ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 19 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими чоршанбе, 19 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

ТАЪРИХИ ШУЪБАИ ТОҶИКИИ ДОИШ ДАР ОЛМОН: ШУРӮИ ДОДГОҲИ 5 ТОҶИК  ДАР ДЮССЕЛДОРФ

ЗАНОЗАНИИ БАЙНИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ ДАР ЯК ЧОЙХОНА ДАР МАСКАВ

КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН БАРГАШТ? КАРАНТИНИ 22 НАФАР ДАР ХУҶАНДУ ДУШАНБЕ

 ҲАРДУ “ИМОМИ ХУЛИГАН”-РО АЗ ИМОМАТӢ БАРКАНОР КАРДААНД

МАНИЖА БО МАТРЁШКАИ РУСӢ ВА ЧАКАНИ ТОҶИКӢ БА ФИНАЛ БАРОМАД

НАМОЯНДАИ “ГУРУҲИ 24” ДАР РУСИЯ НОПАДИД ШУДААСТ

МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 7 КИЛО “МЕТАМФЕТАМИН” АЗ ДУ СОКИНИ ҲИСОР

ҲАЛОКАТИ ПИЁДАГАРД ВА ВЕЛОСИПЕДРОНИ СОЛХӮРДА ДАР 2 САДАМА ДАР АТРОФИ ХУҶАНД

“СУРХУ СИЁҲ. РАНГҲОИ ҶАНГ” – НАХУСТИН ФИЛМ ДАР БОРАИ ҶАНГИ ИСФАРА

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Рӯзи 19 май дар додгоҳи олии устони Рейни шимолӣ-Вестфалия дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон муҳокимаи парвандаи 5 зодаи Тоҷикистон: Комрон Б., Азизҷон Б., Муҳаммадалӣ Г., Фарҳодҷон К. ва Сунатулло К. шурӯъ мешавад. Ҳамаи онҳо ҷавон буда, аз 25 то 33 сол син доранд ва ба ҳамкорӣ бо созмони террористии ДОИШ ва омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ аз номи ДОИШ дар Олмон айбдор мешаванд.

Раҳбари ин гуруҳ Равшан Б. ҳанӯз моҳи марти соли 2019 дастгир ва моҳи январи соли 2021 ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Бақияро моҳи апрели соли 2020 дастгир карданд. Яке аз онҳо Комрон Б.  дар Албания дастгир шуд ва моҳи майи соли 2020 аз онҷо ба Олмон истирдодаш карданд.

Нақши асосиро дар ин гуруҳ Равшан ва Азизҷон иҷро мекарданд. Ҳардуи онҳо, ба гуфтаи тафтишот, бо намояндагони баландпояи ДОИШ дар Афғонистону Сурия, аз ҷумла бо Арсен М. ном зодаи Доғистон бо лақаби Абӯ Фотима иртибот доштаанд.

Бар асоси маводи парванда, аъзои дигари гуруҳ дар аввали соли 2019 ба Равшан Б. пайваста, шуъбаи ДОИШ бо номи “Тақим”-ро ташкил кардаанд.  Онҳо дар аввал нақша кашидаанд, ки ба ватани худ Тоҷикистон баргашта, ба зидди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ДОИШ “ҷиҳод” эълон кунанд. Вале “Абӯ Фотима”, ки яке аз эмиссарҳои калидии ДОИШ дониста мешавад,  баъдан ба шуъбаи тоҷикии ДОИШ дар Олмон амр додааст, ки рӯи анҷоми ҳамлаҳо дар қаламрави Олмон тамаркуз кунанд.

Равшан Б.

Онҳо аз ҷумла имкони ҳамла ба пойгоҳҳои ҳавоии Амрико дар Олмонро меомӯхтанд ва ҳамчунин нақшаи куштани як блогери эрониро, ки ба дини масеҳӣ гузашта, аз Ислом дар Интернет танқид мекард, кашида будаанд. “Иншоаллоҳ, ҳама кореро, ки аз дастамон биояд, мекунем”, –  иқтибос овардааст нашрия Die Welt аз посухи Равшан ба амри “Абӯ Фотима”. 

Шуъбаи тоҷикии ДОИШ дар Олмон баъди боздошти раҳбараш Равшан Б. дар моҳи марти соли 2019 низ фаъол боқӣ монд. Ба ақидаи тафтишот, баъди дастгир шудани ӯ роҳбарии шуъбаро Фарҳодҷон К. ба даст гирифта, шеваи кори гуруҳро тағйир дод. “Айбдоршавандаҳо баъди ин ба таблиғи мусалмонони ҷавон дар Олмон ва ҷалби онҳо ба саффи ДОИШ, пеш аз ҳама, ба ҷамъоварии кумаки молиявӣ барои ин созмон, ки он вақт алакай дар Сурия шикаст хӯрда буд, тамаркуз карданд “, – гуфта мешавад дар айбномаи ниҳоии додситонӣ. Тафтишот аз ҷумла муайян кардааст, ки Фарҳодҷон тавассути Туркия барои ДОИШ ба Сурияву Ироқ маблағҳои бузург мефиристод. Дар баробари ин, Азизҷон Б. бо супориши роҳбарони ДОИШ  чанд канали таблиғотии ин созмони террористиро дар шабакаҳои интернетӣ ҳамчун маъмур мечархонд.

Тафтишот мегӯяд, аъзои ин гуруҳ ба хотири ҷамъ овардани пули бештар барои “бародарон”-ашон аз ДОИШ куштори фармоишии як тоҷир аз Албанияро ҳам ба дӯш гирифта, аз фармоишгар барои куштани ин тоҷири албанӣ 40 ҳазор доллар талаб кардаанд. Равшан Б. ва як узви дигари гуруҳ роҳии Албания шуда, дар роҳ дар Австрия аз миёнаравҳои чечен силоҳ бо садозудо (глушитель) низ харидаанд. Дар Албания онҳо аз паси он тоҷир хеле пайгирӣ кардаанд, вале дар охирин лаҳза қотилон шубҳа кардаанд, ки оё ҳадафро дақиқ кардаанд ё на? Ва ба ин далел аз иҷрои фармоиш худдорӣ кардаанд.

Пулиси Олмон ҳангоми кофтукоб аз манзилҳои тоҷикони дастгиршуда силоҳу тир ва ҳамчунин нақшаи сохтани маводи тарканда ва бархе ашёи лозим барои сохтани бомбро пайдо карданд. Ҳамсари яке аз онҳоро хоҳиш кардаанд, ки роҳҳои сабти ном ба дарсҳои парапланеризмро биомӯзад. Тафтишот бар ин гумон аст, ки онҳо шояд роҳҳои мумкини анҷоми ҳамлаҳои ҳавоиро низ меҷустанд.

Аъзои гуруҳ, ба гуфтаи тафтишот, тавассути бозии пейнтбол тарзи истифодаи силоҳро меомӯхтанд. Рӯзномаи олмонии Express  бо такя ба маводи парванда аз Комрон Б. иқтибос меорад, ки гуфтааст: “Мусалмонон бояд доим машқ кунанд, токи барои нобуд кардани тамоми кофирон омода бошанд.” Комрон Б. ҳамчунин анҷоми ҳамлаҳои ғофилгиронаро пешниҳод карда, гӯё гуфтааст, ки “омода аст, худи пагоҳ ҳамсояҳои худро бикушад.”

Қиссаи Комрон Б. ба сари худ як достони алоҳида аст. Дар моҳи октябри соли 2019 мақомоти Олмон  ба далели инки барои амнияти миллии ин кишвар таҳдид ба бор меорад,  дархости паноҳандагии Комронро рад карда, ӯро ба Тоҷикистон бозпас фиристоданд. Дар Душанбе ӯро дастгир карданд, вале шариконаш 7 ҳазор евро дода, ӯро халос карданд. Комрон Б. баъди озод шуданаш боз ба Аврупо баргашт ва инбор дар Албания муқим шуд. Ӯро дар моҳи апрели соли 2019 дар Албания дастгир карданд ва ба Олмон супурданд.

Як вижагии мурофиае, ки дар Дюсселдорф шурӯъ мшавад, ба ақидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Олмон, ин кашфи шабакаи бузурги байналмилалии тамос байни террористҳост. Аъзои шуъбаи тоҷикии ДОИШ дар Олмон аз ҷумла тавассути мессенҷери Telegram  бо террористҳое, ки дар Вена ва Стокҳолм ҳамлаҳои террористӣ анҷом дода, мутаносибан 4 ва 5 нафарро куштанд, робитаҳои наздик доштаанд.

Вижагии дигари ин парванда дар он аст, ки мақомоти амниятии Олмон бори аввал бо падидаи ифротгарии исломӣ аз Тоҷикистон рӯбарӯ шуданд. “Немецкая волна”  менависад, зодагони Тоҷикистон, барои мисол, полковник Гулмурод Ҳалимов, кайҳо боз дар фаъолияти ДОИШ нақши муҳим бозӣ мекунанд, вале то кунун дар Олмон террористҳои тоҷик ба чашм намехӯрданд.

Ба тафтиши ин парванда дар оғоз  як силсила омилҳо, аз ҷумла камбуди тарҷумонҳо барои аз тоҷикӣ ба немисӣ тарҷума кардани шумори бузурги адабиёту аснод ва мукотибаи байни аъзои гуруҳ монеъ мешуд. Вале бино ба иттилои “Немецкая волна”, ба тафтишот худи роҳбари ифротиҳои тоҷик Равшан Б. кумак кард ва дар бораи шариконаш маълумоти кофӣ дод. Зоҳиран ба далели ҳамкориаш бо тафтишот равшан Б. бо вуҷуди ин ҳама иттиҳомоти сангини терроризм бо ҳамагӣ 7 сол ҳукми зиндон халос хӯрдааст.

ххххххххххх

Шоми 18 май дар як чойхонаи ғизоҳои миллӣ дар ҷанубуғарби шаҳри Маскав байни зодагони Тоҷикистону Қирғизистон занозании гуруҳӣ  рӯй додааст. Бино ба маълумоти расида, муноқиша дар чойхонаи воқеъ дар хиёбони Вернадский, 39, дар заминаи хусумати шахсӣ сурат гирифта, табиати маишӣ дошт, вале баҳси лафзии мизоҷони чойхона дар ниҳоят ба занозании гуруҳӣ бо иштироки ҳудуди 15 нафар аз тоҷикҳову қирғизҳо печидааст.

Дар хиёбони Вернадский,39 чойхонаи “Райҳон”, ки дар байни дӯстдорони ғизоҳои миллии Осиёи Марказӣ ва ҳам дар байни муҳоҷирон аз ин минтақа машҳур аст, ҷойгир шудааст.

Маркази матбуоти пулиси Маскав хабар дод, ки дар пайи занозанӣ дар хиёблони Вернадский 6 нафари осебдидаро ба бемористон бурда, 9 нафари дигар дастгир шудаанд.

Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС,  аз миёни боздоштшудаҳо нисбат ба 7 нафар бо иттиҳоми майдаавбошӣ бар асоси қисми якуми моддаи 20.1 КоАП Русия протокол тартиб додаанд, вале ду нафари дигар ҳамчунин ба вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират (қисми сеюми моддаи 18.8) айбдор мешаванд. Ин ду нафарро акнун метавонанд аз Русия ихроҷ кунанд.

Маркази матбуоти пулиси Маскав гуфт, “пулис тафтиши ин ҳодисаро идома медиҳад.”

Занозанӣ байни муҳоҷирони тоҷику қирғиз дар Маскав дар пайи таниши шадид дар муносибатҳои байни Душанбе ва Маскав баъд аз муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар поёни моҳи апрел аст, ки бо 55 кушта ва ҳудуди 240 захмиаш пурқурбонитарин муноқиша нафақат дар таърихи низоъҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар таърихи муноқишаҳои марзии чанд даҳсолаи охир дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Баъди он моҷарои марзӣ нигароние вуҷуд дошт, ки мабодо ин танишҳо боиси ихтилофот дар байни муҳоҷирони тоҷику қирғиз дар Русия шавад. Дар Русия, бино ба оморҳои то замони пандемияи коронавирус, беш аз як миллион муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон ва то 800 ҳазор нафар аз Қирғизистон кору зиндагӣ мекарданд.

хххххххххххххххххх

Бино ба иттилоияи дарёфтии Радиои Озодӣ 22 касро дар шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе бо нишонаҳои илтиҳоби шуш ва шубҳаи коронавирус  таҳти карантин гирифтаанд.

Намояндагони раёсати тандурустии вилояти Суғд рӯзи 19 май тасдиқ кардаанд, ки дар як ҳафтаи охир 4 нафарро бо гумони коронавирус ва 15 каси дигарро бо аломатҳои илтиҳоби шуш зери назорат қарор додаанд. Масъулони вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, дар Душанбе се кас “мушкили шуш” доранд, аммо гирифтории онҳо ба бемории ҳамагири коронавирус тасдиқ нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз аввали соли 2021, баъд аз онки президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солинавиаш гуфт, “коронавирус дар Тоҷикистон қариб ба нестӣ расидааст”, дигар дар бораи ошкор шудани ягон ҳолати нави гирифторӣ ба ин вирус хабар надодааст.

Абдумавлон Абдуллозода, сардори Маркази беҳдоштии вилояти Суғд, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ду рӯз пеш (17-уми май) шаҳрванди 47-солаи тоҷикуласли Арабистони Саудӣ Мансур Алӣ Қосимро бо нишонаҳои бемории коронавирус дар шифохонаи касалиҳои сироятии Хуҷанд таҳти карантин гирифта, се корманди меҳмонхона, ки бо ин шаҳрванди Саудӣ тамос доштанд, низ ба гӯшанишинӣ (изолятсия) водор карда шуданд.

Ин шаҳрванди хориҷӣ охири ҳафтаи гузашта ба меҳмонхонаи Бӯстон (Чкалов) омада, барои санҷиши коронавирус дар дармонгоҳи Луқмони Ҳаким ташхис супурдааст. Натиҷа мусбат баромад. Мо зуд ӯро ба карантин гирифтем “, — гуфтааст Абдуллозода.

Радиои Озодӣ менависад, маълум нест, ки чаро натиҷаи тести ин шаҳрванди Саудӣ ба омори расмӣ ворид карда нашудааст?

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, се корманди дафтари ЮНИСЕФ (Бунёди кӯдакони Созмони Милал) дар Тоҷикистон бо нишонаҳои илтиҳоби шуш бистарӣ карда шудаанд ва ин созмон баъзе аз кормандони худро ба кори фосилавӣ фиристодааст. Ҳадди ақал ду корманди ЮНИСЕФ дар Душанбе бо шарти зикр нашудани ном ба Радиои Озодӣ гуфтанд, рӯзи 17-уми май дар ҷаласаи намояндагии созмон ин хабар расонда шуд.

Бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон каме бештар аз 13 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ва 90 ҳолати марг аз ин вирус сабт шудааст. Вале мунтақидон ин омор ва ҳамин тавр, иддаои мақомот дар бораи гӯё дар 5 моҳи аввали соли 2021 ошкор нашудани ягон ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистонро зери шубҳа мегузоранд ва бар инанд, ки мақомот миқёс ва доманаи воқеии паҳншавии ин бемориро дар кишвар ба кадом далели норӯшан аз ҷомиа пинҳон нигоҳ медоранд.

ххххххххххххххххх

Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки рӯзи 18 май Неъматов Ҷамонулло, маъруф ба Мулло Ҷамолиддин, писари муфтии собиқи Тоҷикистон Амонулло Неъматзода, аз мақоми имоми масҷиди ҷомеи ба номи “Ҳазрати Муҳаммад (С)”-и деҳаи Саховати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ва писари ӯ Азаматуллои Ҷамонулло аз мақоми имоми масҷиди панҷвақтаи ба номи “Эшони Исматулло”-и деҳаи Дарёбоди деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ барканор карда шуданд. Афшини Муқим навишт, ин қарорҳо дар ҷаласаҳои ҳайъати муассисони ин ду масҷид қабул шуда, Азаматуллои Ҷамонулло “бо хоҳиши худаш”, вале падари ӯ Ҷамонулло Неъматзода “бинобар вазъи саломатӣ, розигии шифоҳӣ, риоя накардани талаботи низомномаи масҷид ва шартномаи ҳамкориву хизматрасонӣ вобаста ба тарбияи ахлоқию маънавӣ” аз имоматӣ ронда шуданд. Маълум нест, ки ба ҷои Мулло Ҷамолиддин киро таъйин кардаанд, вале ба ҷои писари ӯ ҳайъати муассисон ба мақоми имоми масҷиди Дарёбод хатмкардаи Донишкадаи исломӣ Асрориддин Касировро интихоб кардаанд.

Исми ин падару писар ахиран дар робита ба видеои муноқишаву дашномдиҳиашон дар масҷиди Дарёбод расонаӣ шуд. Ба гуфтаи шоҳидон, намозгузорон мухолифи ба имоматии ин масҷид нишондани Азаматулло, маъруф бо номи Аъзам, писари Мулло Ҷамолиддин буданд, чунки ӯ ахиран бо иттиҳоми дуздӣ аз хонаи падарарӯсаш ҳабс шуда буд ва ҳарчанд дар ивази 100 ҳазор сомонӣ пора аз ҷавобгарӣ халос шуд, вале мардум намехост таҳти роҳбарии нафаре, ки бо дуздӣ бадном шудааст, намоз бихонад. Аммо Мулло Ҷамолиддин ва писараш мардумро дашном дода, таҳдид карданд, ки ҳамаашро ҳамчун “салафӣ” ва “наҳзатӣ” ба мақомот месупоранд.

Дар шакли пурратари сабти садоии он ҷанҷол, ки 15 дақиқа аст ва нусхааш ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид, шунида мешавад, ки Аъзам ба як корманди милиса занг зада, ӯро “генерал” хитоб мекунад ва мехоҳад, ки ӯ ба Дарёбод омада, ҷилави мардумро кашад.

Ин бори аввал нест, ки номи Ҷамолиддин Неъматзода, писари муфтии пешин ба таври моҷароомез расонаӣ мешавад. Ӯ соли 2014 низ барои ҷанҷолаш бо Эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода барои имоматии намози ҷанозаи як марди солхӯрда вирди забонҳо шуда буд.

ххххххххххххххххххххххх

Овозхони зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин, ки имсол Русияро дар озмуни муътабари мусиқии қораи Аврупо “Евровидение 2021” намояндагӣ мекунад,  ба марҳалаи ниҳоӣ ё финали тин озмун роҳ ёфт. Нахустин сабқати ниманиҳоӣ ё нимфинали озмун шоми 18 май дар шаҳри Роттердами Ҳолланд баргузор шуд.

Манижа иҷрои таронааш бо номи “Russian Womаn”-ро бо либоси шабеҳи матрёшкаи русӣ сар кард ва сипас аз матрёшка берун ҷаҳида, бо пироҳани сурхи нақшу нигораш баргирифта аз чакани тоҷикӣ тамошобинон ва ҳакамонро ба ваҷд овард. Тарроҳи шинохтаи тоҷик Нафиса Имронова қаблан гуфта буд, ки ин пироҳани сурх бо нақшу нигори чаканро барои Манижа ӯ дӯхтааст ва Манижа бо истифодаи нақшу нигори чакан мехоҳад таъкид кунад, ки ӯ намояндаи мардуми тоҷик аст ва чакани тоҷикӣ услуби аврупоии либоспӯширо зиннати бештар медиҳад.

 Марҳалаи ниҳоии «Евровидение» шаби 22 май баъди маълум шудани ҳамаи довталабоне, ки ба ин марҳала роҳ меёбанд, баргузор хоҳад шуд.

Шонси Манижа барои пирӯзӣ дар ин озмуни муътабар баланд шумурда мешавад, чунки клипи таронаи ӯ “Russian Womаn” бо наздики 11 миллион тамошобин то имрӯз пуртамошобинтарин тарона дар Ютуб-канали расмии «Евровидение» дониста мешавад.

Интихоби Манижа  ба ҳайси намояндаи Русия дар “Евровидение 2021” дар ҷомиаи Русия мавҷи вокунишҳои манфӣ, аз ҷумла аз ҷониби бархе шахсиятҳои шинохтаро ба вуҷуд овард. Бадбинон худи инро, ки Русияро дар озмуни асосии мусиқии Аврупо як зодаи Тоҷикистон намояндагӣ мекунад, зери шубҳа гузоштанд.

Дар аввали моҳи апрел президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониаш аз Манижа пуштибонӣ ва ситоиш кард, ки ҳамеша ба тоҷик ва аз Тоҷикистон будани худ таъкид мекунад: “Аҳсан барои он ки аз тоҷикияти худ даст намекашад ва ҳамеша мегӯяд, ки ман тоҷик ҳастам, дар Тоҷикистон ба дунё омадаам.”

Манижа 8 июли соли 1991 дар Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ набераи забоншиноси шинохтаи тоҷик Тоҷӣ Усмон аст. Манижа 3 сол дошт, ки аҳли оилаи онҳо дар пайи ба ботлоқи ҷанги хунини шаҳрвандӣ фурӯ рафтани Тоҷикистон тарки кишвар карданд ва Манижа бо 5 бародару хоҳараш ҳама  дар Маскав ба воя расиданд.

хххххххххххххххххххх

Раҳматҷони Маҳмадҷон, намояндаи ҳаракати сиёсии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” рӯзи 18 май дар шаҳри Маскав аз хона баромада, бедарак шудааст. “Гуруҳи 24” шоми 18 май дар як иттилоия гуфт, Раҳматҷони Маҳмадҷон бори охир рӯзи 18 май, соати 12:19, ба робита баромада, пас аз он алоқа бо ӯ қатъ шудааст.

Пайравони “Гуруҳи 24” мегӯянд, телефони Раҳматҷони Маҳмадҷон хомӯш буда, ӯ тавассути месенҷерҳо ва шабакаҳои интернетӣ низ посух намедиҳад ва онҳо тарс доранд, ки мабодо ӯро ҳам мисли бархе дигарон аз фаъолони ин созмон аз Русия ба Тоҷикистон бурда бошанд.

Раҳматҷони Маҳмадҷон 31 сол дорад. Ӯ ҳамроҳи чанд узви дигари “Гуруҳи 24” рӯзи 24 июни соли 2020 алайҳи иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паради Ғалаба дар Маскав раҳпаймоии эътирозӣ доир карда буданд.

Пулис ӯ ва Шобудин Бадаловро дар паҳлуи Майдони Сурх дастгир кард ва онҳо бо ду ҳукми додгоҳ то 24 июл, як моҳро пушти панҷара ба сар бурданд.

Шобудин Бадалов  субҳи 1 сентябри соли 2020 дар манзилаш дар шаҳри Нижний Новгород аз тарафи афроди номаълуми либоси пулис дар тан боздошт шуд. “Гуруҳи 24” рӯзе баъд эълон кард, ки Бадаловро алакай ба Тоҷикистон истирдод кардаанд. Вале бо гузашти қариб 9 моҳ мақомоти Тоҷикистон истирдоди Шобудин Бадалов аз Русияро расман тасдиқ ё рад накардаанд ва сарнавишти ин узви “Гуруҳи 24” баъди нопадид шуданаш ҳамчунон номаълум боқӣ мемонад.

“Гуруҳи 24” соли 2012 аз ҷониби соҳибкор Умаралӣ Қувватов баъди фирораш аз Тоҷикистон ташкил шудааст. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябри соли 2014 фаъолияти “Гуруҳи 24”-ро дар кишвар манъ ва баъди чанде ин созмонро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард.

Асосгузори ин ҳаракат Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Истамбули Туркия дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона кушта шуд.

хххххххххххххххх

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи 18 май хабар дод, ки моҳи апрел кормандони ин ниҳод аз ду сокини Ҳисор беш аз 7 кило моддаҳои психотропии навъи “Метамфетамин” мусодира кардаанд. Нисбат ба Абдуғафорзода Сайраҳмон, санаи таваллудаш 4 июни соли 1982, сокини деҳаи Гулимайдони ҷамоати Ҳисор, маълумоташ олӣ, соҳиби 2 фарзанд, муваққатан бекор, ва Зикиров Ҳошимҷон Қаландарович, санаи таввалудаш 16 ноябри 1978, сокини деҳаи Кӯҳони болои ҷамоати Навобод, соҳиби 5 фарзанд, муввақатан бекор, ки соли 2017 бар асоси моддаи 247 барои қаллобӣ суд шудааст, бар асоси моддаи 200 қисми 4 банди “Д” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии моддаҳои психотропӣ ба миқдори махсусан бузург парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба ин 2 сокини Ҳисор бар асоси ин банди қонун аз 12 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, кормандони ин ниҳод ибтидо ҳангоми азназаргузаронии автомошинаи тамғаи “Дэу-Нексия таҳти идораи  Абдуғафорзода Сайраҳмон, 983 грамм метамфетамин пайдо карда, дар натиҷаи тафтиш маълум кардаанд, ки ӯ  бо Зикиров Ҳошимҷон Қаландарович, сокини деҳаи Кӯҳони боло  якҷо амал мекунад.

Мақомот ҳангоми кофтукоб аз анборхонаи манзили Абдуғафорзода Саидраҳмон дар деҳаи Гулмайдон зиёда аз ду кило “Метамфетамин” ва “аз ҳуҷраи меҳмонхонаи Зикиров Ҳошимҷон дар  деҳаи Кӯҳон 4  дастгоҳи нави омодасозии афшура ёфтанд. Ҳамин тариқ аз дохили дастгоҳҳои афшура 4 кг 210 гр моддаҳои психотропии “Метамфетамин” бозёфт ва мусодира карда шуд. Ҳаҷми маводҳои мусодирагардида дар ҷамъ 7 кг 393 гр ташкил медиҳанд”,  – гуфта мешавад дар иттилоияи расмӣ.

Метамфетамин- намуди тағйирдодашудаи амфетамин ва яке аз намудҳои синтетикии маводи нашъадор буда, нисбат ба дигар маводи нашъаовар шиддати қавитар ва зудтаъсиркунанда дорад.

Вобаста аз намуди зоҳириаш ба ин мавод номҳои кӯчагии “Кристалл”, “Шиша” ва “Ях” ро мансуб медонанд. Ин мавод асосан аз хориҷ бо роҳи қочоқ ба Тоҷикистон оварда мешавад.

ххххххххх

Хабарнигори шинохтаи тоҷик Орзу Исо рӯзи 18 май дар каналаш дар Ютуб филми нави худро бо номи “Сурху сиёҳ. Рангҳои ҷанг” нашр кард. Ин филм дар бораи муноқишаи ахири хунин дар марзи Исфара бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон қисса мекунад. Орзу Исоев дар ин филми нимсоатӣ аз маҳалҳои аслии муноқишаи поёни моҳи апрел, аз ҷумла аз аз сарбанди оби баҳсии “Головной” ва ҳамчунин аз хонаводаҳои сокиноне, ки азизони худро дар низоъи ахир аз даст доданд, дидан мекунад ва ҳамчунин бо хабарнигороне, ки барои пайгирии таҳаввулот ба Исфара рафта буданд, суҳбат мекунад.

Дар муноқишаи поёни моҳи апрел дар марз бо Қирғизистон, аз ду тараф дастикам 55 нафар кушта ва ҳудуди 240 тани дигар захмӣ шуданд. Ин муноқиша пурқурбонитарин муноқиша нафақат дар таърихи низоъҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар таърихи муноқишаҳои марзии чанд даҳсолаи охир дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

“Сурху сиёҳ. Рангҳои ҷанг”-и Орзу Исо нахустин филми мустанад аст, ки ҷузъиёти муноқишаи ахир дар марзи Исфараро мӯшикофӣ мекунад.

Журналисти дигари тоҷик Далери Имомалӣ низ дар пайи низоъи ахир барои таҳияи филми мустанаде ба Исфара сафар карда буд.

хххххххххххххххххх

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 18 май бар асари ду садама дар атрофи Хуҷанд як велосипедрони 71-сола ва як пиёдагарди 56-сола ба ҳалокат расидаанд.

Аз ҷумла соати 15:30, ронандаи мошини тамғаи «Тойота-Прадо», Саидалиев Манучеҳр Сӯҳробович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Ғафуров-Хуҷанд», дар ҳудуди ҷамоати Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарон Ахмедов Исмоилҷон, соли таваллудаш 1950, сокини ҷамоати деҳоти Унҷиро пахш намудааст. Дар натиҷа дучархарони солхӯрда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, баъди ду соати ин садама, соати 17:30, ронандаи «Мерседес- Спринтер», Сангинов Ҳайдарбой Мансурович, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмони ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ҷамоати Қалъачаи Калон, пиёдагард Раҳимҷонов Фахриддин Абдуғаффорович, соли таваллудаш 1965, сокини ҷамоати Қалъачаи Калонро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Раҳимҷонов Ф. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар  ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

хххххххххххххх

Сокини 38-солаи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки соли 2020 аз сокини 30-солаи шаҳраки Сомониён бо ваъдаи гирифта додан ва ҳуҷҷатгузорӣ кардани 16 сотих замин аз ҳудуди ҷамоати Зайнабобод 105 ҳазор сомонӣ гирифта, бо ҳар баҳона корро кашол додааст ва аз ин маблағ ҳамагӣ 34 ҳазорашро баргардонда, 71 ҳазори дигарро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин,сокини 30-солаи ноҳияи Шоҳмансури ш. Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки моҳи ноябри соли 2020 дар кӯчаи М.Мастонгулов, дар назди бинои №20 бо роҳи фиреб ба боварии сокини 35-солаи пойтахт даромада, аз ӯ  барои тиҷорат 12 ҳазор доллар гирифтааст, вале ин пулро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
ххххххххххххххх

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button