ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЗАНОЗАНӢ ДАР РӮШОН ВА ДУЗДИИ 119 САР ЧОРВОИ ЯК ПИРАМАРДИ 82-СОЛА ДАР ҶАЙҲУН

Сокини 33-солаи ноҳияи Рушон, ки пеш бо моддаи 237, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон  барои авбошӣ суд шудааст, боз ҳам барои авбошӣ дастгир шуд. ВКД гуфт, ки ӯ асри 18 май, соати 18,   дар маркази ноҳия, “дар ҳолати мастӣ аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, бо марди 34-солаи сокини Рӯшон муноқиша карда, бо олоти халандаю буранда 1-маротиба ба қисмати чапи шикамаш задааст.” Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

ххххххх
Марди 64-солаи сокини ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, чӯпони хоҷагии деҳқонии ба номи “Камолиддин” ба он айбдор мешавад, ки моҳи апрел аз аз заминҳои чарогоҳи кӯҳии ҳудуди ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун 119-сар чорвои майдаи мутааллиқ ба раиси хоҷагии “Камолиддин”,  пирамарди 82-солаи сокини ҷамоати Истиқлолро  дуздида, ба ӯ ба маблағи 83 ҳазору 300 сомонӣ зарар расондааст.

Ду сокини 33 ва 37-солаи ҷамоати Г.Юсуповаи Ёвон, ки аз ин пеш ҳам барои дуздӣ суд шудаанд, ба он гумонбар мешаванд, ки шаби 12 май, тахминан соати 21:50 аз аз заминҳои хоҷагии деҳқонии бо номи “Назир-Азиз”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ҳамин ноҳия 3 сар чорвои калони мутааллиқ ба сокини 38-солаи шаҳраки Ёвонро дуздидаанж. Зарари расонидашуда 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин як ҷавонзани 23-солаи сокини ҷамоати Қаратоғ дар канори шаҳри Турсунзода барои он дастгир шуд, ки субҳи 18 май, соати 09:00 бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматии як ҳамдеҳаи 28-солааш даромада, аз он ҷо 15 ҳазор сомониро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 20 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Боздошт гардидани марди 33-сола бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ

Рӯзи 18-уми майи соли 2021, тахминан соати 18:00, марди 33-солаи сокини ноҳияи Рушон, ки пеш бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Номбурда ҳангоми дар маркази ноҳия, дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, бо марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муноқиша карда, бо олоти халандаю буранда 1-маротиба ба қисмати чапи шикамаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун бо ариза пирамарди 82-солаи сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи мазкур, раиси хоҷагии деҳқонии ба номи “Камолиддин” муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи кӯҳии ҳудуди ҷамоати деҳоти Истиқлол 119-сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 83 ҳазору 300-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 64-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, чупони хоҷагии деҳқонии ба номи “Камолиддин” дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза марди 38-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 12 ба 13-уми майи соли 2021, тахминан соати 21:50-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонии бо номи “Назир-Азиз”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ҳамин ноҳия 3-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 33 ва 37-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Г.Юсуповаи ноҳияи зикргардида, ки пеш якеашон бо моддаи 244 қисми 3 ва дигараш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуданд, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ шудааст, дастгир карда шуданд.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 18-уми майи соли 2021, тахминан соати 09:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 15 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button