ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 17 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими душанбе, 17 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

ҶАНҶОЛУ ДАШНОМДИҲИИ ПИСАРИ МУФТИИ СОБИҚ ДАР МАСҶИД

РӮЗИ 17 МАЙ БОЗ ДУ ҲАВОПАЙМО НАТАВОНИСТ АЗ ДУШАНБЕ МУСОФИРОНРО БА РУСИЯ БУБАРАД

ЯК СОКИНИ ҶАМОАТИ ЧИЛГАЗИИ ИСФАРА ДАР БОДКАНД ДАР БОЗДОШТ ҚАРОР ДОШТААСТ

БОЗДОШТИ ДУ КОРМАНДИ ВАЗОРАТИ МОЛИЯ БАРОИ ДУЗДИИ БЕШ АЗ 4 МИЛЛИОН СОМОНӢ

ОДАМКУШӢ ДАР НАЗДИ МАРКАЗИ САВДОИ “САФАРИЁН”

САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР ОҚСӮ

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Ҷамолиддин Неъматзода, сархатиби ноҳияи Рӯдакӣ ва писари муфтии собиқи Тоҷикистон Амонулло Неъматзода, ки баъди расонаӣ шудани видеои дашномдиҳиаш дар масҷид дар сархатти хабарҳо афтод,  баъди даъваташ ба “суҳбат” аз ҷониби мақомот дар бемористон бистарӣ шудааст.  Мақомоти Кумитаи дин қаблан гуфта буданд, ки навори бадгӯиву бадрафтории сархатибро тафтиш хошанд кард. Афшини Муқим, сухангӯ и Кумитаи дин рӯзи 17 май ба Радиои Озодӣ гуфт,  шуъбаи дини ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ Ҷамолиддин Неъматзодаро барои амалҳояш даъват кардааст, вале “Неъматзода бемор ва дар беморхона бистарӣ будааст“. Баъд аз мураххас шудан аз бемористон ӯро муҳокима мекунанд”, — афзуд Афшини Муқим.

Қаблан гузориш шуда буд, ки рӯзи 7 май дар масҷиди деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ пеш аз намози таровеҳ байни имомхатиб ва чанд намозгузор ҷанҷол шудааст. Дар видео  дида мешавад, ки яке аз намозгузорон аз мардумро дашном додани писари имомхатиб, ки ба ҷои падараш имоматӣ кардани ӯ мояи норозигии намозгузорон шуд, изҳори нороҳатӣ мекунанд ва Ҷамолиддин Неъматзода ба нишони ҳимоят аз писараш бо ин мард вориди баҳси бигӯбигӯ мешавад. Мулло Ҷамолидин аз гиребони он мард дошта кашола мекунад, то ки ӯро ба ҳуҷраи дигари масҷид барад.  Намозгузорон монеъ мешаванд ва мегӯянд, “ин корро накунед”, “айб аст”.

Коллаж аз Радиои Озодӣ

Вале  Ҷамолиддин Неъматзода як дашноми обдоре ба забон меораду бо баландгӯяк хитоб ба мардум мегӯяд: “Ҳамин масҷидро маҳкам накунам агар, ман зани шумо шуда бошам! Як ҳаёт дигар дар ин масҷид намоз намехонед! Бимиред ба ин рӯзатон! Наҳзатиҳову салафиҳо дар ин ҷо туп (манзур ҷамъ омадед) боз- а?”.​

Ин бори аввал нест, ки номи Ҷамолиддин Неъматзода, писари муфтии пешин ба таври моҷароомез расонаӣ мешавад.

Ӯ соли 2014 низ барои ҷанҷолаш бо Эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода барои имоматии намози ҷанозаи як марди солхӯрда вирди забонҳо шуда буд. Як сокини солхӯрдаи Рӯдакӣ он вақт васият карда буд, ки намози ҷанозаашро Эшони Нуриддинҷон бихонад, вале Ҷамолиддин Неъматзода ӯро ба имоматӣ роҳ надод ва пойфишорӣ мекард, ки ба ҳайси сархатиби ноҳия имоматии намози ҷанозаи ин сокини ноҳия ҳаққи ӯст.

Боздошти Махдуми Абдулҳақ, имомхатиби масҷиди марказии ноҳияи Шоҳмансур баъд аз маросими дафни Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободиро низ бархе ба ихтилофи байни ӯву Ҷамолиддин Неъматзода дар пайи ба ихтиёри Махдуми Абдулҳақ гузаштани масҷиди Ҳазрати Мавлоно, ки қаблан дар ихтиёри ноҳияи Рӯдакӣ буду имоматиашро Ҷамолиддин Неъматзода дар даст дошт, рабт медиҳанд. Ба гуфтаи манобеи огоҳ, баъди аз даст додани масҷиди Ҳазрати Мавлоно Ҷамолиддин Неъматзода нисбат ба Махдуми Абдулҳақ хусумат пайдо кард ва дар бораи суханрониаш дар намози ҷанозаи Домулло Ҳикматуллоҳ ба мақомоти амниятӣ маълумот дод.

хххххххххххх

Рӯзи 17 май  боз ба ду парвози чартерии ширкатҳои ҳавопаймоии Русия аз фурудгоҳи Душанбе иҷозат надодаанд ва ин боиси аз роҳи сафар ба Русия мондани садҳо мусофир шудааст.

Ҳавопаймои ширкати “NordWind” (“Северный Ветер”)  бояд ҳанӯз субҳи барвақти 17 май, соати 07:00 бо хатсайри № N4710 аз Душанбе ба Қазон парвоз мекард. Вале баъди чанд соати дар саҳни фурудгоҳ нигоҳ доштани мусофирон, ба онҳо гуфтанд, ки парвоз намешавад. Ширкати “Северный Ветер” аз 11 май дар роҳи анҷоми парвозҳои чартериаш аз шаҳрҳои Тоҷикистон дучори мушкил шудааст ва ин боиси дар фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд дармондани чанд ҳазор мусофири ин ширкати русӣ шудааст.

Рӯзи 17 май аз фурудгоҳи Душанбе мебоист соати 12:20 ҳавопаймои ширкати рсии S7  бо хатсайри № 7 5552 ба Новосибирск парвоз мекард. Вале то замоне ки ин гузориш омода мешуд, ба ин ҳавопаймо низ ҳанӯз иҷозати парвоз надода буданд ва бори охир шурӯи парвозро то соати 15:55 ба вақти Душанбе ба таъхир андохта буданд.

Танҳо парвозе, ки рӯзи 17 май аз фурудгоҳи Душанбе ба Русия анҷом шуд, парвози ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” бо хатсайри № SMR 201  ба Маскав аз тариқи Қаршии Ӯзбекистон буд.

Далели ба таъхир гузоштану бекор кардани дастикам ду парвози рӯзи 17 май аз фурудгоҳи Душанбе рӯшан нест.

Вале Мироҷ Азизов, раҳбари намояндагии “Северный ветер” дар Тоҷикистон рӯзи 16 май ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба ширкати онҳо иҷозаи парвоз надодааст. Далели ин истифодаи “Северный ветер” аз ҳавопаймоҳои бузург будааст, ки мақомоти Душанбе онро ба талаботи бехатарии фурудгоҳҳои Тоҷикистон номувофиқ  донистаанд.

Вале Мироҷ Азизов гуфтааст, ки ба онҳо бо чунин ҳавопаймо ду бор иҷозаи парвоз доданд, вале рӯзи 12 май иҷозатномаашонро бекор карданд.

“Дар аввал онҳо худашон гуфтанд, ки ҳавопаймои бузургтар биоред, ки мусофир зиёд аст. Вақте иҷозат доданду мо чиптаҳоро фурӯхтем, иҷозатномаи моро бекор карданд. Агар барои фурудгоҳ мувофиқ намебуд, ду бор моро бо чунин ҳавопаймо қабул намекарданд. Чун мусофир зиёд буд, ба хотири сардаргум нашудан мо ҳавопаймое овардем, ки ғунҷоиши 440 мусофирро дорад”, –гуфт ӯ.

Русия аз 1 апрел ба анҷоми парвозҳо аз Тоҷикистон иҷозат дод. Аксари онҳое ки ба Русия мераванд, муҳоҷирони корианд, ки Русия манбаи асосии таъмини зиндагии оилаҳояшон мебошад. Соли 2020, ки Русия ба далели пандемияи коронавирус марзҳояшро баст, интиқоли пул аз он кишвар ба Тоҷикистон қариб 800 миллион доллар коҳиш ёфт ва ба сатҳи некӯаҳволии аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон, ки пойбанди пулҳои фиристодаи азизони муҳоҷирашон мебошанд, таъсири манфӣ расонд. Боз шудани марзи Русия роҳи садҳо ҳазор талабгори муҳоҷират ба Русияро кушод, вале нархи баланди чиптаҳо бахши аъзами онҳоро аз лиҳози молиявӣ аз имкони ҳатто ба мардикорӣ рафтан маҳрум кардааст.

хххххххххххххх

Саидмурод Ишанов, як сокини ҷамоати Чилгазии Исфара  ва падари 4 фарзанд, рӯзи 1 май, дар айни авҷи муноқишаҳои хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дастгир шудааст ва инак беш аз ду ҳафта боз дар вилояти Бодканд дар боздошт қарор дорад.

Қобилҷон Азимов, бародари Саидмурод ба “Азия Плюс” гуфтааст, ки бародараш рӯзи 1 май аз Чилгазӣ ба маҳаллаи Дӯстии деҳаи Боғистон барои хабаргирии кӯдаки навзодаш рафта буд, вале ду сокини деҳаи Равоти Қирғизистон ӯро дастгир карда, ба мақомоти қирғиз супурдаанд.

Маҳаллаи Дӯстии деҳаи Боғистонро аз Равот ҳамагӣ як ҷӯйбори бетонӣ (лоток) ҷудо мекунад.

“Ҳамсараш се рӯз пеш таваллуд карда ба деҳаи Боғистон назди модараш рафта буд. Бародарам барои дидани онҳо рафт. Аз он ҷо ду шаҳрванди одиии қирғиз ӯро ба ҳудуди худ гузаронида, бурда ба милисаи Бодканд супоридаанд”, – мегӯяд Қобилҷон Азимов.

Ба гуфтаи ӯ, кормандони милисаи вилояти Бодканд барои раҳоии бародараш 4 ҳазор доллар талаб доранд. Қобилҷон Азимов дар номааш ба раиси шаҳри Исфара ва раиси вилояти Суғд навиштааст, ки онҳо аз ҳисоби устогӣ рӯз мебаранд ва тавони пардохти чунин пули зиёдро надоранд.

Вале Нуриддин Каримов раиси ҷамоати Чилгазии шаҳри Исфара дар суҳбат ба “Азия-Плюс” қазияро каме дигар тасвир кардааст:  “Шаби 30-уми апрел оташбас эълон шуд, рӯзи 1-уми май ба хонаи кадом шиноси қирғизаш гузашта, рафтааст. Он рӯз назорат ҷиддӣ буд ва мо худамон ҳам ягон қирғизро иҷозаи гузаштан намондем. Чӣ хел шудасту гузашта рафтаст. Онҷо сарҳадро танҳо як ҷӯйбор ҷудо мекунад. Аз он ҷо гузаштааст, ҳоло бо ҷурми вайрон кардани сарҳади давлатӣ онҳо парванда кушодаанд. Ман ин масъаларо ба мақомоти интизомӣ ва се рӯз пеш ба муовини аввали ВКД ҳам омада буданд, гуфтем. Ҳоло масъалаи чӣ тавр оварданашро андешида истодаем”.

Дар поёни моҳи апрел дар марзи Исфараву Б.Ғафурови Тоҷикистон бо ноҳияи Бодканду Лайлаки Қирғизистон муноқишаи хунине сар зад, ки бо дастикам 55 куштаву ҳудуди 240 захмиаш пурқурбонитарин муноқиша дар таърихи ҳам муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳам дар таърихи тамоми муноқишаҳои марзии даҳсолаҳои охир дар Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Бино ба иттилои расмӣ, дар ҷараёни муноқиша аз тарафи Тоҷикистон 19 нафар кушта ва 87 нафар захмӣ шуданд. Қирғизистон дар бораи ҳалокати 36 шаҳрвандаш ва ҷароҳат бардоштани беш аз 150 тани дигар хабар додааст.

хххххххххххх

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 17 май хабар дод, ки ду корманди бахши муҳосиботи вазорати молияи Тоҷикистон дар байни се соли 2018-2020 бо роҳи сохтакорӣ беш аз 4 миллион сомониро тасарруф кардаанд.

Маркази матбуоти Агентӣ гуфт, “Рӯзиева Наргиз Меҳмондустовна дар вазифаи сардори шуъбаи муҳосиботи Раёсати корҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истода, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси пешбари ҳамин Раёсат Юсупова Тахмина Ятимовна дар давраи солҳои 2018-2020 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ маблағи умумии 4072232,77 сомониро тасарруф намудаанд.”

Нисбат ба  Рӯзиева Наргиз ва Юсупова Тахмина бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: моддаи 245, қисми 4 ва моддаи 323 (Азонихудкунӣ ба миқдори зиёд) ва 323 (сохтакории хидматӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд ва тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Ба онҳо барои аз они худ кардани маблағҳои давлат ҳамчун ҷазо ҷарима ваё аз 10 то 15 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад. Ҳамин тавр, барои сохтакории хидматӣ Наргиз Рӯзиева ва Тахмина Юсуповаро метавонанд ҷарима банданд ваё ба ба муҳлати аз 1 то 2 сол ба корҳои ислоҳӣ ваё то 2 сол ба зиндон маҳкум кунанд.

Ин бори аввал нест, ки мавридҳои азонихудкунии миллионҳо сомонӣ маблағҳо дар муассисаҳои давлатии Тоҷикистон ошкор карда мешаванд.

 Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон моҳи апрел хабар дода буд, ки дар пайи санҷиши фаъолияти молиявиву иқтисодии нирӯгоҳи Норак тасарруфи  2 миллиону 383,1 ҳазор сомонӣ музди меҳнати коргарони ин нирӯгоҳ аз ҷониби шахсони масъул ошкор гардидааст.

Агентӣ гуфт,  шахсони масъули моддии нирӯгоҳи Норак ин беш аз 2 миллион сомонӣ музди кори коргарони нирӯгоҳро ба воситаи 38 корти пластикӣ аз худ кардаанд.

Дар робита ба ин қазия нисбат ба ду мақоми масъули нирӯгоҳи Норак Шишпаренко Олга ва Раҳматуллоев Лутфулло парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Тоҷикистон яке аз фасодзадатарин кишварҳои дунё ба шумор рафта, дар гузориши солонаи созмони Транспаренси Интенешнал дар байни 180 кишвар аз лиҳози сатҳи фасод имсол дар мақоми 149 ҷой гирифт.

xxxxxxxxxxxxxx

Адабиётшиноси шинохтаи тоҷик Тӯйчӣ Мирзод рӯзи 16 май дар манзилаш дар ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ аз олам чашм пӯшид.  Иллати марги донишманди тоҷик гуфта нашудааст.

Тӯйчӣ Мирзод, ки солҳои охир бо тахаллуси Мирзоди Маонӣ низ менавишт, муаллифи чандин китоби дарсӣ, аз ҷумла китобҳои дарсии “Адабиёти тоҷик” барои синфи 5 (ҳамроҳ бо Розиқ Ҳамидов ва Мирзохӯҷаи Пирзод) ва “Адабиёти тоҷик” барои синфи 9 мебошад. Аз Тӯйчӣ Мирзод китоби “Тулӯи хуршед” (2003) низ ба ёдгор мемонад.

хххххх

Шаби 15 май, тахминан соати 02:30, дар 83-км шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Оқсӯи ноҳияи Данғара, ронандаи мошини тамғаи “Тoйота-Кемри”, сокини 27-солаи Душанбе Нозимов Сайдо ҳангоми  ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба тарафи шаҳри Кӯлоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромад ва мошинашро ба канори рости роҳ чаппа кард.

Дар натиҷа, 2 мусофири ин мошин: Шарипов Ҳасан, с.т. 1990 ва Гадоева Марҷона, с.т. 1992, ҳарду сокини пойтахт, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Ронандаи мошин Сайидо Нозимов ва 2 мусофири дигараш: Каримова Дилфуза, с.т. 1986 ва Юнусов Муҳаммадҷон, с.т. 1993, ҳарду сокини Душанбе ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар  ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

ххххххххх

Як марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш 2 маротиба бо моддаи 244 ( бо ҷурми дуздӣ), 1 маротиба бо моддаи 249 ( бо ҷурми роҳзанӣ) ва 1 маротиба бо моддаи 255 ( бо ҷурми қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ин дафъа бо иттиҳоми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марги инсон шудааст, дастгир шуд.

ВКД гуфт, ки ин мард дар нимаи дуюми рӯзи 15 май, тахминан соати 17, дар назди маркази савдои «Сафариён»  дар кӯчаи Шерализодаи пойтахт, бо сокини 47-солаи  Душанбе ҷангу ҷанҷол карда, ӯро шадидан лату кӯб намудааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ба марди дастгиршуда акнун бар асоси қисми сеюми моддаи 110 КҶ ҶТ аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

ххххх

Як марди 28-солаи сокини шаҳри Конибодом, ки соли 2019 дар Федератсияи Россия бо моддаи 158 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Ба гуфтаи мақомот, ӯ шаби 16 май, соати 01:30 аз ҳудуди заминҳои ба номи Э.Бойматов, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри мазкур як сар чорвои калони шохдори мутаааллиқ ба сокини 33-солаи Конибодомро дуздидааст.

Инчунин, сокини 28-солаи ҷамоати Ҳ.Алиеви ноҳияи Зафаробод ба он гумонбар мешавад, ки шаби 2 май, соати 01:30 аз ҳудуди заминҳои кишти хоҷагии деҳқонии «Искандар” як сар чорвои калони мутааллиқ ба ҳамдеҳаи 51-солаашро дуздида, ба ӯ 15 ҳазор сомонӣ зарар расондааст.

Ба ин ду нафар акнун барои дуздии чорво ҷарима ваё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

xxxxxxxxxx

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button