ВидеоТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 14 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими ҷумъа, 14 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими ин барнома:

НИГАРОНИИ АМРИКО АЗ МАҲДУД КАРДАНИ ОЗОДИҲОИ МАЗҲАБИИ МАРДУМ ДАР ТОҶИКИСТОН

ЯГОНА ТОҶИКИ ВАКИЛИ ДУМАИ ДАВЛАТИИ РУСИЯ РАҲИМ АЗИМОВ ДУЧОРИ САДАМА ШУД

БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОН БАРОИ ҚАТЛИ МАЪШУҚААШ

АНГЕЛИНА ПАДАРИ ТОҶИКАШ ДИЛОВАР МИРЗОЕВРО МЕҶӮЯД

КУМАК БА ХОНАВОДАҲОИ ДУ МИЛИСАИ КУШТАШУДА ДАР БАДАХШОН

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 12 май гузориши солонааш дар бораи вазъи озодиҳои динӣ дар кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистонро нашр кард. Тоҷикистон инак 5 сол боз ба рӯйхатти кишварҳои мавриди нигаронии хоси Амрико дар бобати вайрон кардани озодиҳои динӣ шомил мешавад ва танҳо манфиатҳои стратегии Амрико то кунун сабаб шудааст, ки Вашингтон аз ҷорӣ кардани таҳримот нисбат ба Душанбе худдорӣ кунад.

Гузориши вазорати хориҷаи Амрико бар пояи арзёбиҳои комиссияи байналмилалии озодиҳои мазҳабӣ аст, ки ҳар дафъа ба вазорати хориҷа эъмоли таҳримот ба зидди мақомоти Тоҷикистонро ба далели вайрон ва маҳдуд кардани озодиҳои динии мардум пешниҳод мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон маъмулан арзёбиҳои ниҳодҳои расмии Амрикоро рад мекунанд ва исрор меварзанд, ки ҳуқуқи динии мардум дар Тоҷикистон бидуни каму кост риоя мешавад.

Аммо комиссияи байналмилалии озодиҳои динии Амрико дар арзёбиҳои имсолааш чунин ҳолатҳои поймол ё маҳдуд кардани ҳуқуқи мазҳабии мардум дар Тоҷикистонро зикр карда буд:

  • (а) халал расонидан ба таъини имомҳо ва ба интихоби мавзуъ ва мундариҷаи мавъизаҳои онҳо;
  • (б) назорат аз болои китобҳо ва дигар маводи динӣ;
  • (в) талаботи иҷозати давлат барои гирифтани таҳсилоти динӣ дар хориҷа;
  • (г) манъи вуруд ба масҷид барои онҳое, ки хурдтар аз 18-сола ҳастанд;
  • (ғ) муқаррарот дар бораи сабтиноми ташкилоти динӣ;
  • (д) муқаррарот дар мавриди пӯшиши либос дар ҷашнҳои анъанавӣ ё динӣ ва манъи баъзе либос, ба монанди ҳиҷоб;
  • (е) маҳдудиятҳо нисбат ба ақаллиятҳои динии масеҳӣ, аз ҷумла “Шоҳидони Яҳво”.

хххххх

Рӯзи 13 май мошини вакили Думаи давлатии Русия Раҳим Азимов дар шоҳроҳи Кутузови шаҳри Маскав дучори садама шуд. Лаҳзаи садамаро видеорегистратори мошине, ки аз қафои “ҷип”-и депутат ҳаракат мекард, сабт кардааст. Дар видеои дар Интернет нашршуда дида мешавад, ки як мошини “Skoda”-и рангаш сафед ба хатти дигари роҳ баромада, ба мошини “Range Rover” –и рангаш сиёҳ бархӯрда, чаппа шуд.

Раҳим Азимов хабари ба садама дучор шудани мошинашро тасдиқ карда гуфт: «Мошини мо дар хатти худаш ва бо суръати мумкин ҳаракат мекард ва ба ягон манёври хатарнок роҳ надодааст. Ҳамаи ин дар сабти видеорегистратор дида мешавад». Вакили Дума ба ронандаи мошини чаппашуда орзуи шифои ҳарчӣ зудтар кард ва гуфт, омода аст, ба ӯ кумак расонад.

Раҳим Азизбоевич Азимов 18 сентябри соли 2016 аз ҳавзаи якмандатаии Киров аз номи ҳизби ҳокими “Единая Россия” вакили Думаи давлатӣ, даъвати VII интихоб шуда, узви кумитаи амният а мубориза бо коррупсия мебошад. Азимов доктори илмҳои техникӣ ва ягона зодаи Тоҷикистон аст, ки вакили маҷлиси поёнии парлумони Русия интихоб шудааст.

Раҳим Азимов 16 августи соли 1964 дар шаҳраки Шӯроби ноҳияи Исфараи вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) дар шимоли Тоҷикистон ба дунё омадааст. Аммо зодагони деҳаи Найман мегӯянд, асли Раҳим Азимов аз Найман аст ва ҳатто мактаби Найманро ба номи падари ӯ Азизбой Азимов номгузорӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, Раҳим Азимов дар Найман бунёди чандин иншоот, аз ҷумла толори варзишӣ ва варзишгоҳро ба дӯш гирифтааст.

Ӯ соли 1986 Донишкадаи маъдани шаҳри Ленинград ап соли 2002 Академияи дипломатии Русияро хатм карда, соли 2004 дар Донишкадаи маъдани Санкт-Петербург рисолаи докториашро ҳимоят кард.  Раҳим Азимов чанд сол дар ин донишкада дарс ҳам медод.

Раҳим Азимов аз лиҳози ақида мусалмони суннӣ мебошад. Ӯ дар аввали солҳои 90 издивоҷ кардааст. Ӯву ҳамсараш Елена 3 фарзанд – як духтар ва ду писар доранд.

хххххххххххххххххх

Ангелина ва падараш Диловар (акси 18 сол қабл)

Ҷунайдулло Худоёров дар Фейсбук қиссаи риққатовари духтареро аз Русия нашр кардааст, ки баъди 18 сол падари тоҷикашро меҷӯяд. Дар аксҳои нашршуда ҳам дида мешавад, ки ин духтар қиёфаи хеле монанд ба мардуми тоҷикро дорад ва ба падараш хеле шабоҳат дорад.

Ангелина Дмитриевна Граф, санаи таваллудаш 2 марти соли 2003 ва модараш Анна ба Ҷунайдулло Худоёров муроҷиат кардаанд, то барои пайдо кардани падари тоҷики Ангелина кумак кунад.

Модари духтар гуфтааст, ки дар шаҳри Берёзово бо як ҷавони тоҷик бо номи Мирзоев Диловар Ҳусейнович як сол зиндагии якҷоя доштааст, вале вақте дар батнаш Ангелинаро дошт, Диловар  аз тарки Берёзово кардааст.

Анна мегӯяд, махсус насаби духтарашро Дмитриевна гузошт, чунки Диловарро дар Берёзово ҳама Дима ном мебурданд. Ӯ ҳамин тавр, Ангелинаро ба калисо бурда, ғусли таъмид накардааст, чунки падараш мусалмон буд ва ӯ фикр мекард, ки яке падараш бар мегардад ва оянда мумкин бихоҳад, ки духтараш дар дини падараш бошад.

Ба гуфтаи модари Ангелина, Диловар Мирзоев аз ноҳияи Куйбишев (ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ)и вилояти Хатлони Тоҷикистон аст.

Ҷунайдулло Худоёров менависад: “Сабаби тарки зани ҳомиладор намудани Диловарро аз модари духтар пурсидам. Гуфт, як додараш бо олами ҷиноӣ сару кор дошт ва зиндонӣ шуда буд, аз сабабе, ки Диловар бо ӯ соз набуд, вақте фаҳмид, ки додарам аз зиндон раҳо мешавад, Диловар тарки ман ва ин шаҳрак намуду додарам аз зиндон озод шада баъди чанде аз тарафи ашхоси номаълум ба қатл расонида шуд.”

Ангелина бисёр мехоҳад, ки падарашро пайдо намояд ва ҳамарӯза аз модараш кӣ будан ва чӣ гуна пайдо намудани падарашро мепурсидааст. Аз ин лиҳоз муаллиф аз ҳамаи касоне, ки Мирзоев Диловар Ҳусейновичро мешиносанд, хоҳиш кардааст, ки “Биёед, ин ҷавонмарди тоҷикро пайдо намоем ва бо духтараш онҳоро пайваст намоем, то духтари дар ҳасрати рӯи падар бударо хушҳол намоем!”,  навиштааст Ҷунайдулло Худоёров.

Бисёриҳо дар зери ин қисса навиштаанд, ки мутаассифона, чунин Ангелинаҳои аз муҳоҷирони тоҷик ба дунё омада дар Русия ҳазорон нафаранд, ки аз меҳрубонии падар маҳрум ба воя расиданд ваё мерасанд.

Вақте ин барнома омода мешуд, Ҷунайдулло Худоёров хабар дод, ки падари Ангелина ёфт шудааст. Диловар Мирзоев, ё Дима то ҳол дар Русия машғули мардикорӣ будааст. Ӯро аз вилояти Волгоград пайдо кардаанд.

хххххххххххх

Сардори РВКД Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон полковник Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод дар рафаи иди саиди Фитр ба хонаводаҳои Эраҷ Чоршанбиев ва Давид Ниёзбеков аз дезаи Рожи ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон кумакҳои ғизоӣ расондааст. Далер Чоршанбе, сухангӯи РВКД ВМКБ навишт, ки “Эраҷ Чоршанбиев ва Давид Ниёзбеков кормандони мақомоти корҳои дохилӣ буда, барои тинҷиву оромӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва сулҳу суботи кишвар зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба ҳалокат расидаанд.” Сухангӯи милисаи Бадахшон афзуд, ба хонаводаҳои ин ду афсари кушташуда “дар арафаи Иди шарифи Рамазон маҳсулоти хӯрокворӣ аз қабили орд, биринҷ, равған, картошка, пиёз, макарон, чой ва дигар маводи ғизоӣ кумаки яквақта расонида шуд.”
Дар бораи чӣ гуна ҳалок шудани ин ду афсари милиса дар иттилоияи расмӣ чизе гуфта нашудааст, вале хабари ҳалокати Давид Ниёзбеков дар 7 соли пеш ба сархати ахбори расонаҳо афтода буд.

Давид Ниёзбеков 22 майи соли 2014 дар бемористони Хоруғ аз тири силоҳ ҷон бохт. Ӯ рӯзи 21 май дар ҷараёни тирпарронӣ бо аъзи гуруҳи Мунаввар Шанбиев дар маркази Хоруғ тир хӯрда буд. Мақомот Мунаввар Шанбиев, яке аз роҳбарони бонуфуз дар Бадахшонро ба қочоқи маводи мухаддир айбдор мекарданд ва гуфта буданд, ки вақте кормандони милиса мошини ӯву шариконашро иҳота карданд, онҳо муқовимат нишон дода, ба зидди милисаҳо тир кушоданд.

Кӯшиши боздошти Мунаввар Шанбиев ба эътирозҳо ва бетартибиҳои оммавӣ дар Хоруғ оғоз гузошт. Издиҳом, асосан ҷавонон, бо талаби ёфта, ба онҳо супурдани милисаҳое, ки мехостанд Мунаввар Шанибевро дастгир кунанд, мошинҳои кормандони милиса ва ҳамчунин чанд бино, аз ҷумла биноҳои милиса ва додситонии Хоруғро оташ заданд.

Дар ҳодисаҳои соли 2014 дар Хоруғ дастикам 3 нафар, аз ҷумла ду корманди милиса (Давид Ниёзбеков ва Гавҳар Ашӯров) ва як нафар аз ҳамроҳони Мунаввар Шанбиев кушта шуда, худи Шанбиев ҷароҳат бардошта буд.

хххххххххххх

Як ҷавони 23-солаи сокини Кӯлоб бо гумони одамкушӣ дастгир шудааст. ВКД гуфт, ин ҷавон рӯзи 12 май, тахминан соати 16:20, маъшуқааш, ҷавонзани 19-солаи сокини ҷамоати Зиракиро ба заминҳои ҷамоати Зарбдор бурда, ба қисмати шикам ва пушти ӯ 3 зарбаи корд задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Тафсилоти дигари қазия ҳанӯз дастрас нашудааст. Ба ин ҷавон акнун бар асоси моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои одамкушӣ аз 8 то 15 соли зиндон, вале агар амалаш ҳамчун одамкушӣ бо бераҳмии махсус таъбир шавад, то 25 соли зиндон таҳдид мекунад.

хххххххххх

Рӯзи 13 май, соати 13:40 сокини 24-солаи Восеъ Алишод Худойқулов бо мошини “Опел Астра” ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди Норак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрони ноболиғ, Фахриддини Рустам, соли таваллудаш 2006, сокини ҷамоати Пули Сангини шаҳри Норакро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар  ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

ххххххххххх

Сокини 40-солаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки бо роҳи фиреб ба боварии як сокини 31-солаи  Шоҳмансур даромада, аз моҳи феврал то марти соли 2021 аз вай 8 мошини гуногунтамға, аз ҷумла «Тойота-Кемрӣ», арзишаш 145 ҳазор сомонӣ, «Тойота-Кемрӣ» арзишаш 125 ҳазор сомонӣ, «Опел-Астра-Ҷи», арзишаш 105 ҳазор сомонӣ, «Опел-Астра», арзишаш 35 ҳазор сомонӣ, «Тойота-Кемрӣ», арзишаш 120 ҳазор сомонӣ, «Лексус RX-350», арзишаш 150 ҳазор сомонӣ, «Ҳундай-Соната», арзишаш 95 ҳазор сомонӣ ва «Ҳундай-Туксон», арзишаш 140 ҳазор сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 915 ҳазору 400 сомонӣ мошин гирифта, то имрӯз фақат  251 ҳазору 430-сомониашро баргардонида, боқимонда 663 ҳазору 970-сомониро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
хххххххххххх

Дар Истаравшан ҷавони 21-солаи сокини ҷамоати Гули-Сурх бо гумони дуздӣ дастгир шуд. Ӯ ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 12 май, тахминан соати 11, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии ҳамдеҳаи 51-солааш даромада, 16 ҳазору 200 сомонии ӯро дуздидааст.Ба ин ҷавон бар асоси қисми дуюми моддаи 244-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷарима ба маблағи аз 60 ҳазор то 120 ҳазор сомонӣ ваё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button