ТаърихЧеҳраҳо

ХОТИРАҲОИ ЁҚУБ САЛИМ ДАР БОРАИ СОЛИ 1992. ҚИСМИ 1

Муқаддимаи майдондориҳо, шиорҳои мардумфиреб, тамғаи «вовчик»-занӣ, вуруд ба «Меҳри Хатлон», аввалин суиқасд дар Тоҷикистон… дар сӯҳбати сари як пиёла чойи кабуд, дар хонаи яке аз лидерҳои Фронти Халқӣ, Ёқуб Салим собиқ вазири корҳои дохилӣ ва собиқ сафири ҶТ дар Туркия…

Ин нахустин ва нодиртарин хикояти зиндагии Ёқуб Салим баъд аз озодӣ баромаданаш аз зиндон аст.

Ва ин ҳиссае аз қиссаи хело бузургу тӯлонии зиндагии ин фармондеҳи собиқи Фронти Халқист, ки метавонад ҳатто сенарияи як филми ҳамсанги филмҳои Ҳолливуд шавад.

Ёқуб Салим: Моро чӣ ба майдонҳо кашид?

Боди митингҳо аз куҷо вазид? 

Ёдатон бошад, пушти стадиони Фрунзе (имрӯзаи Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе) як манеж вуҷуд дошт. Дар манеж ману ҳамроҳонам ҳар рӯз машқи бадан мекардем ва аслан парвои дунё надоштем. Зеро ҳама ҷо тинҷ буду амнияти халқу давлат таъмин. Рӯзаш аниқ дар ёдам нест, чун борҷомаҳои варзишӣ дар пушт аз пеши майдонҳо (манзур «Шаҳидон» ва «Озодӣ») мегузаштем, мо ҷавонони 20-25-сола аслан фикр намекардем, ки ин ҳама майдонбозиҳо ба ҷангу набарде пур аз хун олуда мешаваду сари сабзи ҳазорон тоҷикистонии бегуноҳ бар бод меравад. Вақте дастбардор доду фарёдро бо нидои «Ура!!!! Зинда бод!!!!…..» ва мисли ин чанд плакатҳоро дар ҳар майдонҳо дидему шунидем, дар назари мо як бозие аз замони наврасӣ (мисли милтиқбозии пу-пу!!!) падидор мешуд. Ва ҳам то ташкили митингҳои Душанбе тариқи телевизионҳо медидем, ки чунин эътирозу майдонҳо дар ҷамоҳири наздик Балтика (Латвия, Литва ва Эстония), инчунин дигар кишварҳои ҳамсояи Маскав низ ҳамин гуна аҳвол доштанд ва гумонамон ин буд, ки вазиши ин бод ба мо ҳам расиду мисли абри даргузар безиён гузашта меравад…

Воқеан, дар ёдамон ҳаст, митингҳо дар дигар давлатҳои собиқи шӯравӣ қариб бе хунрезӣ мегузаштанд ва мардум бо ин роҳ пешниҳоду таклифи худро ба миён мегузошт. Ва то рехтани аввалин хун дар Душанбе касе, ҳатто камина гумон надоштам, ки Тоҷикистони тинҷу ором ба ҷанги граждании пур аз даҳшату ваҳшоният ғарқ мешавад. Лек мо-ҷавонони варзишии соли 1990-ро чӣ ба майдонҳо кашид???

Дӯстони ман ғармиву кӯлобиву помирӣ… буданд

Баъди ташкил шудан ва гирд омадани мардум дар ҳар ду майдон-Озодӣ ва Шаҳидон ҳама дар ҳайрат буданд, ки инҳо чӣ мехоҳанд, кӣ онҳоро ба майдонҳо овардаву гумроҳ кардааст ва куҷо равонаанд, зеро бовар кунед, то он замон ҳич кас дар бораи маҳалгароӣ намедонист ва ҳама як миллати комил будем: ТОҶИК!!!

Чун аз маҳалгароӣ гуфтам, ростӣ, дар байни ҳамун ҳамраҳбачаҳои варзишӣ-дӯстону рафиқони камина ғармӣ ҳам буд, помирӣ ҳам буд, ленинободӣ ҳам буду кӯлобӣ низ!!! Ягон нафаре аз мо байни худ маҳалгароӣ надоштем, зеро идеологияи давр чунин буд. Хуллас, ғазабу қаҳри пур аз эҳсосоти ҳар ду майдон рӯз аз рӯз бадтар мешуду беҳтар не…

Рӯзе аз назди майдони Шаҳидон гузаштан як-ду нафаре бароямон андак шинос пеши роҳамон баромаду гуфт, ки «чаро шумо ин қадар бепарвоед? Барои чӣ дар майдонҳо нестед?…». Гуфтам, ки «Мо-ку бепарвоем, лекин шумо дар ин майдон чӣ мекобед? Агар касе шуморо ин ҷо овардааст, дар доми фанду фиреби ӯ афтидаед. Шумо хато мекунед! Бовар кунед!!!»

Вақте аз ин майдон гузашта ба Озодӣ рафтем, он ҷо ҳам бачаҳои шинос моро дида, бисёр ҷиддӣ ва самимӣ даъват карданд, то ки «бетарафӣ» накунем ва «саҳм»-и худро дар митингбозиҳо гузорем. Ба онҳо низ ҳамин ҳарфҳоро гуфтам, ки «сари шуморо аниқ аз берун вайрон кардан доранд, шумо зудбовар ва сода нашавед… Аз шумо истифода бурданиянд!». Вале онҳо (манзурам бачаҳои ҳар ду майдон) ба ҷои орому таскин ёфтану насиҳат шунидан бо ғазаби ошкор ба ману ҳамраҳонам мегуфтанд, ки «дили ту ба Ватан намесӯзад, фикри давлату ҳукуматро надорӣ!!! Ба ту манфиати ин миллат ҳич фарқу аҳамияте надорад».

Баъдан, ба тадриҷ андешаи ман перомуни митингбозиҳо ҷиддӣ шудан гирифт ва сахт фикр кардам, ки агар ин авзоъ идома ёбад, оқибаташ хело бадтар аз пиндор аст!!! Ва бо ҳамин хона ба хона рафтем, аз пушти зиндагӣ…

Дар меҳмонии Набиев

Рӯзе бо чунин андеша дар хона менишастам, ки як нафар намоянда аз Дастгоҳи иҷроияи президент омаду гуфт, ки «туро президент Раҳмон Набиев аз наздик диданист ва чи гапи муҳиме дорад…». Гуфтам, ки «бигзор бошад, меравем!» Ва зуд пай бурдам, ки маро низ ба майдонҳо ҷалб карданиянд. Хуб, рафтем назди Набиев, ба хонааш.

Он ҷо як нафар намоянда аз бадахшониҳо-витсе пример (ному насабаш дар ёдам нест) низ буд. Янгаи мо-ҳамсари Набиев низ он ҷо ҳузур дошт. Болои кати ҳавлии Набиев нишастем ва ҷумлагӣ аз ман хоҳиш карданд, ки «пеши роҳи ҳамин бетартибиҳоро оҷилан гирифтан даркор» ва маҳз янга бо хитоб ба инҷониб пофишорӣ кард, ки «дар Душанбе аксарият туро мешиносанд, шояд гапи туро мегиранду аз майдонҳо мераванд…». Инчунин, ҳамун намояндаи помириҳо низ дар сари дастархон сидқан хост, ки «митингҳо хомӯш карда шаванду мардум аз пайи кори худ раванд ва коре кунем, ки даст ба бетартибиҳо назананд!» Пай бурдам, ки Набиев таваҷҷӯҳи маро ҷониби буд кашиданист ва ба президент гуфтам, ки «ако, кӯшиш мекунем, касе амниятро халалдор насозад…». Бо ҳамин сӯҳбату машварати мо анҷом ёфту хонаамон рафтем.

Ёқуб дар минбар: Сода нашавед!

Рӯзи дигараш вақте бо чанд тан ҳамраҳонам дастони худро боло бардошта аз майдони Озодӣ «шагат» карда мегузаштем, ҳини қариб омадан дар минбар ман зуд аз сафи ҳаракат баромада, сӯи минбар давида, болои трибуна баромадам ва микрофонро аз дасти «ровӣ»-и майдон кашида гирифтаму гапи мехостаамро зада гуфтам: «Эй мардум, шуморо бо фиреб ин ҷо овардаанд! Сода нашавед! Вазъияти моро аз берун омӯхтаву сари моро вайрон карданиянд. Зеро эҳсос кардан доранд, ки хело зудбоварем… Ман сидқан аз шумо хоҳиш дорам, ки майдонро тарк кунеду аз паси зиндагӣ шавед. Ин ҳама бар зарари мост ва оқибаташ хуб нест!!! Шумо ба ман бовар кунед!…».

Баъде, ки мо-гурӯҳи 200-300 нафара болои минбари «Озодӣ» баромада, аз боби сулҳ ва алайҳи митингбозиҳои бемаънӣ гап задем, дар ҳамон ҷо ҳама ба мо тамғаи «вовчик»-ро зада, душмани ватану миллатамон бароварданд, гӯё ҷонибдори майдони «Шаҳидон» бршем. Ва мо-баромадкунандагон қабл аз ба сари минбар баромадан бо ҳам маслиҳат карда будем, ки то омадани Сангак Сафаров бояд ин амалро иҷро кунем, зеро агар ҳамин ҳоло сухан накунем, микрофонро аз дасти мо аниқ мегиранд.

«Шаҳидон»: Аз пушти Ёқуб наравед!

Микрофонро болои минбар гузоштаму бо нияти тарки майдон аз зинаҳо поин шудам. Он ҷо низ аз пушти ман бо микрофон мегуфтанд, ки «Ёқуб ҳисси миллӣ надорад, ӯ бепарво аст, ба ҳарфи ӯ гӯш надиҳед, аз пушти ӯ наравед…». Ва ба ин монанд ҳарфҳоро ошкоро мезаданд, ки садояшон то дуриҳои дур рафта мерасид.

Чунин «хирагӣ»-ро дар майдони муқобил-Шаҳидон низ кардаму ҳамун суханҳоро дар минбарашон такрор намудам, аммо ин ҷо низ касе ба ману ҳамраҳонам аҳамият намедод, баракс мепиндоштанд, ки мо мардумро аз роҳ заданием ва ҳар ду майдон дар симои ману манбаринҳо «душман»-ро медиданд. Ин буд, ки дар ҳар майдонҳо мо-ҷавонони сулҳҷӯву сулҳгӯро касе чашми дидан надошт ва намехостанд, ки аз боби сулҳу дӯстиву якдилӣ, амнияту тинҷӣ ва низом ҳарф бизанем. Чун инаш аниқ буд, ки аз хориҷа мехостанд, ки Тоҷикро ҳамчун миллат ва Тоҷикистонро ҳамчун Давлат маҳв созанд. Вагарна, чаро ҳар ду ҷониб мо-ҷавонони сулҳхоҳи Душанбегиро чашми дидан надоштанд ва дар даст баландгӯяк бо хитоб ба эътирозгарон мегуфтанд, ки «гапи инҳоро гӯш накунед, инҳо парвои дунё надоранд!» Маълум буд, ки равғанрези низоъ аз хориҷа буд… Ва мунофиқон ҳарчи зудтар мехостанд, ки хунрезӣ сар занаду ба «мурод»-и худ бирасанд.

Бо ҳамин мо барои ҳар ду гурӯҳ «душмани халқ» шудем…

Хаймаи 2 майдонро ман кӯфтам!

Дидем, ки нашуд, моварои ҳар ду майдон (дар чорроҳаи меҳмонхонаи «Тоҷикистон») хайма кӯфтем. Хиргоҳи мо барои барҳам задан ва аз байн бурдани ҳар ду майдон буду халос! Дигар ягон фикри бад ва ғаразе дар дил надоштем. Дар хайма ҳамроҳи ман буданд-Ғаффор Седой, Нурулло Лоиқов, Исматча (Тӯрахонов Нусратулло Саидович) ва чанд тани дигар. Гоҳ-гоҳе дар хаймаи сулҳи мо бархе аз олимон (Зиё Абдулло, Бобоназари Бобохон…) низ сар халонида, бо ҳамовозӣ аз иқдоми мо мегуфтанду бадар мешуданд. Аслан, Исматча ва чанд тани дигар назди мо дар хайма зуд омадаву мерафтанд ва рӯзе 24 соат мисли мо хаймашин набуданд. Ин ҳақиқат аст! Ягона нафаре, ки аз рӯзи аввал то охирин лаҳза дар хайма боқӣ монд, ин манам! Ва хаймакӯб низ инҷониб буд! Ин ҳақиқат аст ва шоҳидон низ ҳастанд!!!

Эшони Қиёмиддин: Роҳи мо ростист!

Вақте хайма кӯфтему ба мақсад нарасидем, дигар ноилоҷ ба қозиёт рафтем. Он ҷо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода-қозии вақт, Эшони Қиёмиддини Ғозӣ-«генерали мардумӣ» ва чанд тани дигар аз муллоҳо ҳузур доштанд. Аз онҳо хоҳиш намудем, ки «мардум шуморо бештар аз афроди дигар гӯш мекунанд ва шумо метавонед, ки роҳи дурустро ба онҳо нишон бидиҳед ва майдонҳоро барҳам занед».

Дар қозиёт ба ҳар сухани мо «хуб, гапи ту дуруст!!! Қабул!!!» мегуфтанд, аммо кори худро мекарданд. Махсусан, «генерали мардумӣ»-Эшони Қиёмиддин «амри маъруф» мекард, ки «ба номи оллоҳ, роҳу нияти мо ростист, оқибати ин амалу митингбозиҳо хуб аст ва ҳич зиёне ба мардум намерасад, шумо беташвиш бошед, иншооллоҳ, оқибаташ ба хайр аст!!!» ва ғайра, ҳоказо….

Кор то ҳадде расид, ки вақте наздиконам аз ноҳияи Вахш ба ман 1 навори видеоиро аз лаҳзаи қатли оми вахшиҳо аз ҷониби афроди номаълум, аммо мухолиф (яъне, то он замон ҳам барои мо-ҷавонон номаълум буд, ки мо аслан мухолиф-душман надорем ва ин қатлу куштор аз ҷониби кӣ шудааст???) оварданду нишон доданду гуфтанд, ки «ин ҳама бедодӣ ва куштор аз ҷониби оппозитсия-ашхоси тарафдори майдони Шаҳидон сар задааст».

Қатли оми вахшиҳо дасти кӣ буд?

Боварам кунед, то дидани ҳамун видеоролики ваҳшоният дар Вахш аз «қатли ом» намедонистем, ки ин кори киҳо бошанд. Ва рафиқону дӯстони вахшӣ маро мутмаъин кардан мехостанд, ки ба ин ҷӯи хуни вахшиҳо дасти ҷонибдорони Шаҳидон тар аст ва маҳз аз тири силоҳи онҳо кушта шудаанд. Вале бо ин ҳам ҳич боварам намеомад, ки наход ҷонибдорони Шаҳидон даст ба ин ваҳшоният бизананд??? Зеро такрор шавад ҳам, боз мегӯям, ки ман то он замон садҳо дӯсту рафиқи шафиқ аз кунҷу канори Тоҷикистон-ғармиву кӯлобиву хуҷандиву регариву помирӣ… доштам ва имрӯз ҳам дорам ва байни мо ҳаргиз сухане аз маҳал набуд ва ҳар қадами бардоштаи мо барои Ватан ва баҳри ободиву шукуфоии Ватан будӣ!!!

Ростӣ, баъди дидани ин навори даҳшатангез дигар худро дошта натавонистаму рӯзи дигараш боз ба қозиёт, назди Эшони Қиёмиддини Ғозӣ рафта, наворро нишонаш додам, ки «э, мардаки хуб! Охир, ту гуфтӣ, оқибаташ ба хайр аст! Аммо ин хунрезӣ чист ва кӣ инро кардан доранд? Агар ин наворҳоро шербачаҳои Кӯлоб бинанд, бовар кунед, ҳамин ҳоло бар зидди шумо мехезанд. Худо накунад, ки кор ба ин ҳад нарасад…».

Аммо ин «генерали мардумӣ» боз ҳам ду пой дар як мӯзаи фанду фиреб гузошта, моро бовар кунонидан мехост, ки «ба ин хунрезӣ дар Вахш онҳо, яъне ҷонибдорони майдони Шаҳидон даст надоранд ва сабр кунем, ҳамааш 5 мешаваду ҳақиқат маълум!!!»

Нахустин теракт хонаи ман буд!

Боз ҳам мафтуни суханони Эшони Қиёмиддин шудаму ғазабам паст шуду хона баргаштам. Вақте аз қозиёт хона омадам, як гурӯҳ бачаҳо аз Вахш хона омадаву дар интизори ман нишастаанд. Онҳо маро дидан замон гуфтанд, ки «э бача, то кай бепарво мешиниву сабр мекунӣ, ки дар Вахш ҳич кас намондааст!!! Ҳамаро куштанд!!! Ақаллан дилат ба кампири очат, ба пирони деҳаат намесӯзад?»

Ва аз ҳама аламовар ва даҳшатовараш ин буд, ки нисбати ман суиқасд ташкил кардаву хостанд маро ҷисман аз байн бубаранд!!! Ҳоло ба шумо як сирро мекушоям, ки то ин замон ба касе нагуфтаам: Дар Тоҷикистон аввалин теракт ва нахустин суиқасд дар хонаи ман ва бар ҷони ман шудааст! Бовар кунед, дар ин хусус то ҳол касе намедонад ва ин воқеият асту шоҳидон низ дар қайди ҳаётанд!

Ин ҳодиса, расо дар ҳамон рӯзҳое буд, ки камина дар ҳама нуқтаву ҷода, нишастҳо ва хиёбонҳо аз якдиливу баҳамоӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардум, барои аз байн бурдани ҳар ду майдон ва сулҳу амният мегуфтам.

Бегоҳии 1 рӯз бисёр хаста аз кор омадаву хона даромадам. Ду кӯдакам, ки муштоқи дидори ман буданд, ба оғӯшам даромаданду хело бо ҳам шӯхиву бозӣ кардем. Шаб шуд, вақти хоб. Як саг доштам бо номи «Боксер» ва воқеан ҳам боксер буд, зеро бисёр бадҳайбат буд ва касе ин сагро нохост аз пеш медид, аз тарс дар ҷояш шах мешуд. Сагро ҳар шаб пеш аз хоб одатан аз банд мекушодам, то андак озод бошаду ин тарафу он тараф бидавад. «Боксер»-ро аз ресмон раҳо кардаму ба хона даромада, ҳама даруни ҷогаҳ шудему ба хоб рафтем.

Чӣ тавр «боксёр»-и ман мегирист?

Ба фикрам, соатҳои 1-2-и шаб буд, ки чизе таркиду аз ҷо парида хестам. Ба назарам, замин меҷунбид. Зеро инфиҷор ба ҳадде буд, ки ҳама ҷоро дуду чанг зер кардаву ҳатто пеши поро дидан имкон надошт. Теғи калонамро ба даст гирифта берун баромада, сӯи кӯча давидам. Бинед, ки ҳатто ҳамон лаҳза барои террори ману хонаводаам барқи маҳалларо аз рубилники трансформатори кӯчаамон амдан ва қасдан хомӯш кардаанд! Яъне инро махсус ташкил намудаанд. Чун дидам, ки дар берун касе нест, сӯи хона давидам. «Боксёр»-и ман бошад дар як кунҷи ҳавлӣ аз тарс, мисле ки ҳингос мекарду мегирист, нишаста буд. Бовар мекунед, ки «Боксер»-и ман асло тарсу набуд, балки замони таркиши граната як осколка дар пояш задаву аз ҷои захмаш беист хун мерафт. Хушбахтона ва 1000 бор шукри Худо мекунам, ки дар ин ҳодиса касе аз аъзои хонаводаи ман зиён надиданд. Ҳамон қадар, ки боми хонаам аз зарби таркиш пурра фурӯ рехт ва шишаи тирезаҳо пора-пора шуданд. Боз ҳам ба бузургии Худованд қоилам, ки ҳамон граната дар ҷое афтидаву таркидааст, ки мо аз қазо дар ҷои дигар, дар ҳуҷраи дигар хоб будем. Яъне гранатаро террорист аз кӯча-аз пушти дар (зеро дари ман хело баланд буду ҳич имкони аз боло парида гузаштанаш набуд) ба ҷониби хона таваккал ҳаво додааст.

Қатли Алиҷон маро мусаллаҳ кард!

Баъди ин теракт, гумонам сӯи мухолифин-оппозитсияи Ҳукумат боло гирифту ба Давлат Худоназарову Шодмон Юсуф… шахсан муроҷиат кардам. Онҳо, яъне Давлату Шодмон омадаву вазъиятро аз наздик диданд ва дар ҳайрат низ буданд, ки ин амалро кадом гурӯҳ ташкил кардааст. Як рӯз пас Иброншоев – ҷонишини вазири ВКД ҳамроҳи Давлат Худоназаров хонаам омаданд. Шояд эшон дақиқ дастандаркоронро медонистанд, чун маълум накарданд ва дигар аз паяш ҳам нашуданд! Ва ин теракт дигар аз ёди ҳама рафт…

Имрӯз нишаставу сахт фикр мекунам, ки чӣ қадар одами пуртоқат будаам, ки ин ҳама митингбозиву ҷорзаниҳои дурӯғин маро ба таҳаммул гирифт ва то он лаҳзае, ки тағобачаи маро дар Вахш накуштанд, аз ҷо наҷунбидам!!! Аммо чӣ хел тағобачаи маро куштанд? Ҳоло мегӯям!

Як гурӯҳи ҷавонони аз 18 то 20-25 сола дар ноҳияи Вахш, бо ҳадафи овардани арӯс болои як мошини боркаши ЗИЛ мебароянд. Мошин ба ҳаракат медарояд, ба ҷониби хонаи арӯс. Ҳини аз назди замини пахтае гузаштан гурӯҳи мусаллаҳе пинҳон аз пахтазор ва ба ин гумон, ки ҷавонон боевикҳо бошанд, ҳамаро беист тирборон мекунанд. Дар байни онҳо писартағоям – Алиҷон низ буд. Падари ӯ Ғулом Салимов – он вақт ҳанӯз Аълочии маорифи СССР буду аз авангардҳои маҳви бесаводӣ дар Тоҷикистони Шӯравии сотсиалистӣ!!!

Ана ҳамин қатли писартағоям дигар сабру таҳаммули маро баҳам зад ва инони бетарафиро комилан аз даст додам. Ва ба худ гуфтам: Агар ин ҷанг бошаду ҳамин маҳалгароӣ, ман ҳам дигар хестам: То охир!!! Болои сӯхта намакоб, акнун, вақте садои эътироз дар Душанбе баландтар мешуду ҷумбишҳо шиддат мегирифт, ин бори аввал буд, ки дар гардиши Ёвон (маҳаллаи Олий Совет)-и ноҳияи Рӯдакӣ як мошин одамро тирборон карданд ва ҳамагӣ мурданд, ягон кас зинда намонд!

ДАВОМ ДОРАД

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button