Мақомоти милисаи шаҳри Душанбе аз роҳандозии амалиёти вижае таҳти номи шартии “Тартиботи шабона” хабар доданд. Маркази матбуоти Раёсати корҳои дохилии пойтахти Тоҷикистон гуфт, “дар натиҷаи баргузории се марҳилаи амалиёти «Тартиботи шабона» дар умум 374 ҳолатҳои дағалона вайрон намудани талаботи Қоидаҳои ҳаракати роҳ дар қисмати шабона аз соати 21.00 то 23.00 ошкор ва нисбати ронандагон чораҳои дахлдори қонуниву профилактикӣ андешида шудааст.”
Дар байни ронандагони боздоштшуда соҳибони мошинҳои гаронбаҳо бо рақамҳои ба истилоҳ “крутой”, ба мисли 1010, 1111, 4444, 5555, 6888, 6777, 0099, 7770, 0020, низ ҳастанд.
Бино ба гузориши маркази матбуоти РВКД Душанбе, “дар қисмати шабона вайрон кардани тартиботи қонунгузорӣ дар роҳҳои марказии пойтахт аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки аксари онҳо гаронарзиши хориҷӣ мебошанд, ба ҳаракати бемамониати шаҳрвандону дигар воситаҳои нақлиёт халал расонида, боиси костагардонии маданияти шаҳрдорӣ гардидааст.”
РВКД Душанбе гуфт, дар ҷараёни амалиёти “Тартиботи шабона” ронандагонро асосан барои чунин ҳолатҳои дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ манъ кардаанд:
– таваққуф дар қатори дуюму сеюми роҳ, махсусан назди тарабхонаву қаҳвахонаҳо;
– банд намудани гузаргоҳҳои пиёдагардон ва риоя накардани талаботи аломатҳои манъкунанда;
– бе назорат гузоштан ва таваққуфи дуру дароз дар дохил ва назди истгоҳҳо;
– бо садои баланди гӯшхарош яку якбора аз ҷойи ист ҳаракат додани воситаи нақлиёт ва насби дастгоҳҳои худсохти садобаландкунанда;
– бе Иҷозатномаи сиёҳшиша ва бо рақамҳои қайди давлатии бегона идора кардани воситаи нақлиёт.
Аз ҷумла дар назди тарабхонаю қаҳвахонаҳои Мерве, Бухоро, Баҳори Аҷам, Сафо, Читир-Уста, Амонҷон, Сихкабоби Хуҷандӣ, меҳмонхонаи Вахш 140 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои таваққуф ошкор гардида, дар ҷараёни амалиёт 23 ронандаро барои насби дастгоҳҳои худсохти садобаландкунанда ва бо садои гӯшхарош аз ҷои исташ ҳаракат додани мошин муҷозот кардаанд.
Боздошти як қатор автомашинаҳои гаронарзиш барои бетартибиҳои шабона дар кӯчаҳои пойтахт зимни амалиёти «Тартиботи шабона»
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе
Дар қисмати шабона вайрон кардани тартиботи қонунгузорӣ дар роҳҳои марказии пойтахт аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки аксари онҳо гаронарзиши хориҷӣ мебошанд, ба ҳаракати бемамонияти шаҳрвандону дигар воситаҳои нақлиёт халал расонида, боиси костагардонии маданияти шаҳрдорӣ гардидааст. Вобаста ба пешгирии ҳолатҳои мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо истифода аз бахшҳои опертивӣ ва тафтишотию бозрасии милитсияи пойтахт дар якчанд марҳила амалиёти шартии «Тартиботи шабона»-ро роҳандозӣ намуд.
Зимни баргузории амалиёт ҳолатҳои зиёди дағалона вайрон намудани талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз қабили:
– таваққуф дар қатори дуюму сеюми роҳ, махсусан назди тарабхонаву қаҳвахона ва марказҳои хуроки умум;
– банд намудани гузаргоҳҳои пиёдагардон ва риоя накардани талаботи аломатҳои манъкунанда;
– бе назорат гузоштан ва таваққуфи дуру дароз дар дохил ва назди истгоҳҳо;
– бо садои баланди гушхарош яку якбора аз ҷойи ист ҳаракат додани воситаи нақлиёт ва насби дастгоҳҳои худсохти садобаландкунанда;
– бе Иҷозатномаи сиёҳшиша ва рақамҳои қайди давлатии бегона идора намудани воситаи нақлиёт, ки ҳамаи ин аз костагии ахлоқу маданият ва амалҳои ношоистаи чунин афрод дарак медиҳанд, ошкор ва нисбати ронандагон, ки аксарашон ҷавононанд, чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуданд.
Махсусан дар вақти шабона бетартибӣ ва қоидавайронкуниҳои дағали баъзе аз ронандагон дар назди тарабхонаю нуқтаҳои хуроки умум, ки боиси монегии ҳаракати мунтазами дигар воситаҳои нақлиёт гардидааст, боиси нигаронист. Аз ҷумла зимни амалиёти профилактикӣ дар назди тарабхонаю қаҳвахонаҳои Мерве, Бухоро, Баҳори Аҷам, Сафо, Читир-Уста, Амонҷон, Сихкабоби Хуҷандӣ, меҳмонхонаи Вахш муайян гардид, ки мизоҷони ин марказҳои хизматрасонӣ, талаботи Қоидаҳои ҳаркат дар роҳро дағалона вайрон намуда, бо таваққуф намудан дар қаторҳои дуюму сеюм ва роҳи пиёдагард ба равуои озоди дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ монеагӣ эҷод менамоянд.
Инчунин 140 далел чунин қоидавайронкуниҳо ошкору нисбати ронандагон маводҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд.
Ҳолати нигаронкунандаи дигаре, ки дар ҷараёни амалиёти мазкур муайян гардид, ин дар хиёбони Рудакӣ – кучаҳои марказии пойтахт таваққуфи автомашинаҳо дар қатори якуму дуюми ду тарафи роҳ, ҷамъшавии гуруҳии ронандагон дар қитъаҳои паҳлуии роҳ, аз театри Опера ва балет то майдони Исмоили Сомонӣ махсусан, дар рӯ ба рӯйи Боғи Устод Рӯдакӣ ва бо садои баланди гӯшхарош идора намудани воситаҳои нақлиёт аст, ки ин амали номатлуби онҳо боиси коста гардидани симои пойтахт шудааст.
Дар доираи амалиёт барои насбу истифодабарии дастгоҳҳои худсохти садодиҳанда ва бо овози баланду гӯшхарош дар кӯчаҳои марказии пойтахт идора намудани воситаҳои нақлиёт чандин ронанда боздошт ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас ва ҳуҷатгузорӣ карда шуда, ҳолатҳои мазкур дар нуктаҳои таъмири воситаҳои нақлиёт бартараф карда шуданд. Зимни амалиёт дар умум 23 чунин ҳолат ошкор карда шуд.
Ҳамзамон дар рафти амалиёти «Тартиботи шабона» якчанд ҳолатҳои идораи автомашинаҳои сиёҳшишаи бе Иҷозатнома, аз ҷумла дар қисмати пеш (ба истилоҳи ҷавонон напавал), насби таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ва рақамҳои қайди давлатии бегона муайяну ошкор карда шуд.
Нисбати ҳар яки онҳо маводҳои лозимӣ тартиб дода шуда, то бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта автомашинаҳои мазкур ба майдончаи ҷаримавии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ворид карда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи баргузории се марҳилаи амалиёти «Тартиботи шабона» дар умум 374 ҳолатҳои дағалона вайрон намудани талаботи Қоидаҳои ҳаракати роҳ дар қисмати шабона аз соати 21.00 то 23.00 ошкор ва нисбати ронандагон чораҳои дахлдори қонуниву профилактикӣ андешида шудааст.
Мушоҳидаи чунин ҳолатҳо ҳар яки моро водор месозад, ки нисбати амалу кирдорҳои номатлуб ва халалдоркунандаи тартиботу оромии шаҳрвандон ва фарҳангу маданияти шаҳрдорӣ бетараф набуда, ҷиҳати бартаф ва ислоҳи он сахми худро гузорем.