Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОН БАРОИ ҚАТЛИ МАЪШУҚААШ

Як ҷавони 23-солаи сокини Кӯлоб бо гумони одамкушӣ дастгир шудааст. ВКД гуфт, ин ҷавон рӯзи 12 май, тахминан соати 16:20, маъшуқааш, ҷавонзани 19-солаи сокини ҷамоати Зиракиро ба заминҳои ҷамоати Зарбдор бурда, ба қисмати шикам ва пушти ӯ 3 зарбаи корд задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Тафсилоти дигари қазия ҳанӯз дастрас нашудааст. Ба ин ҷавон акнун бар асоси моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои одамкушӣ аз 8 то 15 соли зиндон, вале агар амалаш ҳамчун одамкушӣ бо бераҳмии махсус таъбир шавад, то 25 соли зиндон таҳдид мекунад.

Рӯзи 13 май, соати 13:40 сокини 24-солаи Восеъ Алишод Худойқулов бо мошини “Опел Астра” ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди Норак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрони ноболиғ, Фахриддини Рустам, соли таваллудаш 2006, сокини ҷамоати Пули Сангини шаҳри Норакро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар  ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Сокини 40-солаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки бо роҳи фиреб ба боварии як сокини 31-солаи  Шоҳмансур даромада, аз моҳи феврал то марти соли 2021 аз вай 8 мошини гуногунтамға, аз ҷумла «Тойота-Кемрӣ», арзишаш 145 ҳазор сомонӣ, «Тойота-Кемрӣ» арзишаш 125 ҳазор сомонӣ, «Опел-Астра-Ҷи», арзишаш 105 ҳазор сомонӣ, «Опел-Астра», арзишаш 35 ҳазор сомонӣ, «Тойота-Кемрӣ», арзишаш 120 ҳазор сомонӣ, «Лексус RX-350», арзишаш 150 ҳазор сомонӣ, «Ҳундай-Соната», арзишаш 95 ҳазор сомонӣ ва «Ҳундай-Туксон», арзишаш 140 ҳазор сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 915 ҳазору 400 сомонӣ мошин гирифта, то имрӯз фақат  251 ҳазору 430-сомониашро баргардонида, боқимонда 663 ҳазору 970-сомониро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Дар Истаравшан ҷавони 21-солаи сокини ҷамоати Гули-Сурх бо гумони дуздӣ дастгир шуд. Ӯ ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 12 май, тахминан соати 11, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии ҳамдеҳаи 51-солааш даромада, 16 ҳазору 200 сомонии ӯро дуздидааст.Ба ин ҷавон бар асоси қисми дуюми моддаи 244-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷарима ба маблағи аз 60 ҳазор то 120 ҳазор сомонӣ ваё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Аз навори хабарҳои рӯзи 14 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Боздошт гардидани ҷавони 23-сола бо гумони аз ҳаёт маҳрум намудани маъшуқааш

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 12-уми майи соли 2021, тахминан соати 16:20-дақиқа, маъшуқааш, ҷавонзани 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри мазкурро ба заминҳои ҷамоати деҳоти Зарбдори ҳамин шаҳр бурда, бо корд 3 маротиба ба қисмати шикам ва пушти ӯ задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ба ҳалокат расидани ноболиғ зери чархи “Опел-Астра”

Рӯзи 13-уми майи соли 2021, тахминан соати 11:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Худойқулов Алишод Тураевич, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди шаҳри Норак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрони ноболиғ, Фахриддини Рустам, соли таваллудаш 2006, сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангини шаҳри Норакро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Фахриддини Рустам ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 31-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аз моҳи феврали соли 2021 то моҳи марти соли 2021, марди 40-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 8-адад автомашинаҳои гуногунтамғаи «Тойота-Кемрӣ», арзишаш 145 ҳазор сомонӣ, «Тойота-Кемрӣ» арзишаш 125 ҳазор сомонӣ, «Опел-Астра-Ҷи» арзишаш 105 ҳазор сомонӣ, «Опел-Астра» арзишаш 35 ҳазор сомонӣ, «Тойота-Кемрӣ» арзишаш 120 ҳазор сомонӣ, «Лексус RX-350» арзишаш 150 ҳазор сомонӣ, «Хундай-Соната» арзишаш 95 ҳазор сомонӣ ва «Хундай-Туксон» арзишаш 140 ҳазор сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 915 ҳазору 400 сомониро гирифта, аз ин маблағ 251 ҳазору 430-сомониашро баргардонида, боқимонда маблағи 663 ҳазору 970-сомониро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани дуздии маблағи пулӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан бо ариза марди 51-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гули-Сурхи шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 12-уми майи соли 2021, тахминан соати 11:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 16 ҳазору 200 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гули-Сурх ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button