқ касоне ҳастанд,ки бидуни тардид,шеъри тоҷикро аз ҳарзагӯйӣ ва умумигӯйӣ раҳои бахшиданд ва дубора андеша ва вежагиҳои миллӣ ва ҳувияти миллиро дар шеъри муъосир эҳё намуданд.ва зиндагӣ бахшиданд. Ин ду бузургвор барои равнақи шеър дар Тоҷикистон ва эҳёи муҳимтарин сунани адабии гузаштагонамон нақши истиснойӣ доранд. Шеъри ин ду бузургвор ҳам сарчашмаи омӯхтанӣ буд ва ҳам нерӯи ангезонанда дошт. .Ин ду бузургвор тавонистанд шеъри тоҷикро ки дар қарни бист аз моҳ ба чоҳ уфтода буд,дубора ба курсӣ биншонанд…Ин ду шоъир барои шеъри мондагор талош карданд ва шоъирона зистанд…Устод Қаноъат бештар ашъори ҳамосӣ офариданд ва достонҳои ҳамосӣ суруданд,устод Лоиқ бештар ашъори ғинойӣ мегуфтанд. Бисёре аз ашъори ин ду бузургвор ашъори МОНДАНӢ…Манзури ман аз шеъри монданӣ шеърест,ки дар ҳама ҳолат дар ғаму шодӣ ,дар ишқ ё нафрат ,дар ҳамнишинӣ ё танҳойӣ ва ғайра аз махзани ҳофизаи одамӣ битаровад ва дар дили ӯ фурӯ нишинад ва аз он ҷо ба забонаш роҳ ёбад ва лаҳзае чанд,ҳамдами вай гардад. Барои он ки шоъир ба ин поя бирасад ба қавли устод Нодири Нодирпур номаш мондагор шавад, ба се шарти зерин ниёзманд аст:
1) .Таззодеро ки миёни “зарурати таърих” ва Муқтазои замон” вуҷуд дорад бишносад ва он “зарурат” ро аз аъмоқи замири пинҳони миллаташ берун кашад ва дар шеъраш мутаҷаллӣ созад.Ин корест,ки ин ду бузургвор ба хубӣ анҷом доданд.
2).Истинботеро ки ҳамзабононаш аз мафҳуми “шеър” доранд ташхис диҳад ва бар он такя кунад. Ин ду бузургвод на танҳо ин нуктаро ба хубӣ дарк мекарданд,балки шеърашон такя ба ормонҳои миллат дошт!
3).Хислати ниҳониро ки Ҳофиз “ОН “ номида аст дар каломаш дошта бошад.
Ар девони Ҳофиз “Он” аз таъобири бисёр муҳим аст ва касоне ки ъилми назарияро ки худ фазои густурда аст мешиносанд, медонанд,ки дар байти “Аз бутон Он талаб ар ҳусншиносӣ эй дил,К ин касе гуфт ки дар ъилми назар бино буд” Он дар ин ҷо ин ҷо ва дар бисёр мавриди дигар низ ба маъонии маҷозӣ ба кор рафта ва ин ду бузургвор забони лисонулғайбро ба маъноии воқеъӣ фаро гирифта буданд ва тавонистанд “Он”ро бигӯянд,ки доноён онро дарк мекунанд. Дар шеъри ин ду бузургвор дар бисёр маврид тарозмандӣ миёнаи андеша ва ангеза вуҷуд дорад.Бузургтарин шоистагӣ ва ҳунари эшон шеърро ба зиндагӣ ва зиндагиро ба шеър пайванд додан буд. Ман ин ду танро бо тамоми вуҷуд дӯст медорам ва арҷ мегузорам ва бо эшон равобити дӯстона ва бародарона доштам ва солҳо аз сарзаминҳои ғурбати хеш дар ин рӯз ин ду бузургворро аз тариқи телефон муборак бод мегуфтам ва садои гармашонро мешунидам ва ҳама сола ин рӯзро ҷашн мегирифтам.Вале дареғо ки ҳам акнун эшон ба ҶОВИДОН пайвастанд. Худро бо он тасаллӣ медиҳам,ки шоъирони бузург танҳо зодрӯз доранд ва ҳаргиз намемиранд…Ҳамаи ҳамватанони хубамро бо ин рӯзи муборак хуҷаста бод,мегӯям !
Мӯъмин Қаноат
Мӯъмин Қаноат – шоир, ходими давлатӣ, Шоири халқии Тоҷикистон. Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1991), Дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1977), Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1980).
Устод Мӯъмин Қаноат 2 майи соли 1932 дар деҳаи Курговад дар Дарвоз дар хонаводаи кишоварз ба дунё омадааст. Таҳсилоташро дар мактаби рустояш фаро гирифта, сипас дар колхоз кор кардааст. Нахустин ашъораш дар поёни даҳаи 40-уми садаи бист дар рӯзномаи вилоятии Ғарм чоп шудаанд. Вай соли 1956 бахши забоншиносии тоҷикӣ дар донишкадаи ториху забоншиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст. Солҳо дар ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Садои Шарқ» кор карда нахуст масъули бахши назм, сипас дабири масъули маҷалла буд. Чанд замоне ҳам сарвиростории нашриёти «Ирфон»-ро бар зимма дошт. Аз соли 1961 то соли 1991 узви Иттиҳодияи нависандагони ИҶШС буд. Мудири шуъбаи назм, котиби масъули маҷаллаи «Садои Шарқ» (1956-1966), муовини раиси Садорати ИНТ (1968-1976), аз 1976 то 1991 котиби якуми Раёсати Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. Директори Институти осори хаттии АИ ҶТ (1991). Раиси Кумитаи корҳои байналхалқии Шӯрои Олии ИҶШС (1991). Замоне узви Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ (аз 1962 то оғози даҳаи 1990), узви Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон. Намояндаи халқии ИҶШС (1989-1991) иҷлосияи X-XI, котиби Раёсати Иттиҳоди нависандагони ИҶШС, раиси Кумитаи тоҷикистонии пуштибонӣ аз сулҳ, узви Кумитаи ҷоизаҳои ленинӣ ва давлатӣ дар бахши адабиёт, ҳунар ва меъморӣ, узви Кумитаи Шӯравии ҳамдилӣ бо кишварҳои Осиё ва Африқо буд. Мӯъмин Қаноат нимаи дуюми рӯзи 18 майи соли 2018 дар манзилаш дар маҳаллаи Ҳаёти нави шаҳри Душанбе вафот кард. Маросими дафни Мӯъмин Қаноат рӯзи 19 май доир гардид ва дар Лучоб ба хок супорида шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони Мӯъмин Қаноат нисбати марги ӯ изҳори таслият кардааст.
Нахустин маҷмӯаи ашъори Мӯъмин Қаноат соли 1960 бо номи «Шарора» ба табъ расида буд. Соли 1977 барои достонҳои «Сурӯши Сталинград» ва «Модарнома» ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравиро дарёфт кард. Ин достонҳо сипас чун осори сарфарозшуда ба ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ борҳо мунташир ва ба дигар забонҳо баргардон шудаанд: аз он ҷумла, ба русӣ «Голоса Сталинграда», «Советский писатель», М., 1979 ва нашриёти «Ирфон» (1979), дар Фрунзе ва Нуқусе (1980). Чопи қирғизии ин осор «Достони Оташ» ва ғазалҳои устодро низ дар бар дошт. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. То кунун беш аз 12 маҷмӯаи ашъораш нашр шудааст. Достонҳои “Сурӯши Сталинград”, “Тоҷикистон – исми ман”, “Гаҳвораи Сино”, “Масъуднома” ва силсилаи “Созҳои Шероз” ӯро аз маъруфтарин шоирони порсигӯйи садаи 20 кардаанд. Яке аз тозатарин осораш достони «Масъуднома» аст, ки дар бораи Шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд суруда шудааст.
Мукофот ва Ҷоизаҳо: Шоири халқии Тоҷикистон, ордени Нишони Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», Сипосномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Беларус, нишонҳои ифтихории КМ ВЛКСМ «Барои кори сахткӯшона», «Барои ширкати фаъол дар кори комсомол» ва дигарҳо сарфароз гардондаанд.Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1977), ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ(1980).
АЗ АШЪОРИ МӮЪМИН ҚАНОАТ:
Забони модарӣ
Қанд ҷӯйӣ, панд ҷӯйӣ эй ҷаноб,
Ҳарчи меҷӯйӣ, биҷӯ,
Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб,
Ҳарчи меҷӯйӣ, биҷӯ.
Порсӣ гӯйӣ, дарӣ гӯйӣ варо,
Ҳарчи мегӯйӣ, бигӯ.
Лафзи ишқу дилбарӣ гӯйӣ варо,
Ҳарчи мегӯйӣ, бигӯ.
Баҳри ман танҳо забони модарист
Ҳамчу меҳри модар аст.
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,
Чунки шири модар аст.
З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам
Дӯст медорам варо,
Чун навозишҳои гарми модарам
Дӯст медорам варо.
ххх
Насими форсӣ
Аз халиҷи Форс меояд насими форсӣ,
Абр аз Шероз меояд чу сими форсӣ,
Дурр аз ин дарё намеҷӯям, чу дур афтодааст
Аз таги дарё таҳи чашми ятими форсӣ.
Мерасад аз киштии бишкаста шеъри бешикаст,
Шеър ҳам бишкаст бо панди қадими форсӣ.
Шайхро сармаст дидам як шабе аз бӯи нафт,
Рафт бо атри кафан атру шамими форсӣ.
Лоиқ Шералӣ
Устод Лоиқ Шералӣ шоири бузурги муосири тоҷик 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шариф воқеъ даршаҳристони Панҷекати Тоҷикистон зода шудааст.
Ӯ соли 1954 пас аз хатми мактаби ҳафтсолаи деҳаи Мазори Шариф ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷекат дохил шуда, соли 1958 онро хатм кард. Таҳсил дар ҳамин донишсаро роҳи ояндаи ӯро таъйин намуд. Ӯ бо маслиҳат ва пуштибонии бародари фозилаш Қоришариф соли 1959 ба Душанбе меояд ва ба факултаи забону адаб ва торихи Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил мегардад ва соли 1963 онро ба поён мерасонад.
Пас аз ин, нахуст ба ҳайси муҳаррири шӯъбаи адабии радиои Тоҷикистон ва сипас корманди адабии рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”, мудири шӯъбаи назми маҷаллаи “Садои Шарқ”, мушовири Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сардабири маҷаллаи мӯътабари адабии “Садои Шарқ” – нашрияи Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон кор кард. Ӯ Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Бояд ёдовар шуд, ки дар он солҳо мутобиқи расму қоидаи маъмул ҳар адиб, ки мехост узви Иттифоқи нависандагон шавад, бояд то он дам ҳатман ками кам як маҷмӯа чоп карда бошад. Вале бо назардошти истеъдоди равшани Лоиқи ҷавон ва исрори устод Мирзо Турсунзода ӯро бидуни ҳеч маҷмӯае ба таври истисно ва аз қоида берун ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфтанд. Ӯ ҳамчунин узви Кумитаи марказии Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон ва низ намояндаи Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Устод Лоиқ аз соли 1991 то дами марг ба сифати Райиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ ифои вазифа кард.
30 июни соли 2000 соати 12 бар асари бемории сактаи мағзӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид. Ташйиъи ҷанозаи он гаронмоя 1 июл бо ҳузури ҳазорон мухлисаш баргузор ва пайкари покаш дар Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дар паҳлӯи бузургони адаб ва ҳунари Тоҷикистон дафн карда шуд. Байти зеринро худи устод ҳанӯз соли 1998 барои санги мазораш васият карда буд:
Дар рӯи замин намонд маъман, Эй гӯр, дуруд бодат аз ман.
Устод соли 1978 барои маҷмӯаи “Хоки ватан” ва “Илҳом аз Шоҳнома” барандаи ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гардид. Ғайр аз ин ӯ унвони давлатии “Шоири халқии Тоҷикистон”-ро касб карда буд. Моҳи майи соли 1999 ба устод ҷоизаи байналмилалии “Нилуфар” эҳдо гардид.
АЗ АШЪОРИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ:
Тоҷик андар ватани хеш чаро муттаҳам аст?!
Ё хато рафта ба точик таваллуд шуданам.
Ҳама халқони дигар анчуман оростаанд,
Дар Самарқанд нашуд сохта ним анчуманам…
Гуфт, алломаи Иқбол, ки бархез зи хоб!
Буздиле гуфт, фулонист мухотаб, на манам…
Он яке дар хуми тилло сари худ кард фурў,
Дигаре гуфт, ғами хонаву фарзанду занам…
Домани кўҳ гирифтему думи маркаби хеш,
Рафт аз даст ҳама домани дашту даманам.
Эй Хуросон ту бигў, соҳати эронвич ку?!
Ман аз ин фоҷиа чун шиква ба Яздон накунам?!
Ку дигар шаъшаи донишу фарҳанги бузург?!
Ку дигар карру фару наъраи ғул-ғул фиканам?!
Рўзу шаб дар ғами ту гиря кунон месўзам,
Ту ба хун ғарқаву ман ғарқи малолу миҳанам.
Гиряи ман аз он аст, ки даргоҳам сўхт,
Ҳам на з-он аст, ки шуд сўхта боғу чаманам.
Гиряи ман ҳам на аз он аст, ки бечора шудам,
Ҳам на з-он аст, ки фарсуда бувад пираҳанам.
Гирям аз он, ки туро ҳукм ба кўштан кардан
Эй ту ҳам появу мояи инсон буданам!
Гирям, аз он ки зи бунмояи қисмати талх,
Ман сўхан гўям, агар касе нест ҳамсуханам
Гирям, аз он ки ба жарфои чунин фочиае
Нашавад хира кас аз ҳам насабу ҳамватанам.
Гирям, аз он ки ду се бетарафи бешарафе
Ба сарам санг биборанд, ки ман дам назанам.
Гирям, аз он ки ту танҳоиву ман танҳотар
Ватанам, о ватанам, о ватанам.
хххх
ЗАБОНГУМКАРДА
Хар кӣ дорад дар ҷаҳон гумкардае,
Дар замину дар замон гумкардае.
Ин нишон гумкардаеву дигаре,
Хештанро бенишон гумкардае.
Ин яке бахти ҷавон гум кардааст,
Дигаре ганҷи равон гум кардааст.
Ин яке гар ними нон гум кардааст.
Дигаре ними ҷаҳон гум кардааст.
Ин яке ҷону ҷигар гум кардааст.
Он яке шӯру шарар гум кардааст,
Ин яке гум карда гар моли падар,
Дигаре панди падар гум кардааст.
Гар яке бому даре гум кардааст.
Дигаре номи фаре гум кардааст,
Он забони хамдилӣ гум кардааст,
Ин забони модарӣ гум кардааст.
Аз тамоми ину он гумкардагон
Зиштрӯтар нест дар рӯи ҷаҳон ,
З-он ки гум карда забони модарӣ,
Ҳарф гуяд бо ту бо чандин забон.
Бок не, гар доварӣ гум кардааст,
Ё умеди сарварӣ гум кардааст.
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.
Он яке қадри сухан гумкардае,
Дигаре боғу чаман гумкардае.
Аз забони модарӣ гумкарда лек,
Мерасад рӯзе ватангумкардае.
хххххх
ХУМОР
Дар домани баҳор
Андар деҳи Мазор
Гулғунчаи таре,
Покизагавҳаре
Бо абрувони сабз,
Бо ормони сабз
Берун зи хона шуд,
Мактаб равона шуд.
Ёдаш ба хайр бод
Он ишқи кӯдакӣ.
Он ишқи гумшуда
Чун шеъри Рӯдакӣ.
Мерафтам аз бараш
Бигрифта дафтараш.
Чашмам гирифта буд
Чил кокули тараш.
Рӯи баҳор буд
Рӯи баҳорияш.
Номаш Хумор буд,
Будам хуморияш.
Ёдаш ба хайр бод
Он ишқи кӯдакӣ.
Он ишқи гумшуда
Чун шеъри Рӯдакӣ.
Як рӯзи тирамоҳ
Аз дил кашидам оҳ…
Ӯ кӯч басту рафт
Моро шикасту рафт.
Ёде ба тирамоҳ
Аз он баҳор монд.
Аз деҳ Хумор рафт,
Дар дил хумор монд.
Ёдаш ба хайр бод
Он ишқи кӯдакӣ.
Он ишқи гумшуда
Чун шеъри Рӯдакӣ.
Аз кӯчаи Мазор,
Бо ашки шашқатор
Моро надиду рафт,
Гӯё париду рафт
Мисли кабутарак
Ҳамсоядухтарак.
Чил кокул аз қафо
Гуфтанд алвидоъ…
Ёдаш ба хайр бод
Он ишқи кӯдакӣ,
Он ишқи гумшуда
Чун шеъри Рӯдакӣ…