ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса
ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ЧАППА ШУДАН ВА СӮХТАНИ ЯК МОШИНИ БЕНЗИНКАШ ДАР ДЕВАШТИЧ
Ба дасти пойгоҳи хабарии “Бомдод” видеои кӯтоҳе расид, ки дар он лаҳзаи чаппа шудану оташ гирифтани мошини бензинкаш (бензовоз) дар ноҳияи Деваштич сабт шудааст.
Дар видео дида мешавад, ки мошин дар як ҷарӣ афтидааст ва аз он алангаи оташ ва дуди ғафс ба осмон баланд мешавад. Дар видео ҳамчунин мардуми зиёде дида мешавад, ки дар баландӣ дар болои кӯпрук истода, сӯхтани мошинро тамошо доранд ва бархеи онҳо ин лаҳзаҳоро бо телефонҳои мобил ба навор мегиранд.
Ба гуфтаи шоҳидон, ин мошини бензинкаш баъди сӯхтан таркидааст.
Тафсилоти дигари ҳодиса ҳанӯз дастрас нашудааст. Мақомот расман ин ҳодисаро ҳанӯз шарҳ надодаанд.