Рӯзи 13 май мошини вакили Думаи давлатии Русия Раҳим Азимов дар шоҳроҳи Кутузови шаҳри Маскав дучори садама шуд. Лаҳзаи садамаро видеорегистратори мошине, ки аз қафои “ҷип”-и депутат ҳаракат мекард, сабт кардааст.
Дар видеои дар Интернет нашршуда дида мешавад, ки як мошини “Skoda”-и рангаш сафед ба хатти дигари роҳ баромада, ба мошини “Range Rover” –и рангаш сиёҳ бархӯрда, чаппа шуд.
Раҳим Азимов хабари ба садама дучор шудани мошинашро тасдиқ карда гуфтааст, ки ба мошини ӯ як мошини дигар бархӯрдааст. «Мошини мо дар хатти худаш тибқи суръате, ки иҷозат дода шудааст, ҳаракат мекард ва ба ягон манёври хатарнок роҳ надодааст. Ҳамаи ин дар сабти видеорегистратор дида мешавад», — гуфт Азимов. Вакили Дума ба ронандаи мошини чаппашуда орзуи шифои ҳарчӣ зудтар кард ва гуфт, омода аст, ба ӯ кумак расонад.
Сабаби садамаро бояд мақомот муайян кунанд.
Раҳим Азизбоевич Азимов 18 сентябри соли 2016 аз ҳавзаи якмандатаии Киров аз номи ҳизби ҳокими “Единая Россия” вакили Думаи давлатӣ, даъвати VII интихоб шуда, узви кумитаи амният а мубориза бо коррупсия мебошад. Азимов доктори илмҳои техникӣ ва ягона зодаи Тоҷикистон аст, ки вакили маҷлиси поёнии парлумони Русия интихоб шудааст.
Раҳим Азимов 16 августи соли 1964 дар шаҳраки Шӯроби ноҳияи Исфараи вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) дар шимоли Тоҷикистон ба дунё омадааст. Аммо зодагони Найман мегӯянд, асли Раҳим Азимов аз Найман аст ва ҳатто мактаби Найманро ба номи падари ӯ Азизбой Азимов номгузорӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, Раҳим Азимов дар Найман бунёди чандин иншоот, аз ҷумла толори варзишӣ ва варзишгоҳро ба дӯш гирифтааст.
Ӯ соли 1986 Донишкадаи маъдани шаҳри Ленинградро хатм карда, то соли 1991 дар кони ангишти “Воркутинская” кор кардааст.
Ӯ сипас дар бошгоҳи варзишии “Строител”, Намояндаии ҷумҳурии Коми дар Маскав, Роснаркоконтрол, Ростехнологии ва ширкати “Уралхим” кор карда, соли 2002 Академияи дипломатии Русияро низ хатм карда, соли 2004 дар Донишкадаи маъдани Санкт-Петербург рисолаи докториашро ҳимоят кард. Раҳим Азимов чанд сол дар ин донишкада дарс ҳам медод.
Раҳим Азимов аз лиҳози ақида мусалмони суннӣ мебошад. Ӯ дар аввали солҳои 90 издивоҷ кардааст. Ӯву ҳамсараш Елена 3 фарзанд – як духтар ва ду писар доранд.