ВидеоТоҷикистонХабарҳои кӯтоҳ

4 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ЯРЧ ДАР ДЕВАШТИЧ САБАБИ МАРГИ 5 НАФАР, АЗ ҶУМЛА 3 КӮДАК ШУД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон тасдиқ кард, ки рӯзи 17 май, бар асари ярч (фурӯ рафтани теппа) дар деҳаи Дархони ҷамоати Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич 5 нафар, аз ҷумла 3 кӯдак, ҳалок шудаанд. Қаблан сокинон дар бораи ҳалокати 6 нафар хабар дода буданд.

КҲФ гуфт, як теппа тақрибан соати 14:00 -14:30  болои ду хона дар деҳаи Дархон фурӯ рехтааст. Дар натиҷа дар як хона модари хонадон бо ду фарзандаш, ки яке 11 ва дуюмӣ 10 сол дошт, зери лой монданд. Ярч ҳамчунин хонаи ҳамсояи онҳоро низ зер кардааст ва зани ҷавони 21-сола ҳамроҳ бо фарзанди ширхори яксолааш зери лой мондаву ҳалок шудаанд. 

Ҳамсояҳо ба зудӣ ин 5 нафарро аз зери лой берун овардаанд, вале онҳо алакай ҷон дода буданд.

КҲФ мегӯяд, дар теппаи болои хонаи худ бидуни риояи қоидаҳои бехатарӣ ва агрономиву обёрӣ ниҳол шинондану боғ бунёд кардани як сокини Дархон, ки дар ин фоҷиа ҳамсар ва ду фарзандашро аз даст дод, сабаби ин офати ногаҳонӣ шудааст. Оби зиёд тадриҷан заминро нарм кардаву теппа лағжидааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи КҲФ.

Таҳқиқи сабабҳои ин фоҷиа идома дорад.

КҲФ Тоҷикистон бо изҳори таслият ба наздикони қурбониёни ин фоҷиа дар ноҳияи Деваштич аз шаҳрввандон хостааст, ки зимни амалӣ кардани тарҳҳои бунёдкории худ, аз ҷумла бунёди боғ дар теппаҳои наздик ба манотиқи аҳолинишин,  бо мутахассисон маслиҳату машварат намоянд ва барои таъмини амнияту бехатарии худ сари вақт тадбирҳо андешанд.

Хабари ҳалокати 5 сокини деҳаи Дархон бар асари лағжидани теппа дар ҳолест, ки дар нимаи аввали моҳи май Тоҷикистон шоҳиди як силсила селҳои харобиовар ва дигар офатҳои табиӣ шуд.

Рӯзи 6 май бара сари кӯчидани як масоҳати бузурги замин дар деҳаи Навобод дар ноҳияи Хуросон 15 хона ва ҳудуди 100 гектар замини кишт ба зери хок рафт.

Рӯзи 11 май селҳои харобиовар сабаби марги 9 нафар, аз ҷумла 3 нафар дар Кӯлоб, 3 нафар дар ноҳияи Ш.Шоҳин ва якнафарӣ дар Ҳисору Вахшу Кӯшониён шуд.

Аксҳо аз ҷойи ҳодиса (манбаъ сомонаи КҲФ) .

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button