ВидеоМуҳоҷиронҶомеа

АНГЕЛИНА ПАДАРИ ТОҶИКАШ ДИЛОВАР МИРЗОЕВРО МЕҶӮЯД

Ҷунайдулло Худоёров дар Фейсбук қиссаи риққатовари духтареро аз Русия нашр кардааст, ки баъди 18 сол падари тоҷикашро меҷӯяд. Дар аксҳои нашршуда ҳам дида мешавад, ки ин духтар қиёфаи хеле монанд ба мардуми тоҷикро дорад ва ба падараш хеле шабоҳат дорад.

Бисёриҳо дар зери ин қисса навиштаанд, ки мутаассифона, чунин Ангелинаҳои аз муҳоҷирони тоҷик ба дунё омада дар Русия ҳазорон нафаранд, ки аз меҳрубонии падар маҳрум ба воя расиданд ваё мерасанд.

Ангелина Дмитриевна Граф, санаи таваллудаш 2 марти соли 2003 ва модараш Анна ба Ҷунайдулло Худоёров муроҷиат кардаанд, то барои пайдо кардани падари тоҷики Ангелина кумак кунад.

Модари духтар гуфтааст, ки дар шаҳри Берёзово бо як ҷавони тоҷик бо номи Мирзоев Диловар Ҳусейнович як сол зиндагии якҷоя доштааст, вале вақте дар батнаш Ангелинаро дошт, Диловар  аз тарки Берёзово кардааст.

Анна мегӯяд, махсус насаби духтарашро Дмитриевна гузошт, чунки Диловарро дар Берёзово ҳама Дима ном мебурданд. Ӯ ҳамин тавр, Ангелинаро ба калисо бурда, ғусли таъмид накардааст, чунки падараш мусалмон буд ва ӯ фкир мекард, ки яке падараш бар мегардад ва оянда мумкин бихоҳад, ки духтараш дар дини падараш бошад.

Ба гуфтаи модари Ангелина, Диловар Мирзоев аз ноҳияи Куйбишев (ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ)и вилояти Хатлони Тоҷикистон аст.

Ҷунайдулло Худоёров менависад: “Сабаби тарки зани ҳомиладор намудани Диловарро аз модари духтар пурсидам Ӯ афзуд, ки ман як додар доштам бо олами ҷиноӣ сару кор дошт ва зиндонӣ шуда буд, аз сабабе, ки Диловар бо ӯ соз набуд вақте фаҳмид, ки додарам аз зиндон раҳо мешавад, Диловар тарки ман ва ин шаҳрак намуду додарам аз зиндон озод шуда, баъи чанде аз тарафи ашхоси номаълум ба қатл расонида шуд.”

Ангелина бисёр мехоҳад, ки падарашро пайдо намояд ва ҳамарӯза аз модараш кӣ будан ва чӣ гуна пайдо намудани падарашро мепурсидааст. Аз ин лиҳоз муаллиф аз ҳамаи касоне, ки Мирзоев Диловар Ҳусейновичро мешиносанд, хоҳиш кардааст, то бетараф набошанд  ва дар ҷустуҷӯи падари тоҷики Ангелина кумак кунанд. “Биёед, ин ҷавонмарди тоҷикро пайдо намоем ва бо духтараш онҳоро пайваст намоем, то духтари дар ҳасрати рӯи падар бударо хушҳол намоем!”,  – навиштааст Ҷунайдулло Худоёров.

Junaydulloh Khudoyorov

 Ангелина падари Тоҷикашро ҷӯстуҷӯ дорад..

Дирӯз ба ман духтари Русе бо номи Ангелина ҳамроҳи модараш бо номи Аня муроҷиат намуданд то барои пай намудани падари Тоҷикаш мусоидат менамоям!

Ному насаб ва номи хонаводагиаш: (Граф Ангелина Дмитриевна) соли таваллудаш 02-03-2003 модари духтар мегӯяд, ки бо падари духтараш бо номи Мирзоев Деловар Хусейнович як сол зиндагии якҷоя доштанд, вай афзуд, ки вақте кӯдак дар батнам буд Дима (Диловар) манро тарк намуда аз шаҳраки Березовои ХМАО рафт ва дигар бедарак шуд, дере нагузашта духтарчаамро ба дунё овардам, ва бо сабаби он, ки падараш Тоҷик асту мусалмон ман духтарамро ба “ЦЕРКОВЬ” набурдаму “крестит” накардам, ки яке падараш бар мегардад, ва оянда мукин мехоҳад дар дини падараш бошад.

Ман ҳам ҳиси кунҷкобиам боло рафту пурсидам агар падари духтарат Тоҷик аст пас чаро номи падари духтаратон дар ҳуҷҷатҳояш (Дмитриевна) навишта шудааст ? Ӯ афзуд, ки ҳамаи сокинони шаҳраки Березово Диловарро бо номи Дима мешинохтанд аз ҳамин сабаб номи хонаводагии худамро барояш додам, ва номи падарашро Дмитриевна сабт намудам.

Модари Ангелина илова намуд, ки Мирзоев Деловар Хусейнович зодаи вилояти Хатлони Тоҷикистон ва сокини ноҳияи Куйбышев ҳозира Абдурраҳмони Ҷоми мебошад, вале дар давом “по моему” гуфт яъне бо бовари нагуфт, ки аз н-Ҷоми аст.

Сабаби тарки зани ҳомиладор намудани Диловарро аз модари духтар пурсидам Ӯ афзуд, ки ман як додар доштам бо олами ҷиноӣ сару кор дошт ва зиндонӣ шуда буд, аз сабабе, ки дилова бо у соз набуд вақте фаҳмит, ки додарам аз зиндон раҳо мешавад Диловар тарки ман ва ин шаҳрак намуду додарам аз зиндон озод шада баъи чанде аз тарафи ашхоси номаълум ба қатл расонида шуд.

Хулоса:

Ангелина бисёр мехоҳад, ки падарашро пайдо намояд ва ҳамарӯза аз модараш ки будан ва чинуна пайдо намудани падарашро мепурсидааст.

Аз ин лиҳоз аз ҳамаи бародарону хоҳарони Тоҷик ва касоне, ки Мирзоев Диловар Хусейновичро мешиносанд хоҳиш менамоям бетараф набошед биёед аз ҳамин рӯзи иди саъди фитр шурӯъ намуда ин ҷавонмарди Тоҷикро пайдо намоем ва бо духтараш онҳоро пайваст намоем то духтари дар ҳасрати рӯи падар бударо хушҳол намоем!

Касоне маълумоте доранд, ва ё пайдо менамоянд метавонед дар месенҷер нависед!

Бо эҳтиром Ҷунайдуллоҳ Худоёров.

Дар аксҳои зер Ангелина ва каси 18 сола қаблӣ падараш Диловар.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button