ВидеоИқтисодМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ИН ГУЛАГ НЕСТ, АЛБАТТА… РОҲБАРИ ФСИН: БА ҶОИ МУҲОҶИРОН МАҲБУСОНРО КОР ФАРМОЕД

Александр Калашников, раҳбари Хадамоти федералии иҷрои ҷазо (ФСИН), ки умури зиндонҳои Русияро дар ихтиёр дорад, хостори  истифодаи нирӯи кори маҳбусон дар корҳое шудааст, ки қаблан муҳоҷирони корӣ истифода мешуданд.

 «Ахиран Владимир Владимирович (Путин)  бо роҳбарони минтақаҳои Осиёи миёна – Ӯзбекистону Тоҷикистон мулоқот дошт… Сухан дар бораи ба роҳ мондани маҷрои муҳоҷирати корӣ ба иншооте мерафт, ки ба камбуди нирӯи корӣ дучор шудаанд. Вале мо дар воқеъ метавонем нирӯи корӣ пешниҳод кунем … Ин  ГУЛАГ намешавад, албатта, ин бо шароити комилан наву шоиста ба роҳ монда мешавад. Чунки ин одамон дар хобгоҳ кор мекунанд ваё хона иҷора мегиранд ваё корфармо барояшон шароити зиндагӣ бо аҳли оилаашонро фароҳам меорад. Ва онҳо маоши шоиста хоҳанд гирифт», – гуфтааст Калашников дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози ваколатдорони ҳуқуқи инсон дар шаҳри Красноярск.

Путин дар воқеъ рӯзи 8 май дар мулоқоташ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки Русия дучори камбуди нирӯи корӣ шудааст ва ба муҳоҷирони корӣ эҳтиёҷ дорад.

Ба гуфтаи Калашников, агар дар Русия дар соли 2010 беш аз 860 ҳазор маҳбус адои ҳукм мекард, то соли 2021 шумори маҳбусон дар ин кишвар то ба ҳадди 483 ҳазор нафар пойин фаромадааст. Аз ин шумор 188 ҳазор нафараш, ба гуфтаи роҳбари ФСИН, ҳақ доранд, ки ариза дода, иваз кардани навъи ҷазояшон аз маҳбас ба корҳои ислоҳиро дархост кунанд.

Калашников афзуд, ки соли 2020 маоши маҳбусон дар Русия 11 фоиз афзудааст.

Масъалаи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия вақтҳои охир доғтар шуда истодааст.

Моҳи апрел муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой дар ҷаласаи Маҷмаи байнипарлумонии кишварҳои СНГ аз мақомоти ин кишварҳо даъват кард, ки то 15 июн муҳоҷирони ғайриқонуниашонро аз Русия берун бикашанд, вагарна Русия маҷбур мешавад, ки даст ба чораҳои ҷавобӣ зада, ҳатто марзҳояшро бубандад.

“Агар мо ин мардумро, тибқи фармони президент, то 15 июн берун накашем, ин мардум метавонанд муҷозот шаванд ва ҳатто аз Русия берун андохта шаванд ва марзҳо баста шаванд», – изҳор дошт Горовой хитоб ба аҳли ҷаласа.

Бино ба омори ВКД Русия, дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ин кишвар беш аз як миллион аз  шаҳрвандони кишварҳои СНГ ғайриқонунӣ қарор доранд. Аз ҷумла 332 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон, 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, 152 ҳазор шаҳрванди Украина, 120 ҳазор аз Озарбойҷон, 115 ҳазор нафар аз Қирғизистон, 61 ҳазор шаҳрванди Арманистон ва 49 ҳазор нафар аз Қазоқистон. Вале мақомоти Тоҷикистон ин арқом дар бораи шумори муҳоҷирони тоҷики ғайриқонунӣ дар қаламрави Русияро аз будаш зиёд мешуморанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button