ВидеоМуҳоҷирон

ДУ ЧИПТАФУРӮШИ ҚАЛБАКӢ СОКИНОНРО БА МАБЛАҒИ 128 ҲАЗОР СОМОНӢ ФИРЕБ ДОДААНД (ВИДЕО)

ВКД Тоҷикистон аз боздошти як сокини ноҳияи Ёвон бо иттиҳоми фиреб додани сокинон бо ваъдаи дарёфти чиптаҳои арзонтари парвоз ба Русия хабар дод.

Дар гузорише, ки дар барномаи “Ахбори ВКД” нашр шуд, гуфта мешавад, ки Холов Неъматулло Акбархонович, с.т. 1977,  ва ҳаммаслакаш Расулов Комил, с.т. 1986, сокинони ноҳияи Ёвон, рӯзи 17 апрели соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии сокини Ваҳдат Ширинбек Зайниддинов даромада, барои чиптаи парвози Кӯлоб – Маскав аз ӯ 8 ҳазору 950 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф кардаанд. Онҳо ҳамин тавр бо айни ваъдаи харидани чиптаи Кӯлоб – Маскав аз сокини дигари Ваҳдат Суннатулло Назаров 8 ҳазору 450 сомонӣ гирифта, ӯро низ фиреб додаанд.

Неъматулло Холов ва Комил Расулов дар умум аз 16 сокини Тоҷикистон бо ваъдаи харида додани чиптаи парвоз ба шаҳрҳои Русия маблағҳои бузург гирифта, онҳоро фиреб додаанд ва пулҳои гирифтаашонро ба фоидаи худ сарф кардаанд.

ВКД мегӯяд, Холов ва Расулов дар маҷмӯъ аз корафтодагони фиребхӯрда 128 ҳазор сомонӣ ба даст овардаанд. Мақомот тавонистаанд Неъматулло Холовро дастгир кунанд, вале Комил Расулов фирор кардааст ва ӯро таҳти кофтуков қарор додаанд.

Дар робита ба ин қазия бар асоси моддаи 247 КҶ ҶТ бо иттиҳоми қаллобӣ парванда кушодаанд. Ба Холов ва Расулов дар сурати ҷуброни зарари расондаашон ҷарима ва дар акси ҳол то 8 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Русия, баъди як соли бастани марзҳояш ба сабаби пандемияи коронавирус, аз 1 апрели соли ҷорӣ ба парвозҳо аз Тоҷикистон иҷозат дод. Даҳҳо ҳазор аз сокинони Тоҷикистон, ки манбаи асосии таъмини рӯзгори аксарияти оилаҳояш мардикорӣ дар Русия аст, дар пайи ин барои харидани чиптаи парвоз ба авиакассаҳо фурӯ рехтанд. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо истифода аз чунин гармии бозор нархи парвозҳояшон аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русияро то ба 17 ҳазор сомонӣ боло бурданд.

Талаботи зиёд ба чиптаҳои парвоз ба Русия бозори қаллобонро ҳам гарм кард. Садҳо нафар аз хоҳишмандони сафар ба Русия ба доми қаллобоне афтоданд, ки дар назди авиакассаҳо бо ваъдаи дарёфти чиптаҳои арзонтар сокинонро фиреб медоданд.

Ин ҳама норозигиҳои зиёдро дар байни аҳолӣ ба вуҷуд овард ва Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон рӯзи 22 апрел намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии Русияро даъват карда, ба онҳо барои пойин овардани нархи парвозҳояшон ду рӯз вақт дод. Агентӣ гуфт, дар сурати иҷро накардани ин талаб, ширкатҳоро аз ҳаққи анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия маҳрум хоҳад кард. Ширкатҳои русӣ ин талабро пазируфтанд ва нархҳояшонро то ҳадди аз 3 ҳазор то 8 ҳазору 500 сомонӣ пойин оварданд. Вале корафтодагон мегӯянд, дарёфти чипта бо ин нархҳо чандон осон нест ва боз ҳам дар байн миёнаравҳое пайдо шудаанд, ки аз ҳисоби фарқи бузурги байни нархи расмӣ ва нархи бозор фоидаи калон ба даст меоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button