ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

МУНОҚИШАИ НАВ ДАР МАРЗ БО ҚИРҒИЗИСТОН. ХОНАИ СОКИНИ ЧОРКӮҲРО ОТАШ ЗАДА, 230 НИҲОЛРО ШИКАСТААНД (ВИДЕО +20 АКС)

Сокинони ҷамоати Чоркӯҳ дар марзи Исфара бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон аз муноқишаи нав дар марз бо ин кишвар хабар доданд.

Сокинони Чоркӯҳ ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, ки шоми 14 май, тахминан соати 20:10, сокинони Қирғизистон хонаи шаҳрванди Тоҷикистон Ғафуров Баҳром Бобоҷоновичро дар маҳаллаи Хайробод оташ задааст. Дар натиҷа ҳамаи 4 ҳуҷраи ин хона бо тамоми ҷиҳозаш ба коми оташ рафтааст. Сокинони Хайробод мегӯянд, хонаи Баҳром Ғафуров пурра дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, 100 метр дарунтар аз хатти баҳсии марз ҷойгир шуда буд.

Сокинон дар суҳбат бо “Бомдод” ҳамчунин хабар доданд, ки вақте онҳо ҳамроҳи марзбонони тоҷик ба фурӯ нишондани сӯхтор дар хонаи Баҳром Ғафуров машғул буданд, сокинони Қирғизистон 230 дарахти мевадиҳандаро, ки сокинони Чоркӯҳ дар мавзеи Сиёҳкӯҳ шинонда буданд, шикастанд ё буриданд. Аксари дарахтҳои шикаста ниҳолҳое будаанд, ки сокинони Чоркӯҳ тоза дар ин мавзеъ шинонда буданд.

Дар аксҳо ва сабти видеоие, ки ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” аз Чоркӯҳ фиристоданд, дида мешавад, ки сокинон талош доранд, то оташро фурӯ нишонанд, вале дар охир мебинем, ки аз он хона танҳо 4 девори қоқ ва боми сӯхтаву хокистаршуда боқӣ мондааст. Дар аксҳо ҳамчунин ниҳолҳои шикаста ва ҳатто бо решааш аз замин кандашуда дида мешаванд.

Ин ҳодисаро Зубайдулло Шомадов, сухангӯи шаҳрдории Исфара дар Фейсбук тасдиқ кардааст, вале мақомоти расмии Қирғизистон инро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Муноқишаи нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ним моҳ баъди муноқишаи хунини рӯзҳои 28-30 апрел дар марзи ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Ворух ва Сурхи Исфара бо ноҳияи Бодканд ва дар марзи ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон  аст.

Дар ҷараёни он муноқишаҳо аз ҷониби Тоҷикистон, бино ба иттилои расмӣ, 19 нафар кушта ва 87 нафар захмӣ шуданд. Қирғизистон аз кушта шудани 36 шаҳрвандаш ва ҷароҳат бардоштани беш аз 50 нафари дигар хабар додааст. Муноқишаи хунини поёни моҳи апрел дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон бо дастикам 55 куштаву ҳудуди 240 захмиаш хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии даҳсолаҳои охир дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button