ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 16 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими якшанбе, 16 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

САРҲАДБОНҲОИ ҚИРҒИЗ ДАСТ ДОШТАНАШОН ДАР СӮЗОНДАНИ ХОНАИ СОКИНИ ЧОРКӮҲ ВА БУРИДАНИ ДАРАХТҲОРО РАД МЕКУНАНД

ЯК УЗВИ СОБИҚИ ҲНИТ АЗ ЧОРКӮҲ БАЪДИ 6 СОЛ АЗ ЗИНДОН ОЗОД ШУД

ДАР ВИЛОЯТИ САРАТОВ СЕ ХОНАИ РОҲБАРИ ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОН НАРЗУЛЛОХОН ТОШЕВ БА КОМИ ОТАШ РАФТ

4 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ “ҶИНБАРОР” БАРОИ АЛОҚАИ ҶИНСӢ БО ЗАНИ КОРАФТОДА

НАЗИРМАД МӮСОЕВ – АЛЕН ДЕЛОНИ ТЕАТРИ ТОҶИК АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД

МАНИЖА ДАР “ЕВРОВИДЕНИЕ” БО ЧАКАН ВА РӮЙМОЛИ ТОҶИКӢ ҲУНАРНАМОӢ МЕКУНАД

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз мақомоти расмии Тоҷикистон хостааст, ки ҳодисаи сӯзондани манзили як сокини Чоркӯҳ ва буридани дарахтони сокинони ин ҷамоатро холисона тафтиш карда, монеи нашри маълумоти бардурӯғ дар бораи дар ин амалҳои ғайриқонунӣ даст доштани шаҳрвандон ва марзбонони Қирғизистон шавад. Маркази матбуоти ин ниҳод даст доштани марзбонҳои қирғиз дар ин ҳодисаҳоро рад кардааст.

Як рӯз қабл расонаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла “Бомдод”, бо такя ба сокинони Чоркӯҳ ва сухангӯи шаҳрдории Исфара Зубайдулло Шомадов хабар доданд, ки сокинони Қирғизистон шоми 14 май хонаи сокини маҳаллаи Хайробод Баҳром Ғафуровро оташ зада, беш аз 230 дарахти мевадиҳандаро дар мавзеи Сиёҳкӯҳ буридаанду шикастаанд. Ҷониби Тоҷикистон мегуфт, ки дар ин амалҳо марзбонҳои қирғиз низ фаъолона иштирок доштанд.

Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон дар изҳороташ гуфт, «дар ҷараёни суҳбати телефонии намояндагони марзбонии Қирғизистон дар қисмати Бодканд ва Тоҷикистон дар қисмати Исфара ҷониби Тоҷикистон ҳодисаи сӯхторро тасдиқ кард ва бо ҳадафи амнияти сокинон ва низомиён хост, то ҳайъати марзбонҳои қирғизро муваққатан ба дарунтари қаламрави Қирғизистон интиқол диҳанд».

Ҳамзамон Хадамоти марзбонии Қирғизистон иддао кардааст, ки дар ин мулоқот «ҷониби Тоҷикистон ҳодиса аз ҷониби ашхоси номаълум буридани ниҳолҳоро исбот карда натавонист.”

“Дар ин давраи мураккаби оддӣ сохтани муносибатҳо байни кишварҳои мо чунин баёнияҳои мақомоти давлатӣ ва расонаҳои алоҳида метавонад ба афзоиши таниш дар марз биорад ва тамоми кӯшишҳои анҷомшуда барои ҳифзи субот ва амнияти марзиро дар минтақа барбод диҳад “,- изҳор кардааст Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Ёдовар мешавем, сокинони ҷамоати Чоркӯҳ як рӯз қабл ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, ки шоми 14 май, тахминан соати 20:10, сокинони Қирғизистон хонаи шаҳрванди Тоҷикистон Ғафуров Баҳромро дар маҳаллаи Хайробод оташ задаанд. Дар натиҷа ҳамаи 4 ҳуҷраи ин хона бо тамоми ҷиҳозаш ба коми оташ рафтааст. Сокинони Хайробод мегӯянд, хонаи Баҳром Ғафуров пурра дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, 100 метр дарунтар аз хатти баҳсии марз ҷойгир шуда буд.

Сокинон дар суҳбат бо “Бомдод” ҳамчунин хабар доданд, ки вақте онҳо ҳамроҳи марзбонони тоҷик ба фурӯ нишондани сӯхтор дар хонаи Баҳром Ғафуров машғул буданд, сокинони Қирғизистон 230 дарахти мевадиҳандаро, ки сокинони Чоркӯҳ дар мавзеи Сиёҳкӯҳ шинонда буданд, шикастанд ё буриданд. Аксари дарахтҳои шикаста ниҳолҳое будаанд, ки сокинони Чоркӯҳ тоза дар ин мавзеъ шинонда буданд.

Муноқишаи нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ним моҳ баъди муноқишаи хунини рӯзҳои 28-30 апрел аст, ки бо дастикам 55 куштаву ҳудуди 240 захмиаш хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии даҳсолаҳои охир дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

хххххххххххх

Бобоҳидо Ҳайдаров, омӯзгори мактаби ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ва раҳбари собиқи шуъбаи чоркӯҳии ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ), баъди қариб 6 сол дар пайи адои пурраи ҳукмаш аз маҳбас озод шудааст. Як сокини Чоркӯҳ гуфт, муаллим Ҳайдаровро  дар рӯзи иди саиди Фитр, яъне 13 май аз маҳбас ҷавоб додаанд.

Дар видеое, ки нусхааш ба дасти пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид, Бобоҳидо Ҳайдаров дар ҳоле дида мешавад, ки ӯро дар Чоркӯҳ наздикону ҳамсоягонаш гарм истиқбол гирифта истодаанд.

Бобоҳидо Ҳайдаров, ки роҳбарии шуъбаи ҲНИТ дар ҷамоати Чоркӯҳро ба дӯш дошт ва ҳамчунин муовини раҳбари бахши ҲНИТ дар Исфара буд,  моҳи сентябри соли 2015 дар пайи манъи фаъолияти ҲНИТ, дар мавҷи аввали боздошти даҳҳо нафар аз аъзо ва роҳбарони ин ҳизби оппозитсионӣ дастгир ва бо ҷурми фаъолиятҳои ифротӣ ва ташкили созмони ифротӣ ба 6 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Мақомоти Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 дар пайи саркӯби ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, ҲНИТ-ро ба даст доштан дар ин ошӯб айбдор карда, фаъолияташро манъ карданд. ҲНИТ ҳамчунин аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҳарду рӯйхатти сиёҳи созмонҳои ифротӣ ва террористӣ шомил карда шуд.

Дар пайи ин даҳҳо нафар аз аъзо ва роҳбарони ҲНИТ дар Тоҷикистон боздошт ва маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шуда, садҳо тани дигар тарки кишвар карданд.

Роҳбарони ҲНИТ, ки ҳоло асосан дар Аврупо фаъолият дорад, ҳар навъ даст доштанаш дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалимро рад мекунанд ва мегӯянд, он ошӯб барои мақомоти Душанбе як баҳона барои аз саҳна рондани бузургтарин ташаккули мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон шуд.

хххххххххх

Нимаи дуюми рӯзи 15 май, тахминан соати 17:20 дар деҳаи Междуречйеи ноҳияи  Волски вилояти Саратови Русия сӯхтори бузург рӯй дод. Дар кӯчаи Избаликовская 3 хона бо иншооти хоҷагиаш ба коми оташ рафт. Ин се ҳавлиро ба Нарзуллохон Додохонович Тошев, роҳбари ҷамъияти тоҷикони ноҳияи Волск ва раиси хоҷагии деҳқонию фермерие, ки бо парвариши сабзавот шуҳрат дорад, рабт медиҳанд. 

Ба гуфтаи манбаи нашрияи маҳаллии  «Вольск.Ру», “сӯхтор аз тарафи иншооти хоҷагӣ оғоз ёфтаааст. Сабаби дақиқтари сӯхтор муайян карда мешавад.”

Дар сӯхтор касе аз сокинон осеб надидааст, вале ду хонаи чӯбин пурра сӯхтааст ва ду сар гов нобуд шуда, беш аз 10 сар чорвои дигарро наҷот додаанд. Дар яке аз хонаҳое, ки ба коми оташ рафт, бародари Тошев бо аҳли оилааш зиндагӣ мекард. Дар хонаи дуюм касе зиндагӣ надошт.

Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест.

Нарзуллохон Тошев як шахсияти дар ноҳияи Волск машҳур мебошад. Ӯ ҳамроҳи аҳли оилаи худаш, оилаи бародараш ва оилаи як домодашон ҳанӯз 20 сол пеш ба ноҳияи Волск омада машғули деҳқонӣ шуд. Ӯ аввал 3 гектар замини бекорхобида ва аҷириқу бурянзадаро ба иҷора гирифт ва ҳоло хоҷагии деҳқониаш дар 100 гектар замин тарбузу бодирингу помидор, картошкаву карам ва анвоъи дигар сабзавот мекорад.  Вале маҳсулоти асосии хоҷагии фермерии Тошевҳо кабачок аст, ки соли 2020 аз он 600 тонна ҳосил гирифтаанд. Хоҷагии деҳқонии Тошевҳо ҳамчунин бо дӯконҳои фурӯши сабзавоти худ бо исми «Овощи из Междуречья» ном баровардааст.

ххххххххххххххххх

Ғайбулло Абдуллоев

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Ғайбулло Абдуллоев, сокини 72-солаи ҷамоати Бунҷикати ноҳияи Шаҳристонро  бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон  бо ҷурми ҳаракатҳои бадахлоқона бо сӯиистифода аз боварии динӣ (моддаи 142, иловаи 1) ва қаллобӣ (моддаи 247) гунаҳкор шинохта, ба 4 соли зиндони низомаш пурзӯр ва 12 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум кард. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд дар як гузориши телевизионӣ гуфт, ки Ғайбулло Абдуллоев занони ихлосманд ба усули табобаташро бовар мекунонд, ки онҳо дар баданашон ҷин доранд ва бо баҳонаи аз бадани онҳо берун андохтани ҷин ба ин занҳо наздикӣ мекардааст.

Ин “ҷинбарор” аз ҷумла ба он айбдор дониста шуд, ки аз як зани сокини Хуҷанд ҳамчун ҳаққи хидмат 200 сомонӣ гирифта, ба болои ин, бо зани корафтода алоқаи ҷинсӣ ҳам кардааст.

Дар наворҳои фаврие, ки дар гузориш истифода шудааст, дида мешавад, ки Ғайбулло Абдуллоев як ҷавонзанро ба оғӯш кашида, бӯсаборон мекунад. Ғайбулло Абдуллоев моҳи феврали соли ҷорӣ дастгир шуд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ҳамин ҳол, дар барномаи “Ахбори ВКД” аз боздошти як сокини 63-солаи ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон бо гумони ба манбаи пешбурди рӯзгораш табдил додани сеҳру ҷоду ва мардумфиребӣ хабар дод.

Офоқ Қодириён, сухангӯи РВКД вилояти Хатлон дар гузоришаш хабар дод, ки Содиқов Мирзошариф, сокини деҳаи Ҳалқаҷар дар манзилаш ба сеҳру ҷоду машғул гардида, байни мардум ҳамчун “муллои ҷодугар” ном бароварда буд. Ба гуфтаи мақомот, Содиқов Мирзошариф  бо сӯиистифода аз боварии динӣ корафтодагонро, ки аксарашро занон ташкил медоданд,  бовар мекунонид, ки баъди “табобат”, яъне оби қайтарма, хунгирӣ аз пушти китфҳояшон сеҳру ҷоду аз баданашон дур гардида, мушкилашон рафъ ва роҳашон кушода мешавад.

Нисбат ба Содиқов бар асоси моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб додаанд.

Ин банди қонун ҳамчун ҷазо барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ  барои шахсони воқеӣ ҷарима ба маблағи аз 2400 то 3000 сомониро пешбинӣ мекунад.

Вақтҳои охир мақомоти Тоҷикистон дар бораи боздошти афроде, ки бо сӯиистифода аз эътиқоди динии мардум даст ба сеҳру ҷодуву фолбинӣ ваё ҷинбарорӣ зада, бархеи онҳо ба номуси занони корафтода дастдарозӣ мекунанд, зиёд хабар медиҳанд.

Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз муҷозоти чунин афрод тоза кардани муҳити динӣ аз нафарони қаллобу қалбдаст ва ҳимояти мардум аз чунин сӯиистифодаҳо аз эътиқоди динии онҳост. Бархе мунтақидон бар инанд, ки ин мавзӯъҳо амдан бо ҳадафи дилсард кардани сокинон аз дин доман зада мешаванд.

Рӯҳониён сеҳру ҷодуро дар Ислом ҳаром ва мамнӯъ мешуморанд ва мегӯянд, ки мулло номидани онҳое, ки даст ба сеҳру ҷоду мезананд, дуруст нест, чунки амали онҳо баракс хилофи арзишҳои шаръист ва ҳеҷ умумияте ба дини Ислом надорад.

хххххх

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, ҳунарпешаи шинохтаи театр ва синамои тоҷик Назирмад Мӯсоев шаби 15 ба 16 май дар синни 70 аз олам чашм пӯшид. Назирмад Мӯсоев тамоми умр дар саҳнаи театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов нақш офаридааст.

Маросими видоъ ва дафни Назирмад Мӯсоев зуҳри 16 май дар Душанбе доир мешавад.

Назирмад Мӯсоев то охирин лаҳзаҳои умр дар саҳна нақш иҷро мекард ва аз ҷумла яке аз нақшҳои асосиро дар намоишномаи “Тарма”, асари драматурги турк Турҷен Ҷуҷуноғлу, ки соли 2019 коргардони машҳури ӯзбек Олимҷон Салимов дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба саҳна гузошт, Назирмад Мӯсоев иҷро кардааст.

Назирмад Мӯсоевро ба далели симои зебое, ки дошт, Ален Делони тоҷик ном мебурданд. Мутаассифона, давраи авҷи ҳунарии ӯ ба замоне рост омад, ки Шӯравӣ пош хӯрд ва Тоҷикистон ба вартаи ҷанги хунини шаҳрвандӣ фурӯ рафту фарҳанги миллӣ, аз ҷумла театр ва синамои тоҷик барои чанд даҳсола рӯ ба завол оварданд.

Аз Назирмад Мӯсоев чандин нақши мондагор ба ёдгор монд, вале чӣ қадар нақши дигаре буд, ки ин ҳунарманди хуби мо орзуи ба саҳна гузоштанашонро дошт, вале ба иллати рукуди театру синамои миллӣ амалӣ сохта натавонист ва  ин ҳама орзуро акнун бо худ ба гӯр бурд.

Дар як соли охир театр ва синамои тоҷик як хайли бузурги ситораҳои даврони Шӯравиашро аз даст дод. Ҳабибуллои Абдураззоқ, Фотима Ғуломова, Мавлудаи Обид, Исо Абдурашидов, Қиёмиддин Чақалзода, Раҳмондӯсти Қурбониён, Мунаввар Мансурхоҷаев, Соҳибсултон Алиназарова ва инак, Назирмад Мӯсоев… паиҳам дар ин як сол тарки мо карданд. Равонашон шод бод!

хххххххххххххх

Овозхони зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин, ки ин ҳафта Русияро дар озмуни муътабари мусиқии қораи Аврупо “Евровидение” намояндагӣ мекунад, мехоҳад зимни ҳунарнамоияш дар саҳнаи ин озмун фарҳанги либоспӯшии мардуми тоҷикро низ ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад.

Бино ба гузориши хабаргузории русии “Спутник”, Манижа дар байни довталабон дар “Евровидение” бо либоси ғайриоддиаш ҳам фарқ мекунад ва дар сарулибоси худ ба таври фаровон аз нақшу нигор ва суннатҳои либосдӯзии тоҷикӣ истифода мебарад. Ба таҳияи либосе, ки Манижа бо он ба саҳнаи “Евровидение” мебарояд, модараш Наҷиба Усмонова машғул будааст.

Бэк –вокалистҳои Манижа ҳам бо либоси чакан ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Нақшу нигори чаканро метавон лар сару либосе, ки Манижа ҳангоми иҷрои кавери таронаи гуруҳи “Тату” – “Не верь, не бойся, не проси”  ва ҳангоми иҷрои фарзияи нави таронаи “Russian Woman” ба бар кард, низ мушоҳида кард. Ин либосро тарроҳи машҳури тоҷик Нафиса Имронова дӯхтааст. Манижа дар муқоваи сингли “Russian Woman”  либоси дӯхтаи Нафиса Имроноваро пӯшида буд.

Имронова ба “Спутник” гуфт, ки ду сол боз бо Манижа ҳамкорӣ дорад. Ӯ тасдиқ кард, ки либоси сиёҳ бо нақшу нигори чакан ва либоси бэк-вокалистҳои Манижаро ӯ дӯхтааст. Имронова гуфт, Манижа бо истифодаи либосҳои нақшу нигорашон чакан мехоҳад таъкид кунад, ки ӯ намояндаи мардуми тоҷик аст. Ба ақидаи тарроҳи тоҷик, Манижа ҳамчунин мехоҳад нишон диҳад, ки чакани тоҷикӣ ба услуби аврупоии либоспӯшб мувофиқ буда, онро ҳатто зиннати бештар медиҳад.

Озмуни “Евровидение 2021” бо иштироки 41 ҳунарманд аз 18 то 22 май дар толори “Ahoy” дар шаҳри Роттердами Ҳолланд доир мешавад.

Русияро дар ин озмун овозхони 30-солаи зодаи Душанбе Манижа Сангин бо таронаи “Russian Woman” намояндагӣ мекунад. Интихоби Манижа вокунишҳои мухталиферо дар Русия ба бор овард ва бархе худи инро, ки як зодаи Тоҷикистон аз номи Русия ба “Евровидение” меравад, зери суол гузоштанд. Дар Русия аз таронаи “Russiаn Woman” ва матну мазмуни он низ зиёд интиқод мекарданд. Вале клипи ин таронаи Манижа бо 10 миллион тамошобин дар канали “Евровидение” дар Ютуб дар байни 41 довталаб ҷои аввалро ба даст овард  ва даҳони бадгӯёнашро баст.

Манижаи Сангин соли 1991 дар Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ набераи забоншиноси шинохтаи тоҷик Тоҷӣ Усмон аст. Манижа 3 сол дошт, ки аҳли оилаи онҳо ба Маскав кӯчид.

Дар аввали моҳи апрел президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии худ аз Манижа  пуштибонӣ кард ва гуфт: “Аҳсан барои он ки аз тоҷикияти худ даст намекашад ва ҳамеша мегӯяд, ки ман тоҷик ҳастам, дар Тоҷикистон ба дунё омадаам.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button