ВидеоДин ва боварҳоСиёсат

ЯК УЗВИ СОБИҚИ ҲНИТ АЗ ЧОРКӮҲ БАЪДИ 6 СОЛ АЗ ЗИНДОН ОЗОД ШУД (ВИДЕО)

Бобоҳидо Ҳайдаров, омӯзгори мактаби ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ва раҳбари собиқи шуъбаи чоркӯҳии ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ), баъди қариб 6 сол дар пайи адои пурраи ҳукмаш аз маҳбас озод шудааст. Як сокини Чоркӯҳ гуфт, муаллим Ҳайдаровро  дар рӯзи иди саиди Фитр, яъне 13 май аз маҳбас ҷавоб додаанд.

Дар видеое, ки нусхааш ба дасти пойгоҳи хабарии “Бомдод” расид, Бобоҳидо Ҳайдаров дар ҳоле дида мешавад, ки ӯро дар Чоркӯҳ наздикону ҳамсоягонаш гарм истиқбол гирифта истодаанд.

Бобоҳидо Ҳайдаров, ки роҳбарии шуъбаи ҲНИТ дар ҷамоати Чоркӯҳро ба дӯш дошт ва ҳамчунин муовини раҳбари бахши ҲНИТ дар Исфара буд, моҳи сентябри соли 2015 дар пайи манъи фаъолияти ҲНИТ, дар мавҷи аввали боздошти даҳҳо нафар аз аъзо ва роҳбарони ин ҳизби оппозитсионӣ дастгир ва бо ҷурми фаъолиятҳои ифротӣ ва ташкили созмони ифротӣ ба 6 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Мақомоти Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 дар пайи саркӯби ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, ҲНИТ-ро ба даст доштан дар ин ошӯб айбдор карда, фаъолияташро манъ карданд. ҲНИТ ҳамчунин аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҳарду рӯйхатти сиёҳи созмонҳои ифротӣ ва террористӣ шомил карда шуд.

Дар пайи ин даҳҳо нафар аз аъзо ва роҳбарони ҲНИТ дар Тоҷикистон боздошт ва маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шуда, садҳо тани дигар тарки кишвар карданд.

Роҳбарони ҲНИТ, ки ҳоло асосан дар Аврупо фаъолият дорад, ҳар навъ даст доштанаш дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалимро рад мекунанд ва мегӯянд, он ошӯб барои мақомоти Душанбе як баҳона барои аз саҳна рондани бузургтарин ташаккули мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button