ФарҳангХабарҳои кӯтоҳ
ДАРГУЗАШТИ МУАЛЛИФИ КИТОБҲОИ ДАРСИИ “АДАБИЁТИ ТОҶИК” ТӮЙЧӢ МИРЗОД
Адабиётшиноси шинохтаи тоҷик Тӯйчӣ Мирзод рӯзи 16 май дар манзилаш дар ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ аз олам чашм пӯшид. Иллати марги донишманди тоҷик гуфта нашудааст.
Тӯйчӣ Мирзод, ки солҳои охир бо тахаллуси Мирзоди Маонӣ низ менавишт, муаллифи чандин китоби дарсӣ, аз ҷумла китобҳои дарсии “Адабиёти тоҷик” барои синфи 5 (ҳамроҳ бо Розиқ Ҳамидов ва Мирзохӯҷаи Пирзод) ва “Адабиёти тоҷик” барои синфи 9 мебошад. Аз Тӯйчӣ Мирзод китоби “Тулӯи хуршед” (2003) низ ба ёдгор мемонад.