ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ОДАМКУШӢ ДАР НАЗДИ МАРКАЗИ САВДОИ “САФАРИЁН”

Як марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш 2 маротиба бо моддаи 244 ( бо ҷурми дуздӣ), 1 маротиба бо моддаи 249 ( бо ҷурми роҳзанӣ) ва 1 маротиба бо моддаи 255 ( бо ҷурми қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ин дафъа бо иттиҳоми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марги инсон шудааст, дастгир шуд.

ВКД гуфт, ки ӯ нимаи дуюми рӯзи 15 май, тахминан соати 17, дар назди маркази савдои «Сафариён»  дар кӯчаи Шерализодаи пойтахт, бо сокини 47-солаи  Душанбе ҷангу ҷанҷол карда, ӯро шадидан лату кӯб намудааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ба марди дастгиршуда акнун бар асоси қисми сеюми моддаи 110 КҶ ҶТ аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

ххххххххх

Як марди 28-солаи сокини шаҳри Конибодом, ки соли 2019 дар Федератсияи Россия бо моддаи 158 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Ба гуфтаи мақомот, ӯ шаби 16 май, соати 01:30 аз ҳудуди заминҳои ба номи Э.Бойматов, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри мазкур як сар чорвои калони шохдори мутаааллиқ ба сокини 33-солаи Конибодомро дуздидааст.

Инчунин, сокини 28-солаи ҷамоати Ҳ.Алиеви ноҳияи Зафаробод ба он гумонбар мешавад, ки шаби 2 май, соати 01:30 аз ҳудуди заминҳои кишти хоҷагии деҳқонии «Искандар” як сар чорвои калони мутааллиқ ба ҳамдеҳаи 51-солаашро дуздида, ба ӯ 15 ҳазор сомонӣ зарар расондааст.

Ба ин ду нафар акнун барои дуздии чорво ҷарима ваё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 17 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани марди 47-сола дар натиҷаи қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш 2 маротиба бо моддаи 244, 1 маротиба бо моддаи 249 ва 1 маротиба бо моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 15-уми майи соли 2021, тахминан соати 17:00, дар кӯчаи Шерализодаи пойтахт, назди маркази савдои «Сафариён» бо марди 47-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намудааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Акс аз бойгонӣ

Ошкор гардидани дуздии чорвои калони шохдор

Ба ШВКД дар шаҳри Конибодом бо ариза марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 16-уми майи соли 2021, тахминан соати 01:30-дақиқа, шахсони номаълум, бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди заминҳои ба номи Э.Бойматов, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри мазкур 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳаноми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Конибодом, ки соли 2019 дар Федератсияи Россия бо моддаи 158 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Алиеви ноҳияи Зафаробод бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 2-юми майи соли 2021, тахминан соати 01:30-дақиқа, аз ҳудуди заминҳои кишти хоҷагии деҳқонии «Искандар», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ҳ.Алиев 1-сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 51-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Алиев тааллуқ дорад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button