ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронЧеҳраҳо

МАНИЖА БО МАТРЁШКАИ РУСӢ ВА ЧАКАНИ ТОҶИКӢ БА ФИНАЛ БАРОМАД(ВИДЕО)

Овозхони зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин, ки имсол Русияро дар озмуни муътабари мусиқии қораи Аврупо “Евровидение 2021” намояндагӣ мекунад,  ба марҳалаи ниҳоӣ ё финали тин озмун роҳ ёфт. Нахустин сабқати ниманиҳоӣ ё нимфинали озмун шоми 18 май дар шаҳри Роттердами Ҳолланд баргузор шуд.

Манижа иҷрои таронааш бо номи “Russian Womаn”-ро бо либоси шабеҳи матрёшкаи русӣ сар кард ва сипас аз матрёшка берун ҷаҳида, бо пироҳани сурхи нақшу нигораш баргирифта аз чакани тоҷикӣ тамошобинон ва ҳакамонро ба ваҷд овард. Тарроҳи шинохтаи тоҷик Нафиса Имронова қаблан гуфта буд, ки ин пироҳани сурх бо нақшу нигори чаканро барои Манижа ӯ дӯхтааст ва Манижа бо истифодаи нақшу нигори чакан мехоҳад таъкид кунад, ки ӯ намояндаи мардуми тоҷик аст ва чакани тоҷикӣ услуби аврупоии либоспӯширо зиннати бештар медиҳад.

Ҳамроҳ бо Манижа рақибонаш аз Норвегия ва Исроил низ ба марҳалаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Марҳалаи ниҳоии «Евровидение» шаби 22 май баъди маълум шудани ҳамаи довталабоне, ки ба ин марҳала роҳ меёбанд, баргузор хоҳад шуд.

Шонси Манижа барои пирӯзӣ дар ин озмуни муътабар баланд шумурда мешавад, чунки клипи таронаи ӯ “Russian Womаn” бо наздики 11 миллион тамошобин то имрӯз пуртамошобинтарин тарона дар Ютуб-канали расмии «Евровидение» дониста мешавад.

Интихоби Манижа  ба ҳайси намояндаи Русия дар “Евровидение 2021” дар ҷомиаи Русия мавҷи вокунишҳои манфӣ, аз ҷумла аз ҷониби бархе шахсиятҳои шинохтаро ба вуҷуд овард. Бадбинон худи инро, ки Русияро дар озмуни асосии мусиқии Аврупо як зодаи Тоҷикистон намояндагӣ мекунад, зери шубҳа гузоштанд.

Манижа Сангин иқрор кард, ки чунин маъракаи густардаи бадбиниро баъди интихобаш ҳамчун намояндаи Русия дар озмуни «Евровидение» интизор надошт. Ӯ гуфт, муносибати бадбинона ба пирӯзии ӯ  ҳамчун як нафари зодаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мушкили миллатгароӣ ва бегонабадбинӣ дар Русия дар сатҳи ҷиддӣ вуҷуд дорад.

Дар аввали моҳи апрел президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониаш аз Манижа пуштибонӣ кард ва гуфт, “Манижаро бинед, ҳамаро саргардон кардааст. Бисёриҳо як духтари тоҷикро дида натавонистанд.” Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Манижа ситоиш кард, ки ҳамеша ба тоҷик ва аз Тоҷикистон будани худ таъкид мекунад: “Аҳсан барои он ки аз тоҷикияти худ даст намекашад ва ҳамеша мегӯяд, ки ман тоҷик ҳастам, дар Тоҷикистон ба дунё омадаам.”

Манижа тобистони имсол 30-сола мешавад. Манижа 8 июли соли 1991 дар Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ набераи забоншиноси шинохтаи тоҷик Тоҷӣ Усмон аст. Манижа 3 сол дошт, ки аҳли оилаи онҳо дар пайи ба ботлоқи ҷанги хунини шаҳрвандӣ фурӯ рафтани Тоҷикистон тарки кишвар карданд ва Манижа бо 5 бародару хоҳараш ҳама  дар Маскав ба воя расиданд.

Манижа дар солҳои аввал бо тахаллуси Рукола ҳунарнамоӣ мекард. Баъди тарки тарҳи “Рукола” Манижа бо номи худаш суруд мехонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button