ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

САРҲАДБОНҲОИ ҚИРҒИЗ ДАСТ ДОШТАНАШОН ДАР СӮЗОНДАНИ ХОНАИ СОКИНИ ЧОРКӮҲ ВА БУРИДАНИ ДАРАХТҲОРО РАД МЕКУНАНД (ВИДЕО+20 АКС)

Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз мақомоти расмии Тоҷикистон хостааст, ки ҳодисаи сӯзондани манзили як сокини Чоркӯҳ ва буридани дарахтони сокинони ин ҷамоатро холисона тафтиш карда, монеи нашри маълумоти бардурӯғ дар бораи дар ин амалҳои ғайриқонунӣ даст доштани шаҳрвандон ва марзбонони Қирғизистон шавад. Маркази матбуоти ин ниҳод даст доштани марзбонҳои қирғиз дар ин ҳодисаҳоро рад кардааст.

Як рӯз қабл расонаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла “Бомдод”, бо такя ба сокинони Чоркӯҳ ва сухангӯи шаҳрдории Исфара Зубайдулло Шомадов хабар доданд, ки сокинони Қирғизистон шоми 14 май хонаи сокини маҳаллаи Хайробод Баҳром Ғафуровро оташ зада, беш аз 230 дарахти мевадиҳандаро дар мавзеи Сиёҳкӯҳ буридаанду шикастаанд. Ҷониби Тоҷикистон мегуфт, ки дар ин амалҳо марзбонҳои қирғиз низ фаъолона иштирок доштанд.

Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон дар изҳороташ гуфт, ки рӯзи 14 май як ҳайъати марзбонҳои қирғиз ҳангоми дидбонӣ мушоҳида кардааст, ки дар наздикии хатти шартии марз хонаи як сокини Тоҷикистон оташ гирифтааст.

«Дар ҷараёни суҳбати телефонии намояндагони марзбонии Қирғизистон дар қисмати Бодканд ва Тоҷикистон дар қисмати Исфара ҷониби Тоҷикистон ҳодисаи сӯхторро тасдиқ кард ва бо ҳадафи амнияти сокинон ва низомиён хост, то ҳайъати марзбонҳои қирғизро муваққатан ба дарунтари қаламрави Қирғизистон интиқол диҳанд», – гуфта мешавад дар изҳорот.

Рӯзи дигар, яъне 15 май дар мавзее, ки ҷониби Қирғизистонро мавзеи Қара ва марбут ба қаламрави ноҳияи Бодканд мешуморанд ва ҷониби Тоҷикистон онро бо номи Сиёҳкӯҳ марбут ба ҷамоати Чоркӯҳ медонад, мулоқоти сардорони воҳидҳои сарҳадӣ ва ҳокимони ҷамоатҳои минтақаҳои ду тарафи марз пиромуни гузоришҳои нашршуда дар бораи буридани дарахтони мевадиҳанда дар наздикии хатти марз доир шудааст.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон иддао кардааст, ки дар ин мулоқот «ҷониби Тоҷикистон ҳодиса аз ҷониби ашхоси номаълум буридани ниҳолҳоро исбот карда натавонист.”

Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар ин робита аз мақомоти расмии Тоҷикистон хостааст, ки ҳодисаи сӯзондани манзили сокини Чоркӯҳро холисона тафтиш карда, монеи нашри маълумоти бардурӯғ дар бораи дар ин амалҳои ғайриқонунӣ даст доштани шаҳрвандони Қирғизистон шавад.

“Дар ин давраи мураккаби оддӣ сохтани муносибатҳо байни кишварҳои мо чунин баёнияҳои мақомоти давлатӣ ва расонаҳои алоҳида метавонад ба афзоиши таниш дар марз биорад ва ба равобити ҳамсоягии байни ду халқи бародар зарба зада, тамоми кӯшишҳои анҷомшуда барои ҳифзи субот ва амнияти марзиро дар минтақа барбод диҳад “,- изҳор кардааст Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Ёдовар мешавем, сокинони ҷамоати Чоркӯҳ дар марзи Исфара бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон ахиран аз муноқишаи нав дар марз бо ин кишвар хабар доданд.

Сокинони Чоркӯҳ ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, ки шоми 14 май, тахминан соати 20:10, сокинони Қирғизистон хонаи шаҳрванди Тоҷикистон Ғафуров Баҳром Бобоҷоновичро дар маҳаллаи Хайробод оташ задааст. Дар натиҷа ҳамаи 4 ҳуҷраи ин хона бо тамоми ҷиҳозаш ба коми оташ рафтааст. Сокинони Хайробод мегӯянд, хонаи Баҳром Ғафуров пурра дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, 100 метр дарунтар аз хатти баҳсии марз ҷойгир шуда буд.

Сокинон дар суҳбат бо “Бомдод” ҳамчунин хабар доданд, ки вақте онҳо ҳамроҳи марзбонони тоҷик ба фурӯ нишондани сӯхтор дар хонаи Баҳром Ғафуров машғул буданд, сокинони Қирғизистон 230 дарахти мевадиҳандаро, ки сокинони Чоркӯҳ дар мавзеи Сиёҳкӯҳ шинонда буданд, шикастанд ё буриданд. Аксари дарахтҳои шикаста ниҳолҳое будаанд, ки сокинони Чоркӯҳ тоза дар ин мавзеъ шинонда буданд.

Дар аксҳо ва сабти видеоие, ки ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз Чоркӯҳ фиристоданд, дида мешавад, ки сокинон талош доранд, то оташро фурӯ нишонанд, вале дар охир мебинем, ки аз он хона танҳо 4 девори қоқ ва боми сӯхтаву хокистаршуда боқӣ мондааст. Дар аксҳо ҳамчунин ниҳолҳои шикаста ва ҳатто бо решааш аз замин кандашуда дида мешаванд.

Ин ҳодисаро Зубайдулло Шомадов, сухангӯи шаҳрдории Исфара низ бо нашри аксҳои зиёд дар Фейсбук тасдиқ кард.

Муноқишаи нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ним моҳ баъди муноқишаи хунини рӯзҳои 28-30 апрел дар марзи ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Ворух ва Сурхи Исфара бо ноҳияи Бодканд ва дар марзи ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон  аст.

Дар ҷараёни он муноқишаҳо аз ҷониби Тоҷикистон, бино ба иттилои расмӣ, 19 нафар кушта ва 87 нафар захмӣ шуданд. Қирғизистон аз кушта шудани 36 шаҳрвандаш ва ҷароҳат бардоштани беш аз 50 нафари дигар хабар додааст. Муноқишаи хунини поёни моҳи апрел дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон бо дастикам 55 куштаву ҳудуди 240 захмиаш хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии даҳсолаҳои охир дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button