ВидеоДин ва боварҳоҲуқуқи инсон

АМРИКО: ДАР ТОҶИКИСТОН ТО ҲОЛ ОЗОДИҲОИ МАЗҲАБИИ МАРДУМРО МАҲДУД МЕКУНАНД

Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 12 май гузориши солонааш дар бораи вазъи озодиҳои динӣ дар кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистонро нашр кард. Тоҷикистон инак 5 сол боз ба рӯйхатти кишварҳои мавриди нигаронии хоси Амрико дар бобати вайрон кардани озодиҳои динӣ шомил мешавад ва танҳо манфиатҳои стратегии Амрико то кунун сабаб шудааст, ки Вашингтон аз ҷорӣ кардани таҳримот нисбат ба Душанбе худдорӣ кунад.

Гузориши вазорати хориҷаи Амрико бар пояи арзёбиҳои комиссияи байналмилалии озодиҳои мазҳабӣ аст, ки ҳар дафъа ба вазорати хориҷа эъмоли таҳримот ба зидди мақомоти Тоҷикистонро ба далели вайрон ва маҳдуд кардани озодиҳои динии мардум пешниҳод мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон маъмулан арзёбиҳои ниҳодҳои расмии Амрикоро рад мекунанд ва исрор меварзанд, ки ҳуқуқи динии мардум дар Тоҷикистон бидуни каму кост риоя мешавад.

Аммо комиссияи байналмилалии озодиҳои динии Амрико дар арзёбиҳои имсолааш чунин ҳолатҳои поймол ё маҳдуд кардани ҳуқуқи мазҳабии мардум дар Тоҷикистонро зикр карда буд:

  • (а) халал расонидан ба таъини имомҳо ва ба интихоби мавзуъ ва мундариҷаи мавъизаҳои онҳо;
  • (б) назорат аз болои китобҳо ва дигар маводи динӣ;
  • (в) талаботи иҷозати давлат барои гирифтани таҳсилоти динӣ дар хориҷа;
  • (г) манъи вуруд ба масҷид барои онҳое, ки хурдтар аз 18-сола ҳастанд;
  • (ғ) муқаррарот дар бораи сабтиноми ташкилоти динӣ;
  • (д) муқаррарот дар мавриди пӯшиши либос дар ҷашнҳои анъанавӣ ё динӣ ва манъи баъзе либос, ба монанди ҳиҷоб;
  • (е) маҳдудиятҳо нисбат ба ақаллиятҳои динии масеҳӣ, аз ҷумла “Шоҳидони Яҳво”.

Амрико мегӯяд, дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ҳуқуқи динии мардумро маҳдуд мекунанд


Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 12-уми май гузориши солонаи худро дар бораи вазъи озодиҳои динӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, нашр кард. Дар ин гузориш Чин ба наслкушии уйғурҳо ва ақаллиятҳои дигари мусулмон муттаҳам шуда, Эрону Русия дар рӯйхати поймолкунандагони ҷиддии озодиҳои динӣ ҷой гирифтанд. Як бахши гузориш ба вазъи дину диндорон дар Тоҷикистон бахшида шудааст. Мақомот ҳанӯз вокунише накардаанд, вале дар гузашта намояндагони Кумитаи дин баҳои Амрикоро ноодилона хонда будандРадиои Озодӣ тасмим гирифт, ки бандҳои муҳими гузориши солонаро бо ихтисор нашр кунад.

Озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон

Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқи (дар танҳоӣ ё ҳамроҳ бо дигарон) пайравӣ кардан ё накардан аз дине ва иштирок дар адои маросими мазҳабиро фароҳам мекунад. Дар Конститусия гуфта шудааст, ки “иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо ҳастанд” ва “ба корҳои давлат дахолат намекунанд”. Вале қонун намозгузориро дар маҳалли мушаххас маҳдуд, сабтином ва ҷойгиршавии масҷидҳоро танзим ва иштироки шахсони то 18-соларо дар фаъолиятҳои динӣ манъ мекунад.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон ваколати хеле васеъ дорад. Ин ваколатҳо аз тасдиқу сабтиноми иттиҳодияҳои динӣ, сохтмони ибодатгоҳҳо, иштироки кӯдакон дар таҳсили динӣ ва паҳн кардани адабиёти динӣ иборат аст.

Ҳукумат дар соли 2020 ба боздошт ва таъқиби аъзои “Шоҳидони Яҳво” барои саркашӣ аз хидмати сарбозӣ идома дод. Ин созмони масеҳӣ аз соли 2007 кӯшиш дорад, ки дар Тоҷикистон сабтином шавад, вале ҳанӯз муваффақ нашудааст. Баъзе аз пайравонаш изҳор доштанд, ки аз тарафи мақомот мавриди таъқиб қарор мегиранд.

Кормандони ҳукумат ба роҳандозии чораҳо ҷиҳати пешгирӣ аз шомил шудан ё иштироки сокинон дар фаъолияти созмонҳои мазҳабие, ки аз ҷониби мақомот ифротӣ шинохта ва ё мамнуъ шудаанд (ба монанди “Ихвон-ул-муслимин”), идома доданд. Додгоҳи вилояти Суғд дар моҳи август 20 нафарро бо иддаои узвият дар созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Ихвон-ул-муслимин” аз 5 то 7 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба боздошти шахсони гумонбар ба узвият ва ё ба ёрмандии гурӯҳҳое, ки ҳукумат мамнуъ донистааст, давом доданд. Аз ҷумла, тибқи иттилои созмонҳои ғайридавлатӣ, аъзои гурӯҳҳое, ки аз ҳадафҳои сиёсии исломӣ ҳимоят мекарданд ва худро мухолифи сиёсии ҳукумат муаррифӣ мекарданд, низ дастгир шуданд.

Ҳукумат барои тағйир додани замони боздиди Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди озодиҳои мазҳабӣ ва баррасии пешниҳодҳо барои ҳалли мушкилот омодагии худро нишон додааст. Аммо сафаре, ки барои соли 2020 пешбинӣ шуда буд, бо далели маҳдудиятҳои вобаста ба пандемияи коронвирус сурат нагирифт.

Тоҷикистонро дар соли 2016 барои нақзи шадиди озодиҳои динӣ дар радифи кишварҳои мавриди “нигаронии хос” ҷо доданд. Котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзи 2-юми декабри соли 2020 ба Тоҷикистон аз нав унвони кишвари мавриди нигаронии хосро дод, вале эълом дошт, ки бо дарназардошти “манфиатҳои муҳими миллии Иёлоти Муттаҳида” аз ҷорӣ кардани таҳрим даст мекашанд.

Эҳтироми ҳукумат ба озодиҳои мазҳабӣ

ЗАМИНАИ ҲУҚУҚӢ

Тибқи Конститутсия дар кишвар фаъолияти иттиҳодияҳои мазҳабие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, адовати иҷтимоӣ ва диниро таблиғ мекунанд ва ё ба сарнагунии сохти конститутсионӣ ё ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват мекунанд, манъ аст. Тибқи муқаррароти Конститутсия, ҳеч як мафкураи ҳизби сиёсӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё динӣ, ҳаракате ва ё гурӯҳе наметавонад ҳамчун идеологияи давлатӣ эътироф карда шавад.

Қонун барангехтани кинаву адоват ва ё низоъ, ва ҳам таҳқир ва зарар расонидан ба ҳиссиёти динии шаҳрвандонро манъ мекунад.

Ҳукумат феҳристи созмонҳои ифротгароӣ ва террористиро таъсис додааст. Ба ин феҳрист, аз ҷумла Паймони Миллии Тоҷикистон, ҲизбутТаҳрир, АлҚоида, Ихвонулмуслимин, Толибон, Ҷамоати Таблиғ, Гурӯҳи Исломӣ (Ҷамъияти Исломии Покистон), Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ, Ҳизби Исломии Туркистон (собиқ Ҳаракати Исломии Узбекистон), Лашкари Таййиба, Тоҷикистони Озод, Созмони Таблиғот, Салафия, Ҷамоати Ансоруллоҳ, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) шомил карда шудаанд.

Кумитаи дин мақомоти ҳукуматӣ мебошад, ки асосан барои назорат ва иҷрои муқаррароти қонунҳои марбут ба дину мазҳаб масъул аст. Маркази исломшиносӣ дар назди президент дар таҳияи сиёсати ҳукумат нисбат ба дин кумак мекунад.

Қонун иттиҳодияи диниро ҳамчун гурӯҳе муайян мекунад, ки аъзояш ба он бо мақсадҳои динӣ шомил шудаанд. Ассотсиатсияи динӣ иттиҳодияи ихтиёрии пайравони як эътиқод мебошад, ки бо мақсади ибодати муштарак ва ҷашни маросими динӣ, таълими динӣ, инчунин, паҳн кардани эътиқоди динӣ таъсис ёфтааст. Барои сабтиноми иттиҳодияи динӣ гурӯҳи шуморааш на камтар аз 10 нафар, ки синнашон аз 18 боло аст, зарур аст. Ҷонибдорони ин гуруҳ бояд аз мақомоти маҳаллӣ шаҳодатномае бигиранд, ки онҳо панҷ сол дар он маҳал зистаанд. Сипас, бояд ба Кумитаи дин санади муассисони худро ҳамроҳ бо суроғаи ҷойи зист ва санаи таваллуд пешниҳод кунанд.

Гурӯҳ бояд дар оинномаи худ фаъолиятеро, ки ба нақша гирифтааст, рӯшан нишон диҳад ва баъди он ки ҳамчун иттиҳодияи динӣ сабт карда мешавад, ҳамасола дар бораи кори худ гузориш диҳад, вагарна сабтиноми давлатияш бекор хоҳад шуд.

РАФТОРИ ҲУКУМАТ

Мақомот дар моҳи январи соли 2020 рӯзноманигори мустақил Далер Шарифовро ба “барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ” айбдор карданд. Тибқи гузориши созмони байналмилалии ғайридавлатии “Форум 18”, полис моҳи январ манзили ӯро тафтиш карда, китобу маводи мазҳабӣ ва компютерашро мусодира кардааст. Додситонии кул дар моҳи феврал гуфт, Шарифов беш аз 200 мақола ва ёддоштҳоеро мунташир кардааст, ки мундариҷаи ифротиро дар бар дорад ва онҳо ба таҳаммулнопазирии мазҳабӣ равона шудаанд.

Далер Шарипов

Тибқи гуфтаи коршиносони динии ҳукумат, ӯ рисолаеро нашр кардааст, ки ҳаракати “Ихвон-ул-муслимин” ва мафкураи ҷиҳодиро ситоиш мекунад. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ӯро моҳи апрел ба муҳлати як сол аз озодӣ маҳрум кард.

“Форум 18” дар моҳи ноябри соли 2020 хабар дод, ки Рустамҷон Норов, як узви 22-солаи “Шоҳидони Яҳво”-ро дар шаҳри Хуҷанд барои (бар асоси эътиқодаш) саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ дастгир карданд. Додситонҳо ӯро ба тақаллуби таърихи бемориаш барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ айбдор карданд, вале ӯ рад кард.

Норов адои хидмати алтернативии шаҳрвандиро пешниҳод карда буд. Ӯ ба додгоҳи зинаи болоӣ низ муроҷиат кард, вале тибқи иттилои “Форум 18” рад карда шуд. Дар охири сол, ӯ ҳамоно дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд буд.

Рӯзи 2-юми апрели соли 2020 Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ хабар дод, ки як додгоҳи низомии Душанбе узви “Шоҳидони Яҳво” Ҷовидон Бобоҷоновро барои саркашӣ аз хидмати ҳатмии ҳарбӣ ба муддати ду сол ба ҳабс маҳкум кард. Рӯзи 1-уми ноябр Бобоҷонов бо афви саросарии кишвар, ки аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон имзо шудааст, озод гардид. Афсарони комиссариати ҳарбӣ Бобоҷоновро дар моҳи октябри соли 2019 маҷбурӣ ба қисми низомӣ бурданд. Тибқи иттилои “Форум 18”, Бобоҷонов дар онҷо шиканҷа шудааст. Мақомот гуфтанд, ки саркашии Бобоҷонов аз хидмат ҷиноят аст ва амали кормандони комиссариат қонунист. Додситонии ҳарбии Душанбе изҳор дошт, ки ба Бобоҷонов имкони хидмат дар баталйони сохтмон, ки дар он силоҳ истифода нашавад, дода шудааст, аммо ӯ ин имконро рад кардааст.

Тибқи гузориши намояндагони “Шоҳидони Яҳво” дар охири сол як узви дигари ҷамоат Шамил Ҳакимов дар зиндон монда буд. Ӯ барои “барангехтани кинаву адовати мазҳабӣ” ба панҷуним сол зиндон маҳкум шудааст.

Моҳи июли соли 2020 “Форум 18” дар бораи беҷазо мондани маъмурони амниятӣ, ки дар истифодаи шиканҷа дар кишвар муттаҳам мешаванд, гузориш дод.

Мақомот ба боздошти гумонбарон ба узвият ё ҳимоят аз созмонҳои мамнӯи ифротӣ идома доданд. Созмонҳои ғайридавлатии байналмилалӣ изҳор доштанд, ки баъзе аз ин ташкилот мухолифони эҳтимолии сиёсии ҳукумат ҳисобида мешаванд, аммо дар асл ҳеҷ гоҳ тарафдори амалҳои зӯроварӣ набуданд. Созмонҳои маҳаллӣ ва байналмилалии ҳуқуқи башар ба гузоришдиҳӣ дар мавриди он ки ҳукумат мухолифинро бо баҳонаи мубориза бо терроризм ва экстремизм “метарсонад ва ҳабс мекунад”, идома доданд.

Моҳи январи соли 2020 “Форум 18” хабар дод, ки дар фурудгоҳи Душанбе Хайриддин Достаков пас аз бозгашт аз дидорбинии хешовандонаш дар Русия боздошт шудааст. Тибқи иттилои сомона, полис аз ӯ дар бораи таблиғи эътиқоди шиа пурсида, латукӯб кардааст. Рӯзи 25-уми август мақомот ҳама парвандаҳои ҷиноиро нисбат ба Достаков бекор карданд ва пас аз ҳашт моҳи ҳабс ӯро озод карданд.

Домулло Хайриддин

Додгоҳи олӣ рӯзи 7-уми июли соли 2020 ба баррасии парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи 116 шахси гумонбар ба узвияти ҳаракати “Ихвон-ул-муслимин”, аз ҷумла 114 шаҳрванди Тоҷикистон ва ду шаҳрванди Миср, оғоз кард. Гумонбарон ба маблағгузории фаъолияти террористӣ, изҳороти ифротгароёна ва ташкили амалҳои ифротӣ айбдор карда шуданд. Додгоҳ дар охири соли ба муҳокимаи ин парвандаҳо идома дод.

Ба гуфтаи наздиконаш, маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Сироҷиддин Абдураҳмоновро, ки ба ҳайси пешвои ҳаракати “Салафия” дар кишвар шинохта мешуд, рӯзи 12-уми ноябри соли 2020 боздошт карданд. Ҳарчанд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи боздошти Абдураҳмонов изҳори назар накардаанд, Радиои Озодӣ бо такя ба як манбаъ хабар дод, ки Додгоҳи Душанбе иҷозаи боздошти ӯро додааст.

Наздикони Абдураҳмонов ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомот ҳангоми боздошт компютер ва маводи динии ин рӯҳониро мусодира карданд. Вай қаблан дар соли 2009 бо иттиҳоми барангехтани кинаву адовати мазҳабӣ боздошту зиндонӣ ва соли 2013 бар асоси афв озод шуда буд.

Масҷидҳои суннимазҳаби ҳанафӣ ба иҷрои қароре, ки намозгузории занонро дар масҷидҳо манъ мекунад, идома доданд. Аммо ба занони пайрави исмоилия барои ширкат дар маросими мазҳабиашон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Душанбе иҷоза дода шудааст.

Кумитаи дин изҳор доштааст, ки дар давоми сол аз ҳеҷ як иттиҳодияи динии ғайриисломӣ ягон аризаи наве барои сабтином нагирифтаанд. Ба иттилои ин ниҳод, ҳоло 66 созмони динии ғайриисломӣ, аз ҷумла калисои православӣ ва баҳоӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳукумат моҳи октябри соли 2020 (бори аввал аз соли 1937 ба ин сӯ) дар рӯйхатгирии аҳолӣ суолеро дар бораи ҳуввияти динии сокинон ворид кард. Мувофиқи иттилои “Форум 18”, баъзе аз гурӯҳҳои динӣ изҳори тарсу ҳарос карданд, ки ҷавобҳои онҳо дар ин рӯйхатгирӣ метавонад барои таъқиби ашхос ва ташкилоти алоҳида ба хотири эътиқодашон истифода шавад. Тибқи иттилои “Форум 18”, мавқеи мақомоти давлатӣ дар бораи он ки чаро ин савол ворид карда шудааст, норӯшан буд. Оҷонси омор изҳор дошт, ки ин маълумот танҳо барои ҷамъоварии маълумоти демографӣ аст ва натиҷаи пурсишҳоро дар соли 2022 нашр хоҳанд кард.

Созмонҳои ғайридавлатӣ дар бораи идомаи амалҳои ҳукумат дар маҳдуд кардани фаъолияти имомхатибон ва имомҳо, ба монанди интихоб ва тасдиқи мавзуъҳои хутба хабар доданд.

Дар гузориши соли 2019 ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи башар (UNHRC) эълом доштаанд, ки ҳукумат “озодии мазҳаб ва эътиқодро шадидан маҳдуд мекунад ва баъзе намудҳои либос, аз ҷумла ҳиҷоб барои занон ва риши дароз барои мардонро манъ мекунад”. Ҳарчанд ҳеҷ гуна мамнӯияти қонунӣ барои пӯшидани ҳиҷоб ё риш намондааст, созмонҳои ғайридавлатӣ гузориш доданд, ки мақомот ҳамоно либосҳои “ғайримуқаррарӣ ё бегона”-ро нораво медонанд.

Созмонҳои ғайридавлатии Бунёди Дидгоҳи Ҳуқуқи Башар, Муассисаи Муколамаи АвруОсиё ва Форуми Озодандешони Тоҷикистон соли 2019 дар як гузориш ба СММ гуфтанд, ки расонаҳои расмӣ занони мазҳабиро таҳқир ва таъқиб мекунанд. Ба иттилои онҳо, полиси маҳаллӣ ва фаъолони ҳизби ҳоким низ санҷишҳои ғайричашмдошти занони ҳиҷобпӯшро ташкил карда, талаб мекунанд, ки ҳиҷобҳои худро бигиранд. Созмонҳои ҷамъиятӣ инчунин хабар доданд, ки ба занони бемори ҳиҷобпӯш табобат дар дармонгоҳҳои давлатии тиббӣ рад карда шудааст ва дастрасии онҳо барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимӣ ва биноҳои маъмурӣ маҳдуд ва ё манъ карда шудааст. Ба занон иҷозат додаанд, ки мӯйи худро бо руймол пӯшонанд, вале он аз қафои сар баста шавад.

Рӯзи 22-юми январи соли 2020 Радиои Озодӣ хабар дод, додгоҳе дар Душанбе шикояти Нилуфар Раҷабоваро рад кард. Тибқи гузоришҳои матбуот, ӯ моҳи декабри соли 2019 полиси Душанберо дар таҳқир ва таҳдид муттаҳам кард. Вай ба “Форум 18” гуфтааст, ки ӯро як афсар зад ва дар натиҷаи афтиданаш сутунмӯҳрааш маҷрӯҳ шуд.

Нилуфар Раҷабова

Рӯзи 13-уми феврал Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила ҳангоми як нишасти матбуотӣ гуфтааст, агар ҳамлаҳои террористии занони ҳиҷобпӯш дар кишварҳои дигар вуҷуд намедошт, масоили пӯшидани ҳиҷоб дар кишвар он қадар ҳассос намебуд. Қурбонзода афзуд, ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳимояи манфиатҳои давлатӣ чораҳо меандешад ва баъзе кишварҳо аллакай қонуну қоидаҳоеро бораи занони ҳиҷобпӯш қабул кардаанд. Ӯ илова кард, ба занони тоҷик муҳим аст, ки ҳуввияти худро нигоҳ доранд ва худро ошуфтаи занони араб накунанд.

Радиои Озодӣ моҳи август гузориш дод, ки масъулони ноҳияи Ванҷ гуфтаанд, як гуруҳ аз ашхоси ришдор эътироз кардаанд, зеро масъулони ин минтақа ришро дахолати хориҷӣ ба фарҳанги маҳаллӣ ё нишонаи ифротгароии динӣ медонанд. Раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббор Қосим ба Радиои Озодӣ гуфт, бо ин афрод баҳсҳоеро доир хоҳад кард, то шикоятҳои онҳоро баррасӣ кунанд.

Ҳукумат қарор баровардааст, то ҳар шахсе, ки мехоҳад дар хориҷа дин омӯзад, бояд барояш тасдиқи ҳукуматиро бигирад, ва танҳо дар муассисаи диние, ки аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шудааст, таҳсил бигирад. Дар моҳи июл раиси Кумитаи дин Сулаймон Давлатзода гуфт, дар 11 соли гузашта 3901 нафаре, ки дар хориҷи кишвар дар муассисаҳои таълимии динии ғайриқонунӣ таҳсил мекарданд, ба ватан баргаштанд. Тибқи гузоришҳо, баъзе аз ин афрод ғайри ихтиёри худ баргардонида шудаанд.

Дар баъзе ҳолатҳо ҳукумат ин донишҷӯёнро барои гирифтани таҳсили дунявӣ ба интернатҳои давлатӣ фиристодааст. Масалан, 16-уми сентябри соли 2020 як узви ҲНИТ-и мамнуъшуда ба Радиои Озодӣ гуфтааст, писари 15-солаи ӯ дар мактаб-интернат барои кӯдакони душвортарбия ба «гаравгон гирифта шудааст». Маҳмадзариф Саидов, ки дар Аврупо ба сар мебарад, гуфтааст ҳангоми дар Дубай боздошт шудан, писараш дар мадрасаи Бангладеш таҳсил мекард, вале мақомот ӯро дар интернати махсус ҷой дода ва тамосашро бо хешовандон манъ кардаанд. Рӯзи 16-уми сентябр як манбаи ҳукумати ноҳия ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки дар мадраса писари Саидовро қариб чор сол “мағз шустанд” ва ҳоло ӯ ба вақти лозимӣ барои гирифтани таҳсилоти дунявӣ ниёз дорад.

Дар баррасии охирин (соли 2019, риояи ҳукумат ба уҳдадориҳои худ) Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид изҳор дошта буд, ки “дахолати давлат ба корҳои динӣ, ибодат ва озодии эътиқод ва маҳдудиятҳои баста ба он … бо Аҳднома номувофиқанд.”

UNHRC ин маҳдудиятҳоро чунин муайян кардааст:

  • (а) халал расонидан ба таъини имомҳо ва ба интихоби мавзуъ ва мундариҷаи мавъизаҳои онҳо;
  • (б) назорат аз болои китобҳо ва дигар маводи динӣ;
  • (в) талаботи иҷозати давлат барои гирифтани таҳсилоти динӣ дар хориҷа;
  • (г) манъи вуруд ба масҷид барои онҳое, ки хурдтар аз 18-сола ҳастанд;
  • (ғ) муқаррарот дар бораи сабтиноми ташкилоти динӣ;
  • (д) муқаррарот дар мавриди пӯшиши либос дар ҷашнҳои анъанавӣ ё динӣ ва манъи баъзе либос, ба монанди ҳиҷоб;
  • (е) маҳдудиятҳо нисбат ба ақаллиятҳои динии масеҳӣ, аз ҷумла “Шоҳидони Яҳво”.

Тибқи иттилои “Форум 18” аз моҳи августи соли 2019 то январи соли 2020 Кумитаи дин чаҳор калисои протестантиро барои ташкили тарҷумаи Инҷил ба забони тоҷикӣ аз 7 000 то 11 000 сомонӣ ($ 620 – $ 970) ҷарима баста буд. Як узви ин ҷамоат ба “Форум 18” гуфта буд, ки ин ҷаримаҳо “бузург” будаанд ва он ҳам бо назардоште, ки ҷамъоварии миёнаи моҳона дар баъзе калисоҳо ҳамагӣ 500 сомонӣ (44 доллар)–ро ташкил мекунанд. Кумитаи дин гузориши созмонҳои ҷамъиятиро рад карда, изҳор доштааст, ки масоили тарҷумаи адабиёти динӣ ба салоҳияти он дохил намешавад.

Вазъи эҳтироми ҷамъият ба озодиҳои мазҳабӣ

Шахсони берун аз идораҳои ҳукуматӣ изҳор доштанд, ки ба сабаби тарс аз таъқиби ҳукумат аз баррасии масъалаҳое, ба монанди эҳтироми ҷомеа ба гуногунии динӣ, аз ҷумла суистифода ё табъиз бар асоси эътиқоди динӣ худдорӣ мекунанд. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтанд, дар умум масоили динӣ, махсусан масоили муносибати аъзои гурӯҳҳои гуногуни динӣ, ҳанӯз ҳам мавзӯе аст, ки аз баррасии он канораҷӯӣ мекунанд. Ин намояндагон гуфтанд, барояшон баррасии масоили нақзи ҳуқуқи шаҳрвандӣ нисбат баррасии масоли ихтилофи мазҳабӣ ё маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ роҳаттар аст.

Гузориши World Watch List, ки рӯйдодҳои соли 2020-ро дар бар мегирад, эълом доштааст, ки азбаски ҳуввияти миллии кишвар мустақим бо дини ислом пайванд мегирад, масеҳиёне, ки аз дини Ислом гаравидаанд, бо танқиди оила, дӯстон ва ҷомеаашон дучор меоянд.

Роҳбарони баъзе аз гурӯҳҳои ақаллиятҳои мазҳабӣ изҳор доштанд, ки ҷамоатҳои онҳо бо аксар аҳолии суннии ҳанафӣ равобити мусбат доранд. Ба гуфтаи ин роҳбарон, ҳанафиён ба ибодати онҳо монеъ намешуданд ва ё боис ба ташвиши ҷамоатҳояшон набудаанд. Роҳбарони гурӯҳҳои динии ақаллиятҳои дигар изҳор доштанд, шахсоне, ки аз дини ислом ба ҷамоати онҳо гаравидааст, ба норозигии иҷтимоии дӯстон ва ҳамсоягон дучор мешаванд.

Сиёсат ва иштироки ҳукумати Амрико

Дар тӯли сол сафир ва кормандони дигари сафорат дар вохӯриҳои алоҳида бо вазири корҳои хориҷӣ, муовини вазири корҳои хориҷӣ, намояндагони баландпояи Кумитаи дин ва шахсони дигари расмӣ нигаронии худро нисбат ба маҳдудияти иштироки ноболиғон ва занон дар маросими динӣ, вазъи “Шоҳидони Яҳво” ва ҳамчунин маҳдудият дар таълими динии ҷавонон изҳор карданд. Кормандони сафорат инчунин масъалаи таъқиби занон ва мардонро барои пӯшидани либоси динӣ ва намуди зоҳирии динӣ ба миён гузоштаанд.

Ба сабаби маҳдудиятҳои пандемияи COVID-19, сафорат ягон чорабинии ҷамъиятии мустақимро доир ба масоили озодии мазҳабу эътиқод баргузор накард. Кормандони сафорат ба таври маҷозӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои иҷтимоӣ ва пешвоёни динии созмонҳои масеҳӣ дар масъалаи озодиҳои мазҳабӣ робитаҳои маҳдуд доштанд.

Мансабдорони Амрико бо намояндагони ҳукумат муҳим будани иқдомҳоеро дар мавриди беҳтар кардани вазъи озодии эътиқод тавассути қонунгузории миллӣ ва дар робита ба хидмати алтернативӣ таъкид карданд. Кормандони сафорати Амрико барои саркашӣ аз хидмат (бо тақозои виҷдон) ва озод кардани маҳбусони ақидатӣ дархости афвро кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button