ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

МУНОҚИШАИ НАВ ДАР РӮЗИ ИД ДАР МАРЗИ ҚИРҒИЗИСТОН БО ӮЗБЕКИСТОН (ВИДЕО)

Рӯзи 13 май, дар рӯзи иди Рамазон дар марзи деҳаи Сойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон бо деҳаи тоҷикнишини Чашмаи ноҳияи Сӯхи Ӯзбекистон муноқишаи гурӯҳӣ рух дод,  баҳси сокинони ду тарафи марз қариб 4 соат давом кардааст.

Мақомоти милисаи вилояти Бодканд хабар доданд, ки тахминан соати 11:20 чорвои як сокини Чашма аз марз гузашта, вориди деҳаи Сойи Қирғизистон шудааст.

Як сокини 50-солаи Сой аз сокинони Чашма талаб кардааст, ки чорвои худро бубаранд. Аз он тараф 5-6 сокини Чашма омада, 5 сокини Сойро латтукӯб кардаанд. Баъди ин дар ду тарафи марз ҳудуди 50-60 сокини маҳаллӣ ҷамъ шудаанд.

Дар маъмурияти вилояти Бодканд ба хабаргузории “Турмуш” гуфтанд, ки то соати 15 ҳарду тарафи муноқиша оштӣ карданд ва сокинони ҳарду деҳа хона ба хона шуданд. Мақомоти Бодканд муноқишаи ахирро ҷанҷоли маишӣ меноманд, вале гуфтанд, ки тафтиши ҷузъиёташ идома дорад.

Раиси нави ноҳияи Бодканд Учқун Ҷӯрабеков тафсилоти ҳодисаро дар суҳбат бо “Турмуш” чунин қисса кардааст: “Чорвои сокинони Чашма вориди қаламрави Қирғизистон шудааст. Як зану писараш, ҳарду шаҳрвандони Қирғизистон ба сокинони Чашма хабар додаанд, то чорвои худро омада бигиранд. Дар ин замина ҷанҷол шудааст, вале ҷанҷоли калоне нест. Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, як шаҳрванди Ӯзбекистон ду сокини деҳаи Сойро латтукӯб карда, сипас ба он тарафи марз гурехтааст…”

Ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ва шаҳраки Шоҳимардони ноҳияи Фарғона, ки ҳарду ба қаламрави Ӯзбекистон шомил мешаванд, ҳамроҳ бо ҷамоати Ворухи Тоҷикистон се қаламрави бузургтарине ҳастанд, ки аз 4 тараф дар дохили қаламрави Қирғизистон мондаанд ва сокинони ин се маҳдуда барои сафар ба боқӣ қаламрави кишварҳои худ маҷбуранд, ки ҳар дафъа дастикам ду маротиба аз марзи Қирғизистон убур кунанд. Лозим ба таъкид аст, ки дар Сӯх ва Шоҳимардон, ки ба Ӯзбекистон тааллуқ доранд, низ асосан тоҷикҳо зиндагӣ мекунанд.

Муноқишаи рӯзи ид дар марзи Қирғизистон бо Ӯзбекистон дар пайи муноқишаи хунини поёни моҳи апрел дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон аст, ки бо дастикам 55 куштаву ҳудуди 240 захмиаш хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии даҳсолаҳои охир дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Аммо муноқишаҳо дар марзи Қирғизистон бо Ӯзбекистон низ зиёд рух медиҳанд.

Аз ҷумла 31 майи соли 2020 ҷанҷоли байни сокинони деҳаи Чашмаи ноҳияи Сӯх ва деҳаи Чечмеи ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканд мунҷар ба занозании бузург бо иштироки садҳо нафар шуд.

Тарафҳои даргир чандин хонаву дӯконро дар ду тарафи марз оташ зада, якдигарро сангборон карданд ва аз силоҳҳои шикорӣ низ истифода бурданд. Ӯзбекистон дар бораи ҷароҳат бардоштани 187 сокини Сӯх хабар дод ва Қирғизистон шумораи захмиҳояшро 25 нафар гуфт.

Дар пайи он ҷанҷоли хунин сокинони ғазаболуди Чашма хонаеро, ки ҳокими вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев зимни боздидаш аз маҳалли муноқиша дар он хона қарор дошт, сангборон карданд. Ҳокими ноҳияи Сӯх Таваккал Раҳимов, ки он шабу рӯз дар инҷо қарор дошт, низ ҳадафи ҳамлаи сокинони мусаллаҳ бо санг қарор гирифт.

Баъди ором шудани вазъ мақомоти Ӯзбекистон беш аз 20 сокини Сӯхро барои иштирок дар бетартибиҳо ҳабс карданд, вале аксари онҳо дар ниҳоят бо ҷарима ваё  ҳукми шартӣ халос шуданд. Шуҳрат Ғаниев ва Таваккал Раҳимов бошад баъди он муноқишаи марзӣ зиёд дар курсиҳои худ дошт дода натавонистанд ва Ғаниев баъди чанде ба Тошканд ба мақоми муовини сарвазир гузашт.  Таваккал Раҳимов алакай дар ҳамон рӯзҳои ҷанҷол аз мақоми ҳокими Сӯх сабукдӯш карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button