ВидеоИқтисодТоҷикистон

ДУ ФАРЗИЯИ ГУНОГУНИ ТАРКИШИ МОШИНИ БЕНЗИНКАШ ДАР ДЕВАШТИЧ (ВИДЕО)

Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳодисаи нохуши бо як мошини бензинкаш дар ноҳияи Деваштичро тасдиқ карданд, вале маълумоти ин ду ниҳод дар бораи ҳодиса аз якдигар фарқ мекунад.

Маркази матбуоти ВКД гуфт, рӯзи 20 май, соати 10:00, ба иллати нуқсонҳои техникӣ  доштанаш, мошини бензинкаши тамғаи «Донгфенг»  таҳти идораи шаҳрванд Ҷӯраев Мансур, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, дар ноҳияи Деваштич ба мағозаи фурӯши масолеҳи кишоварзӣ бархӯрда, оташ гирифтааст.

“Дар натиҷаи сӯхтори ба амаломада ягон шаҳрванд ҷароҳати вазнин набардоштааст. Вобаста ба ҳолати мазкур санҷиш идома дорад.Зарари расонидашуда муайян карда мешавад”, – гуфтаи мешавад дар иттилоияи расмии ВКД.

Вале Ш.Бутаева, сухангӯи раёсати КҲФ вилояти Суғд мегӯяд, ҳодиса соати 9:30 дар ҳудуди ҷамоати Ғазантарак рух дода, мошини бензинкаш тамғаи “Дулан” буд ва он нафақат оташ гирифт, балки таркидааст ва дар натиҷа ронанда ва як мусофираш ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Бино ба иттилои КҲФ, ин мошин ба як сокини 34-солаи ноҳияи Б.Ғафуров тааллуқ дошта, аз Хуҷанд ба самти ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштич ҳаракат мекард. Ӯро дар ин сафар боз як сокини 29-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  ҳамроҳӣ мекардааст.

“Ҳам ронанда ва ҳам мусофири мошин бо осеби ҷисмонӣ ба бемористони ноҳияи Деваштич бистарӣ карда шуданд. Аз вазъи саломатии онҳо гузориш дода нашудааст.Сабаби ин таркиш маълум нест. Дар айни замон масъулини Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷойи ҳодиса сабабтҳои ҳодисаро таҳқиқ мекунанд”,   – хабар додааст Ш. Бутаева.

Қаблан ба дасти пойгоҳи хабарии “Бомдод” видеои кӯтоҳе расид, ки дар он лаҳзаи чаппа шудану оташ гирифтани мошини бензинкаш (бензовоз) дар ноҳияи Деваштич сабт шуда буд.

Дар видео дида мешуд, ки мошин дар як ҷарӣ афтидааст ва аз он алангаи оташ ва дуди ғафс ба осмон баланд мешавад. Дар видео ҳамчунин мардуми зиёде дида мешуд, ки дар баландӣ дар болои кӯпрук истода, сӯхтани мошинро тамошо доранд ва бархеи онҳо ин лаҳзаҳоро бо телефонҳои мобил ба навор мегиранд.

Ба гуфтаи шоҳидон, ин мошини бензинкаш баъди чаппа шудану даргирифтан таркидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button