ВидеоДин ва боварҳо

4 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ “ҶИНБАРОР” БАРОИ АЛОҚАИ ҶИНСӢ БО ЗАНИ КОРАФТОДА ВА БОЗДОШТИ БОЗ ЯК “МУЛЛОИ ҶОДУГАР” (ВИДЕО)

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Ғайбулло Абдуллоев, сокини 72-солаи ҷамоати Бунҷикати ноҳияи Шаҳристонро  бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон  бо ҷурми ҳаракатҳои бадахлоқона бо сӯиистифода аз боварии динӣ (моддаи 142, иловаи 1) ва қаллобӣ (моддаи 247) гунаҳкор шинохта, ба 4 соли зиндони низомаш пурзӯр ва 12 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум кард. Абдуллоев бо ҳукми додгоҳ барои 4 сол аз ҳаққи фаъолияти динӣ низ маҳрум карда шуд.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд дар як гузориши телевизионӣ гуфт, ки Ғайбулло Абдуллоев занони ихлосманд ба усули табобаташро бовар мекунонд, ки онҳо дар баданашон ҷин доранд ва бо баҳонаи аз бадани онҳо берун андохтани ҷин ба ин занҳо наздикӣ мекардааст.

Ин “ҷинбарор” аз ҷумла ба он айбдор дониста шуд, ки аз як зани сокини Хуҷанд ҳамчун ҳаққи хидмат 200 сомонӣ гирифта, ба болои ин, бо зани корафтода алоқаи ҷинсӣ ҳам кардааст.

Дар наворҳои фаврие, ки дар гузориш истифода шудааст, дида мешавад, ки Ғайбулло Абдуллоев як ҷавонзанро ба оғӯш кашида, бӯсаборон мекунад.

Ғайбулло Абдуллоев моҳи феврали соли ҷорӣ дастгир шуд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ҳамин ҳол, дар барномаи “Ахбори ВКД” аз боздошти як сокини 63-солаи ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон бо гумони ба манбаи пешбурди рӯзгораш табдил додани сеҳру ҷоду ва мардумфиребӣ хабар дод.

Офоқ Қодириён, сухангӯи РВКД вилояти Хатлон дар гузоришаш хабар дод, ки Содиқов Мирзошариф, сокини деҳаи Ҳалқаҷар дар манзилаш ба сеҳру ҷоду машғул гардида, байни мардум ҳамчун “муллои ҷодугар” ном бароварда буд.

Ба гуфтаи мақомот, Содиқов Мирзошариф  бо сӯиистифода аз боварии динӣ корафтодагонро, ки аксарашро занон ташкил медоданд,  бовар мекунонид, ки баъди “табобат”, яъне оби қайтарма, хунгирӣ аз пушти китфҳояшон сеҳру ҷоду аз баданашон дур гардида, мушкилашон рафъ ва роҳашон кушода мешавад.

Нисбат ба Содиқов бар асоси моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб додаанд.

Ин банди қонун ҳамчун ҷазо барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ  барои шахсони воқеӣ ҷарима ба маблағи аз 2400 то 3000 сомониро пешбинӣ мекунад. Дар сурати такрори айни қонуншиканӣ дар муддати як соли баъди ҷазои маъмурии қаблӣ, ҳаҷми ҷарима барои шахсони воқеӣ алакай аз 3600 то 6 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод.

Вақтҳои охир мақомоти Тоҷикистон дар бораи боздошти афроде, ки бо сӯиистифода аз эътиқоди динии мардум даст ба сеҳру ҷодуву фолбинӣ ваё ҷинбарорӣ зада, бархеи онҳо ба номуси занони корафтода дастдарозӣ мекунанд, зиёд хабар медиҳанд.

Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз муҷозоти чунин афрод тоза кардани муҳити динӣ аз нафарони қаллобу қалбдаст ва ҳимояти мардум аз чунин сӯиистифодаҳо аз эътиқоди динии онҳост. Бархе мунтақидон бар инанд, ки ин мавзӯъҳо амдан бо ҳадафи дилсард кардани сокинон аз дин доман зада мешаванд.

Рӯҳониён сеҳру ҷодуро дар Ислом ҳаром ва мамнӯъ мешуморанд ва мегӯянд, ки мулло номидани онҳое, ки даст ба сеҳру ҷоду мезананд, дуруст нест, чунки амали онҳо баракс хилофи арзишҳои шаръист ва ҳеҷ умумияте ба дини Ислом надорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button