ВидеоМуҳоҷиронҶомеа

АНГЕЛИНА ПАДАРИ ТОҶИКИ 18 СОЛ ПЕШ ГУМКАРДААШРО ЁФТ!!!

Блогери тоҷики муқими Русия Ҷунайдулло Худоёров, ки як рӯз қабл дар Фейсбук қиссаи риққатовари духтареро аз Русия нашр кардааст, ки дар ҷустуҷӯи падари тоҷикаш афтодааст, рӯзи 14 май хабар дод, ки Ангелина Граф падари 18 сол пеш гумкардаашро дар 18 соат пайдо кард.

“Тавре маълум гардид, падари Ангелина, яъне акаи Диловар на зодаи ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, балки зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳи нави вилояти Суғд буда, айни замон дар шаҳри Волгогради ФР кору зиндагонӣ мекардааст. Ва хушбахтона имрӯз модари Ангелина бо ман тамос гирифта изҳори миннатдорӣ намуд, ки падару амак ва бародари Ангелина дар тамос шуда, бо Ангелина сӯҳбати телефонӣ намуданд”, – навиштааст Ҷунайдулло Худоёров дар матлаби наваш дар Фейсбук.

Худи Ангелина дар шабакаи “ВКонтакте” аз Ҷунайдулло Худоёров ва дигар бачаҳои тоҷик барои чунин вокуниши гарм ва ҷустуҷӯи зуди падари гумшудааш изҳори сипос кардааст: “Привет. Спасибо тебе и всем тем кто помог найти отца. Большое вам всем спасибо. Честно, не ожидала что так быстро найдёте, я очень рада.” (Салом. Сипос ба ту ва ба ҳамаи онҳое, ки дар ёфтани падарам кумак карданд. Ташаккури фаровон ба ҳамаи шумо. Ростӣ, ман интизор надоштам, ки ӯро чунин зуд пайдо мекунед. Ман хеле хушнудам.”)

Ҷунайдулло Худоёров навиштааст, ки худаш низ интизор надошт, ки пайвастани ин духтар бо падари гумкардааш осон даст бидиҳад: “Ростӣ, худи банда низ аз чунин ранг гирифтани кор бовар надоштам ва фикр мекардам, ки мумкин ин хабар ба акаи Диловар ва наздикону пайвандонаш хуш наояд. Вале баракс аз дирӯз то имрӯз чандин нафарони тануманд аз хешовандонашон аз Мастчоҳ то Русияву Аврупо бо ман дар тамос шуда изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд!”

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Диловар Мирзоев ҳоло 45 сол дорад. Ӯ дар Волгоград ба як зани зодаи Арманистон издивоҷ кардааст ва аз вай фарзанд дорад.

Ҷунайдулло Худоёров рӯзи 13 май  дар Фейсбук хабар дод, ки аз шаҳри Берёзовои ҳавзаи мухтори Хантию Манси дар шимоли Русия Ангелина Дмитриевна Граф, санаи таваллудаш 2 марти соли 2003 ва модараш Анна ба ӯ муроҷиат кардаанд, то барои пайдо кардани падари тоҷики Ангелина кумак кунад. Модари духтар гуфтааст, ки дар шаҳри Берёзово бо як ҷавони тоҷик бо номи Мирзоев Диловар Ҳусейнович як сол зиндагии якҷоя доштааст, вале замони ҳомила буданаш, Диловар  тарки Берёзово кардааст.

Анна гуфтааст, махсус насаби духтарашро Дмитриевна гузошт, чунки Диловарро дар Берёзово ҳама Дима ном мебурданд. Ӯ ҳамин тавр, Ангелинаро то ҳол ягон бор ба калисо набурда ва ғусли таъмид (крестить) ҳам накардааст, чунки падараш мусалмон буд ва Анна фикр мекард, ки яке падараш бар мегардад ва оянда мумкин бихоҳад, ки духтараш дар дини падараш бошад.

Ҷунайдулло Худоёров навишт: “Сабаби тарки зани ҳомиладор намудани Диловарро аз модари духтар пурсидам. Гуфт, як додараш бо олами ҷиноӣ сару кор дошт ва зиндонӣ шуда буд, аз сабабе, ки Диловар бо ӯ соз набуд, вақте фаҳмид, ки додарам аз зиндон раҳо мешавад, Диловар тарки ман ва ин шаҳрак намуду додарам аз зиндон озод шада баъди чанде аз тарафи ашхоси номаълум ба қатл расонида шуд.”

Муаллиф аз ҳамаи касоне, ки Мирзоев Диловар Ҳусейновичро мешиносанд, хоста буд, ки “биёед, ин ҷавонмарди тоҷикро пайдо намоем ва бо духтараш онҳоро пайваст намоем, то духтари дар ҳасрати рӯи падар бударо хушҳол намоем!”  Ин даъват хеле зуд самар дод ва Ангелина алакай 18 соат баъди нашри эълони ҷустуҷӯ падари 18 сол боз гумкардаашро пайдо кард.

Бисёриҳо дар зери ин қисса навиштаанд, ки мутаассифона, чунин Ангелинаҳои аз муҳоҷирони тоҷик ба дунё омада дар Русия ҳазорон нафаранд, ки аз меҳрубонии падар маҳрум ба воя расиданд ваё мерасанд.

Junaydulloh Khudoyorov

Сипос мегӯям..

Бо арзи салому эҳтиром ҳаммеҳанони ниҳоят азизу дӯст доштани!

Навиштаи дирузаи банда дар рӯзи иди саъиди Фитр дар бораи он, ки “Ангелина падари Тоҷикашро ҷӯстуҷӯ дорад” ба нашр расид, ва хеле як шуреро дар Фейсбук ба бор оварду корбарони азизи тоҷик ҳаргуна шарҳу тавзеҳ доданд, вале хушбахтона аксар 99% ҷонибдори пайдо намудни падари духтар буданд, ва бародароне пайдо шуданд, ки, ва аз кадом минтақа будани падари Ангелинаро ба ман маълум намуданд.

Тавре маълум гардид падари Ангелина, яъне акаи Диловар на зодаи н-Абдурраҳмони Ҷомии вилояти Хатлон балки зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳи нави вилояти Суғд буда айни замон дар шаҳри Волгогради ФР кору зиндагонӣ мекардааст, ва касоне, ки бо ман тамос гирифтанд аз ҳар якеашон хоҳиш намудам то акаи Диловар дар тамос шаванд, ва хушбахтона имрӯз модари Ангелина бо ман тамос гирифта изҳори миннатдорӣ намуд, ки падару амаки ва баробари Ангелина дар тамос шуда бо Ангелина сӯҳбати телефонӣ намуданд.

Ҳамин гуна дере нагузашта худи Ангелина занг зада бисёр дар ҳаяҷон буд, ва чи гуфтанашро намедонист, танҳо гуфт ба “вк” дохил шаведу гуширо хомуш намуд. Ман ба вк дохил шудам, ки ин навиштаи зерро корида буд:👇👇👇👇👇👇

“Привет.

Спасибо тебе и всем тем кто помог найти отца. Большое вам всем спасибо. Честно не ожидала что так быстро найдёте, я очень рада😊🙏

Рости худи банда низ аз чунин ранг гирифтани кор бовар надоштам, ва фикр мекардам, ки мумкин ин хабар ба акаи Диловар, ва наздикону пайвандонаш хуш наояд, вале баракс аз дирӯз то имрӯз чандин нафарони тануманд аз хешовандонашон аз Мастчоҳ то Руссияву Аврупо бо ман дар тамос шуда изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд!

Инчунин ман низ дар навбати хеш онҳоро табрик мегӯям, ва ҳамаи он нафарону корбароне, ки дар ин амали хайр яъне пайдо намудани бародармон Диловар бетараф набуданд, ва бо ҳар роҳу восита саҳми арзандаи худро гузоштанд сипос мегӯям!!!

Бо эҳтиром Ҷ.Х.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button