ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ПИЁДАГАРД ВА ВЕЛОСИПЕДРОНИ СОЛХӮРДА ДАР 2 САДАМА ДАР АТРОФИ ХУҶАНД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 18 май бар асари ду садама дар атрофи Хуҷанд як велосипедрони 71-сола ва як пиёдагарди 56-сола ба ҳалокат расидаанд.

Аз ҷумла соати 15:30, ронандаи мошини тамғаи «Тойота-Прадо», Саидалиев Манучеҳр Сӯҳробович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Ғафуров-Хуҷанд», дар ҳудуди ҷамоати Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарон Ахмедов Исмоилҷон, соли таваллудаш 1950, сокини ҷамоати деҳоти Унҷиро пахш намудааст. Дар натиҷа дучархарони солхӯрда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, баъди ду соати ин садама, соати 17:30, ронандаи «Мерседес- Спринтер», Сангинов Ҳайдарбой Мансурович, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмони ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ҷамоати Қалъачаи Калон, пиёдагард Раҳимҷонов Фахриддин Абдуғаффорович, соли таваллудаш 1965, сокини ҷамоати Қалъачаи Калонро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Раҳимҷонов Ф. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар  ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

хххххххххххххх

Сокини 38-солаи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ба он гумонбар мешавад, ки соли 2020 аз сокини 30-солаи шаҳраки Сомониён бо ваъдаи гирифта додан ва ҳуҷҷатгузорӣ кардани 16 сотих замин аз ҳудуди ҷамоати Зайнабобод 105 ҳазор сомонӣ гирифта, бо ҳар баҳона корро кашол додааст ва аз ин маблағ ҳамагӣ 34 ҳазорашро баргардонда, 71 ҳазори дигарро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин,сокини 30-солаи ноҳияи Шоҳмансури ш. Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки моҳи ноябри соли 2020 дар кӯчаи М.Мастонгулов, дар назди бинои №20 бо роҳи фиреб ба боварии сокини 35-солаи пойтахт даромада, аз ӯ  барои тиҷорат 12 ҳазор доллар гирифтааст, вале ин пулро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 19 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани дучархарон ва пиёдагард дар натиҷаи ноуҳдабароии ронандагони «Тойота-Прадо» ва «Мерседес-Спринтер»

Рӯзи 18-уми майи соли 2021, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Прадо», Саидалиев Манучеҳр Сӯҳробович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Ғафуров-Хуҷанд», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарон Ахмедов Исмоилҷон, соли таваллудаш 1950, сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа дучархарон Ахмедов И. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, рӯзи 18-уми майи соли 2021, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес- Спринтер», Сангинов Ҳайдарбой Мансурович, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмони ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калон, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Раҳимҷонов Фахриддин Абдуғаффорович, соли таваллудаш 1965, сокини ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калонро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Раҳимҷонов Ф. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои маазкур таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 30-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки соли 2020 марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 105 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки 0,16-га қитъаи замини назди ҳавлигӣ аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Зайнабобод гирифта, ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, аммо то ҳол бо ҳар баҳона заминро ҳуҷҷатгузорӣ накарда 34 ҳазор сомониро баргардонида, боқимонда 71 ҳазор сомониашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2020 дар кӯчаи М.Мастонгулов назди бинои №20, марди 30-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 12 ҳазор доллари амрикоиро бо мақсади тиҷорат гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button