ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲуқуқи инсон

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ЯКБОРА 6 СУДЯРО АЗ МАҚОМ БАРКАНОР КАРД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 май бо имзои як фармон якбора 6 судя, аз ҷумла раиси суди шаҳри Хуҷанд ва ду судяи суди Хуҷандро аз мақом барканор кард.

Бар асоси фармони президент, Шарифзода Мавҷуда Рауфӣ аз вазифаи раиси суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд “бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан” озод карда шуда, ду судяи суди Хуҷанд: Ализода Эраҷ Асатулло ва Аминзода Фирӯза Баҳромӣ “бо хоҳиши худашон”  сабукдӯш карда шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин  Мирбобозода Ҳабибулло Муҳамадаюбиро аз вазифаи раиси суди ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд “бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан” ва ду судяи суди вилояти Хатлон: Давлатзода Искандар Саъдулло ва Расулзода Муҳаммад Аслидинро “бо хоҳиши худашон” аз вазифа озод кардааст.

Сабаби барканории якбораи ҳам раиси суд ва ҳам ду судяи суди Хуҷанд гуфта нашудааст. Дар бораи сабабҳои барканории се судяи дигар низ чизе гуфта намешавад.

Низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои аз ҳама фасодзада шумурда мешавад. Ҳар сол президент Эмомалӣ Раҳмон чандин судяро “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз мақомҳояшон барканор мекунад.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Шарифзода Мавҷуда Рауфи аз вазифаи раиси суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд,
Мирбобозода Ҳабибулло Муҳамадаюбӣ аз вазифаи раиси суди ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шаванд.
2. Давлатзода Искандар Саъдулло аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон,
Расулзода Муҳаммад Аслидин аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон,
Ализода Эраҷ Асатулло аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд,
Аминзода Фирӯза Баҳромӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо хоҳиши худашон озод карда шаванд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
18 майи соли 2021

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button