ВидеоМуҳоҷиронСиёсат

НАМОЯНДАИ “ГУРУҲИ 24” ДАР РУСИЯ НОПАДИД ШУДААСТ

Раҳматҷони Маҳмадҷон, намояндаи ҳаракати сиёсии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” рӯзи 18 май дар шаҳри Маскав аз хона баромада, бедарак шудааст. “Гуруҳи 24” шоми 18 май дар як иттилоия гуфт, Раҳматҷони Маҳмадҷон бори охир рӯзи 18 май, соати 12:19, ба робита баромада, пас аз он алоқа бо ӯ қатъ шудааст.

Пайравони “Гуруҳи 24” мегӯянд, телефони Раҳматҷони Маҳмадҷон хомӯш буда, ӯ тавассути месенҷерҳо ва шабакаҳои интернетӣ низ посух намедиҳад ва онҳо тарс доранд, ки мабодо ӯро ҳам мисли бархе дигарон аз фаъолони ин созмон аз Русия ба Тоҷикистон бурда бошанд.

“Гуруҳи 24” дар иттилоияаш гуфт, барои ҷустуҷӯи Раҳматҷони Маҳмадҷон ва равшан намудани ҳодиса ин созмони оппозитсионӣ як вакили мудофеъро дар Маскав ҷалб кардааст.

Раҳматҷони Маҳмадҷон 31 сол дорад. Ӯ соли 2014 ба “Гуруҳи 24” пайваст ва баъди аз Русия ва дигар кишварҳои СНГ ба Аврупо ҳиҷрат кардани бахши аъзами тарафдорони “Гуруҳи 24” дар Русия монд ва чанд соли охир намояндаи ин гуруҳ дар Русия буд.

Раҳматҷони Маҳмадҷон ҳамроҳи чанд узви дигари “Гуруҳи 24” рӯзи 24 июни соли 2020 алайҳи иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паради Ғалаба дар Маскав раҳпаймоии эътирозӣ доир карда буданд.

Пулис ӯ ва Шобудин Бадалов, боз як узви фаъоли “Гуруҳи 24”-ро дар паҳлуи Майдони Сурх дастгир кард. Додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав ибтидо онҳоро бо ҷурми муқовимат ба кормандони пулис ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум карда ва барои барои вайрон кардани тартиби баргузории пикети эътирозӣ ҳар кадомро ба маблағи 15 ҳазор рубл ҷарима баст. Онҳо рӯзи 9 июл баъди адои 15 рӯзи ҳабсашон озод шуданд, вале ҳардуро дар назди дарвозаи боздоштгоҳ дубора дастгир карданд ва ҳмон додгоҳи ноҳияи Твер рӯзи 10 июл онҳоро ин дафъа бо ҷурми намоиши рамзҳои фашистӣ боз ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум кард. Ин ду узви “Гуруҳи 24” танҳо рӯзи 24 июл пурра озод шуданд.

Шобудин Бадалов

Вале Шобудин Бадалов – зодаи ноҳияи Панҷ ва узви  «Гуруҳи 24» субҳи 1 сентябри соли 2020 дар манзили зисташ дар шаҳри Нижний Новгороди Русия дигарбора аз тарафи афроди номаълуми либоси пулис дар тан боздошт шуд. “Гуруҳи 24” рӯзе баъд эълон кард, ки Бадаловро алакай ба Тоҷикистон истирдод кардаанд. Вале бо гузашти қариб 9 моҳ мақомоти Тоҷикистон то ҳол истирдоди Шобудин Бадалов аз Русияро расман тасдиқ ё рад накардаанд ва сарнавишти ин узви “Гуруҳи 24” баъди нопадид шуданаш дар Русия ҳамчунон номаълум боқӣ мемонад.

“Гуруҳи 24” соли 2012 аз ҷониби соҳибкор Умаралӣ Қувватов баъди фирораш аз Тоҷикистон ташкил шудааст. Дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014 “Гуруҳи 24” дар шаҳрҳои Русия бо ҷалби муҳоҷирони тоҷик силсилаи гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ба зидди ҳукумати Тоҷикистонро доир карда, ҳамаро ба гирдиҳамоии ниҳоӣ дар таърихи 10 октябри ҳамон сол дар майдони Дӯстӣ – майдони марказии шаҳри Душанбе даъват кард.

Ин гирдиҳамоӣ дар Душанбе доир нашуд, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон алакай рӯзи 9 октябри соли 2014 фаъолияти “Гуруҳи 24”-ро дар кишвар манъ ва баъди чанде ин созмонро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард.

Асосгузори ин ҳаракат Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Истамбули Туркия дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона кушта шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳамватанони азиз лутфан дар пайдо кардани маълумотҳо кумаки хешро дареғ надоред!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button