ВидеоИқтисодТоҷикистон

ХАТАРИ СЕЛУ ОБХЕЗИҲОИ НАВ ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 17 МАЙ БОҚӢ МЕМОНАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз эҳтимоли обхезиҳои нав то поёни ҳафтаи ҷорӣ ҳушдор доштааст. Ин ҳушдор бар пояи пешбинии Агентии ҳавошиносии кишвар аст, ки мегӯяд, аз 14 то 17-уми майи соли равон бар асари идомаи боронҳо болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Қизилсу, Ёхсу, Вахш (Сурхоб) ва Обинхингоб, Зарафшон, ки дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии водии Ҳисор, вилояти Хатлон ва вилояти Суғд ҷойгиранд, хатари болоравии сатҳи об боқӣ мемонад.”Эҳтимоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодаи алоқаманд бо зери  об мондани  соҳилҳо, кандани саддҳо ва шикастурехт дар пулҳои иртиботӣ вуҷуд дорад”, – мегӯянд ҳавошиносон.

Ин дар ҳолест, ки аз рӯзи 4 май дар бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон боронҳои пайдарпай ва селу обхезиҳо  ва чӯкидани замин мушоҳида шуда, сабаби ҳалокати дастикам 9 нафар, вайрон шудани чандин купрӯку иншооти дигари иҷтимоӣ, даҳҳо хонаи мардум ва садҳо гектар замини кишту боғу полез шуд. Пурқурбонитарин рӯзи офатҳои табиӣ 11 май шуд. Дар ин рӯз дар сел 9 нафар, аз ҷумла 3 нафар дар деҳаи Чагами ноҳияи Ш.Шоҳин, 3 нафари дигар дар Кӯлоб, як нафар дар деҳаи Ҳалқадашт дар Ҳисор, як нафар дар ноҳияи Кӯшониён ва як нафари дигар дар ноҳияи Вахш ҷон бохтанд. Аз ин шумор 6 нафарашро дар дохили мошинҳо сел бурдааст.

Дар иртибот ба ҳушдори ахири ҳавошиносон дар мавриди то 17 май боқӣ мондани хатари селу обхезиҳо, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон хостааст, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намоянд.

“Аз рафтан ба шикор, моҳидорӣ ба соҳили дарёҳо, ғунучини ҳезум, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар зироатҳое, ки дар кӯҳҳову доманакӯҳҳо мерӯянд, худдорӣ намоянд. Ҳамчунин рафтан ба чорвочаронӣ ба соҳили махзанҳои об низ дар ин гуна рӯзҳои пурбориш маслиҳат нест”,  таъкид шудааст дар муроҷиатномаи КҲФ.

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо КҲФ аз ронандагоне, ки мошинҳои сияҳшиша доранд, хоҳиш шудааст, ки ҳаракат дар чунин роҳҳо дар соатҳои шабонгаҳро маҳдуд кунанд ва қоидаҳои ҳаракатро ҷиддан риоя намоянд.

КҲФ ҳамчунин бори дигар ба моҳигирон муроҷиат кардааст, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳилҳое, ки эҳтимоли туғёни об доранд, худдорӣ намоянд. “Соҳили ин гуна дарёҳо дар рӯзҳои боронӣ басо хатарноканд ва ин хатарҳо баногаҳ рух медиҳанд”, мегӯяд КҲФ.

КҲФ ҳамчунин ба сокинон тавсия додааст, ки селроҳаҳоро аз ҳар гуна селовардҳо тоза намоянд, то об ба ҳавливу майдонҳои кишти онҳо ворид нашавад. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button