Хадамоти матбуоти ФСБ ҷумҳури Саха (Ёқутистон)-и Русия хабар дод, ки як зодаи Тоҷикистон бо номи Р. аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда шуда, аз Русия ба ватанаш, Тоҷикистон ихроҷ шуд. «Шаҳрванд Р. ба Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда шуда, аз ҳаққи вуруд ба Русия ба муҳлати 30 сол, яъне до 31 майи соли 2051 маҳрум карда шуд “, – гуфта мешавад дар иттилоияи расмӣ.
Мақомоти амниятии Ёқутистон мегӯянд, ки Р., с.т. 1974, ҳангоми ариза додан барои гирифтани шаҳрвандии Русия ба мақомоти муҳоҷират дар бораи худ маълумоти бардурӯғ додааст.
Ӯро аз ҷумла ба он гунаҳкор мекунанд, ки иштирок доштанаш дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз ҷониби мухолифини исломиро пинҳон доштааст.
“Гуруҳи мусаллаҳро як хешованди ӯ, ки созмони террористӣ ташкил карда буд, роҳбарӣ мекард. Бо мақсади пинҳон доштани шахсияти худ, ҳамчунин аз тарси кашида шудан ба ҷаовбгарии ҷиноятӣ дар Тоҷикистон, Р. дар ивази пул ному насаби худро дар шиносномаи миллиаш иваз кардааст “, – гуфта мешавад дар иттилоияи ФСБ.
Аммо шахсияти Р. ва ҳамчунин шахсияти он фармондеҳи нирӯҳои мухолифини тоҷик, ки Р. гӯё таҳти фармони ӯ меҷангид, ошкор карда нашудааст.
Дар моҳи апрели соли 2021 ин размандаи собиқи Иттиҳоди мухолифини тоҷикро бар асоси қарори ВКД Ёқутистон боздошт ва дар боздоштгоҳи муваққати муҳоҷирони хориҷӣ ҷо кардаанд. Баъди лағви шаҳрвандии Русияаш, Р. аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шуд ва барои 30 сол – то 31 майи соли 2051 аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия ҳам маҳрум шуд.
Дар бораи сарнавишти ӯ баъди ихроҷаш ба Тоҷикистон маълумоте дар даст нест. Маълум нест, ки ӯро баъди расиданаш ба Ватан дастгир карданд ё хайр?