ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

РӮЗИ 17 МАЙ БОЗ ДУ ҲАВОПАЙМО НАТАВОНИСТ АЗ ДУШАНБЕ МУСОФИРОНРО БА РУСИЯ БУБАРАД

Рӯзи 17 май  боз ба ду парвози чартерии ширкатҳои ҳавопаймоии Русия аз фурудгоҳи Душанбе иҷозат надодаанд ва ин боиси аз роҳи сафар ба Русия мондани садҳо мусофир шудааст.

Ҳавопаймои ширкати “NordWind” (“Северный Ветер”)  бояд ҳанӯз субҳи барвақти 17 май, соати 07:00 бо хатсайри № N4710 аз Душанбе ба Қазон парвоз мекард. Вале баъди чанд соати дар саҳни фурудгоҳ нигоҳ доштани мусофирон, ба онҳо гуфтанд, ки парвоз намешавад. Ширкати “Северный Ветер” аз 11 май дар роҳи анҷоми парвозҳои чартериаш аз шаҳрҳои Тоҷикистон дучори мушкил шудааст ва ин боиси дар фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд дармондани чанд ҳазор мусофири ин ширкати русӣ шудааст.

Рӯзи 17 май аз фурудгоҳи Душанбе мебоист соати 12:20 ҳавопаймои ширкати русии S7  бо хатсайри № 7 5552 ба Новосибирск парвоз мекард. Вале то замоне ки ин гузориш омода мешуд, ба ин ҳавопаймо низ ҳанӯз иҷозати парвоз надода буданд ва бори охир шурӯи парвозро то соати 15:55 ба вақти Душанбе ба таъхир андохта буданд.

Танҳо парвозе, ки рӯзи 17 май аз фурудгоҳи Душанбе ба Русия анҷом шуд, парвози ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” бо хатсайри № SMR 201  ба Маскав аз тариқи Қаршии Ӯзбекистон буд.

Далели ба таъхир гузоштану бекор кардани дастикам ду парвози рӯзи 17 май аз фурудгоҳи Душанбе рӯшан нест.

Вале Мироҷ Азизов, раҳбари намояндагии “Северный ветер” дар Тоҷикистон рӯзи 16 май ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба ширкати онҳо иҷозаи парвоз надодааст. Далели ин истифодаи “Северный ветер” аз ҳавопаймоҳои бузург будааст, ки мақомоти Душанбе онро ба талаботи бехатарии фурудгоҳҳои Тоҷикистон номувофиқ  донистаанд.

Вале Мироҷ Азизов гуфтааст, ки ба онҳо бо чунин ҳавопаймо ду бор иҷозаи парвоз доданд, вале рӯзи 12 май иҷозатномаашонро бекор карданд.

“Дар аввал онҳо худашон гуфтанд, ки ҳавопаймои бузургтар биоред, ки мусофир зиёд аст. Вақте иҷозат доданду мо чиптаҳоро фурӯхтем, иҷозатномаи моро бекор карданд. Агар барои фурудгоҳ мувофиқ намебуд, ду бор моро бо чунин ҳавопаймо қабул намекарданд. Чун мусофир зиёд буд, ба хотири сардаргум нашудан мо ҳавопаймое овардем, ки ғунҷоиши 440 мусофирро дорад”, –гуфт ӯ.

Русия аз 1 апрел ба анҷоми парвозҳо аз Тоҷикистон иҷозат дод. Ва дар ин якуним моҳи гузашта ин бори аввал нест, ки  байни Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ва ширкатҳои ҳавопаймоии Русия, ки ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русияро ба даст овардаанд,  ихтилофи назар пеш меояд.

Дар рӯзҳои аввали шурӯи дигарбораи парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия талабот ба чиптаҳои парвоз чунон зиёд шуд, ки ширкатҳо бо истифода аз гармии бозор нархи парвозҳо то Русияро то ба 17 ҳазор сомонӣ расонданд, ки норозигии сахт ва ҳатто қаҳру ғазаби мардумро ба бор овард.

Агентии авиатсияи гражданӣ дар вокуниш ба ин, рӯзи 22 апрел намояндагони 4 ширкати ҳавопаймоии Русияро даъват карда, ба онҳо барои пойин овардани нархи парвозҳояшон ду рӯз вақт дод. Агентӣ гуфт, дар сурати иҷро накардани ин талаб, ширкатҳои ҳавопаймоии Русияро аз ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия маҳрум хоҳад кард. Ширкатҳои русӣ ин талабро пазируфтанд ва нархҳояшонро то ҳадди аз 3 ҳазор то 8 500 сомонӣ пойин оварданд.

Вале акнун ҳазорон нафаре, ки барои парвоз то Русия пули зиёд дода, чипта харидаанд, ба сабаби ихтилофи нави пешомада байни ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон наметавонанд ба Русия парвоз кунанд.

Аксари онҳое ки ба Русия мераванд, муҳоҷирони корианд, ки Русия манбаи асосии таъмини зиндагии оилаҳояшон мебошад. Соли 2020, ки Русия ба далели пандемияи коронавирус марзҳояшро баст, интиқоли пул аз он кишвар ба Тоҷикистон қариб 800 миллион доллар коҳиш ёфт ва ба сатҳи некӯаҳволии аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон, ки пойбанди пулҳои фиристодаи азизони муҳоҷирашон мебошанд, таъсири манфӣ расонд.

Боз шудани марзи Русия роҳи садҳо ҳазор талабгори муҳоҷират ба Русияро кушод, вале нархи баланди чиптаҳо бахши аъзами онҳоро аз лиҳози молиявӣ аз имкони ҳатто ба мардикорӣ рафтан маҳрум кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button