ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонТоҷикистон

САРХАТИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 12 МАЙИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими чоршанбе, 12 майи Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.  Дар ин барнома:

ҚИРҒИЗИСТОН БА ЗИДДИ ГЕНЕРАЛИ ТОҶИК ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ КУШОДААСТ (ВИДЕО)

ШУМОРАИ ҚУРБОНИЁНИ СЕЛИ РӮЗИ 11 МАЙ БА 9 НАФАР РАСИД

КОРИ ХУДАШРО КУНАД! БОЗПУРСИИ ХЕШУ ТАБОРИ ҲАМКОРОНИ ИЗЗАТ АМОН

КУМАКИ ИСМОИЛ, НАБЕРАИ ПРЕЗИДЕНТ БА ОИЛАҲОИ АЗ ОФАТИ ТАБИӢ ЗАРАРДИДА

ҲАМСАРИ ҚАДАМИ ҚУРБОН НИЗ ДАР СЕЛ ОСЕБ ДИДААСТ  

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР БАЙНИ ДУ СОАТ

ГӮШТ – 40 СОМОНӢ, ЯК ҚУТТӢ ТУХМ – 15 СОМОНӢ. ТАШКИЛИ ЯРМАРКА ДАР ВКД ДАР АРАФАИ ИД

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Додситонии кулли Қирғизистон ба амалҳои генерали милитсияи тоҷик Хуршед Изаттуло Муҳаммадзода, сардори Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД Тоҷикистон, ки воҳидҳои махсусе, чун ОМОН, СОБР ва “спетсназ” дар ихтиёри ӯст, баҳои ҳуқуқӣ хоҳад дод.

Ин изҳоротро сардори хадамоти матбуоти додситонии кулли Қирғизистон Белек Каликов дар суҳбат бо хабаргузории русии “Интерфакс” баён доштааст. Каликов гуфтааст, ки парвандаи ҷиноии генерали тоҷикро Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон таҳқиқ мекунад.

Аз видеои дар Интернет нашршуда бармеояд, ки генерал метавонист дар муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзҳои 28-29 апрел иштирок дошта бошад“, – изҳор доштааст Каликов.

Манзури мақомоти қирғиз ғолибан видеоест, ки аз ҷониби блогерҳои тоҷик зери як мусиқии ватандӯстона нашр шудааст ва дар он афсарони воҳидҳои вижаи ВКД таҳти фармондеҳии генерал Хуршед Муҳаммадзода, дида мешаванд. Онҳо дар ҳоле тасвир шудаанд, ки дар даромадгоҳи деҳаи Мақсати Қирғизистон ба мошинҳои зиреҳпӯши БТР, “ҷип”-ҳои ба рӯи бомашон пулемёту дигар силоҳҳои вазнин насбшуда савор мешаванд.

Деҳаи Мақсат дар ҷараёни муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон яке аз нуқтаҳои доғ буд ва ба навиштаи матбуоти Қирғизистон, талафоти зиёд дод.

Генерал Хуршед Муҳаммадзода

Худи генерал Хуршед Муҳаммадзода  то ҳол хабари ба зиддаш дар Қирғизистон кушодани парвандаи ҷиноятиро шарҳ надодааст.

Вале ӯ қаблан дар мусоҳибааш бо хабарнигори «Азия Плюс» Меҳрангез Турсунзода дар Исфара гуфта буд, ки нирӯҳои “Алфа” замоне ба маҳалли муноқиша расиданд, ки байни тарафҳо алакай оташбас эълон шуда буд.  Ӯ гуфт, аз берун як шумори хеле ками нирӯҳои иловагӣ ҷалб шуда буд ва дар марз бо Қирғизистон дар ҷараёни муноқишаи ахир асосан нирӯҳои мустақар дар худи вилояти Суғд дастбакор шуданд: Нирӯҳои “Алфа” ба тарафи марз субҳи 29 апрел, дар пайи бад шудани вазъият ҳаракат кард, вале онҳо шом ба инҷо расиданд, вақте ки алакай фармони оташбас баромада буд. Онҳо барвақттар расида ҳам наметавонистанд, чунки роҳ таҳти назорати мо набуд.”

Муноқишаи поёни моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон  бо дастикам 55 куштаву беш аз 240 захмиаш пурқурбонитарин муноқишаи марзӣ дар чанд даҳсолаи охир дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Генерал-майор Хуршед Муҳаммадзода  49 сол дорад. Ӯ 29 майи соли 2015, чанд рӯз баъди ба Сурия фирор кардану ба ДОИШ пайвастани фармондеҳи собиқи ОМОН ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов фармондеҳи ОМОН ва раёсати воҳидҳои таъйиноти махсус таъйин шуд.

ххххххх

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, шумораи қурбониёни сели рӯзи 11 май дар манотиқи марказ ва ҷануби кишвар ба 9 нафар расид.

Дар деҳаи Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин се сокини ин русто, ки яке 39-сола, дуюмӣ 29-сола ва сеюмӣ ҳамагӣ 10 сол дошт, ба ҳалокат расиданд. Ин се нафар ҳангоми омадани сел дар дохили мошин буданд. Ва як мусофири мошин, хонуми 45-солаи ҳамин деҳа бо ҷароҳатҳои вазнин зинда монд. 

Ҳангоми сел дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар ҷон бохтанд, ки ду нафари онҳо дар мошин буданд ва як нафар дар сел фавтид.

Ҳангоми чорвочаронӣ як сокини 26-солаи деҳаи Халқадашти ҷамоати деҳоти ба номи М.Турсунзодаи шаҳри Ҳисор зери лойоба монда, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт

Дар ҳудуди деҳаи Эргаши ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён мошини боркаши тамғаи “Дулан”, ки ба сокини 34-солаи деҳаи Эргаш Бахтиёр Холов таалуқ дошт, дар маҷрои селроҳа дар монда, чаппа мешавад ва ронанда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ҷасади ӯро 25 км поёнтар дар деҳаи Сенокоси ҷамоати Машъали ноҳияи Вахш пайдо карданд.

Дар сели рӯзи 11 май дар ноҳияи Вахш низ як нафар ҳалок шудааст.

КҲФ ҳушдор додааст, ки боришоти шадид метавонад то 14 май давом кунад.

Таҳти роҳбарии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода як комиссияи вижа  таъсис ёфта, шоми 11 май Қоҳир Расулзода,  ҳамчунин вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Рустам Назарзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба маҳалҳои аз офатҳои табиӣ зарардидаи вилояти Хатлон сафарбар гардиданд.

Рӯзи 6 май бар асари боришоту сел дар деҳаи Навободи ноҳияи Ҷомӣ низ як масоҳати бузурги замин чӯкид ва 15 хона ва 100 гектар замин зери хок фурӯ рафт.

хххххххх

Бахтовар Ҷумъаев ва Иззат Амон

Ҳамкорони Иззат Амон дар “Маркази Тоҷикони Маскав” мегӯянд, ки мақомот хешовандони онҳоро дар Тоҷикистон бозпурсӣ карда, тавассути онҳо паём фиристодаанд, ки фаъолияти худро қатъ карда, “ба кори бори худ машғул шаванд.”

Бахтовар Ҷумъаев, яке аз ҳомиёни шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик гуфт, кормандони УБОП падари ӯро аз Панҷакент ба Душанбе оварда, як рӯз дар боздошт нигоҳ доштаанд ва ҳамсарашро низ, ки дар Душанбе донишҷӯст, барои пурсиш даъват кардааст. “Ин ҳама ба хотири фишор болои ман аст, ки ман ба Тоҷикистон баргардам”-, гуфтааст Бахтовар ба Радиои Озодӣ.

Бино ба иттилои Озодӣ, пайвандони чанд ҳамкори дигари Иззат Амон дар Маскав, аз ҷумла  Идибек Ҳасанов, Суҳроби Ҷаҳон, Мамадхон Эгамов, Ҳусейн Эшонқулов низ ба УБОП даъват шуда, мавриди пурсиш қарор гирифтаанд.

Аммо мақомот мегӯянд,  ҳадафи ин пурсишҳо муайян кардани дар Русия ба чӣ кору фаъолият машғул шудани шаҳрвандони мушаххас мебошад. Як мақоми Вазорати корҳои дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, даъвати пайвандони ин нафарон барои қазияи Иззат Амон нест. Вай гуфт, вақте онҳоро даъват мекунанд, фақат мехоҳанд, ки ба фарзандашон дар Русия расонанд, ки ба кору касби худ машғул шаванд. “Агар донишҷӯ аст, ба таҳсил машғул бошад, агар ҳуқуқшинос бошад кори ҳуқуқии худро анҷом диҳад, барои чӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарчӣ хоҳанд мегӯянд?”, суол гузошт ин мансабдор.

Суҳроби Ҷаҳон, ки баъди истирдоди Иззат Амон роҳбарии  Маркази тоҷикони Маскавро ба дӯш дорад, рӯзи 11-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, пайвандони ӯро ҳам як ҳафта қабл ба УБОП даъват намуда, забонхат гирифтаанд: “Гуфтаанд, агар хонданӣ рафта бошад, ба таҳсилаш машғул шавад. Дар шабакаҳо суратҳое, ки ҳамроҳи Иззат Амон гузоштааст, нест кунад. Дар як навори видеоӣ аз Бобои Дона аз хиёнаткорҳо ҳимоят кардааст, кӯр карда партояд”.

Иззат Амон, раиси “Маркази тоҷикон” ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон, рӯзи 25-уми марти имсол дар Маскав нопадид ва баъд аз ду рӯз дар Тоҷикистон “пайдо шуд”. Дар Тоҷикистон ӯро ба “қаллобӣ” муттаҳам мекунанд. Наздикону ҷонибдоронаш қазияро сиёсӣ медонанд.

Иззат Амон пайваста ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш дар Русия саъю кӯшиш ба харҷ намедиҳад. Созмони зери раҳбарии ӯ ҳамчунин ба муҳоҷирони муҳтоҷ кумаки ҳуқуқӣ ва молӣ мерасонд.

ххххххххххх

Акс аз саҳифаи Баҳром Ҷалилов дар Инстаграм

Исмоили Муҳаммадзоир, набераи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаҳое, ки ҳафтаи гузашта бар асари офати табиӣ дар вилояти Хатлон зарар дидаанд, кумак кардааст.

Дар ин бора бо нашри чанд акс аз ҷараёни тақсими бастаҳои кумакҳои ғизоӣ аксбардор Баҳром Ҷалилов дар Инстаграм хабар додааст.Соҳибқирони Зафар бо бознашри ин аксҳо дар Фейсбук кумакҳои Исмоилро “иқдоми нек” номида, навиштааст: “Аҳсан! Худо аз шумо розӣ бошад!”

Зоҳиран сухан дар бораи сокинони деҳаи Навободи ноҳияи Ҷомӣ меравад, ки рӯзи 6 май бар асари чӯкидани як масоҳати бузург дар инҷо 100 гектар замини кишт ва 15 хона зери хок рафт.

Тоҷикистон як ҳафта боз аз селу боришоти шадид азият мекашад. Рӯзи 11 май, бино ба иттилои расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, бар асари сел дар Тоҷикистон 7 нафар, аз ҷумла 3 нафар дар ноҳияи Ш.Шоҳин, 3 нафар дар Кӯлоб ва як нафари дигар дар Ҳисор ба ҳалокат расиданд.

Исмоили Муҳаммадзоир 21 сол дошта, фарзанди Фирӯза Раҳмонова, духтари калонии президент, ва домоди калониаш Муҳаммадзоир (Зоир) Соҳибов мебошад. Исмоил қаблан ҳам бо иштироки фаъолонааш дар корҳои хайр ва дастгирии варзишгарону ҳунармандон ном бароварда буд.

хххххх

Қадами Қурбон ва завҷааш

Дар чанд видеое, ки аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Интернет нашр шуд, гуфта мешавад, ки дар дохили мошини “Нексия”-и рангаш сафед, ки рӯзи 11 май дар деҳаи Чагам селаш бурд, Ҷонона Шамсиддинова, ҳамсари овозхони шинохта Қадами Қурбон низ будааст. Ин мошин ҳангоми баргаштан аз Кӯлоб вақте тӯъмаи сел шуд, ки ронандааш мехост рӯдхонаи Сангобро убур кунад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар иттилоияи расмиаш ҳалокати се сокини деҳаи Чагам, аз ҷумла як кӯдаки даҳсоларо тасдиқ кард ва бидуни зикри номаш гуфт, як мусофири дигари мошине, ки ба коми сел рафт, хонуми 45-солаи сокини ҳамин деҳаи Чагам буд, ки бо ҷароҳатҳои вазнин зинда монд. 

 Дар ҳамин ҳол, худи Қадами Қурбон низ дар суҳбат бо Азия Плюс наҷоти ҳамсараш дар ин фоҷеаро тасдиқ кардааст. Ӯ гуфтааст, ки ҳамсараш барои хариди маҳсулоти дастархони Иди Рамазон ба бозор рафта буд ва дар роҳи бозгашт ба деҳаи Чагам сел мошини онҳоро бурдааст.

«Дар мошин боз се нафари дигар будаст, ки мутаассифона онҳо ҳалок шуда, ҳамсари ман зинда мондааст. Худоро шукр, ки соқу саломат ба назди фарзандонаш омад. Ҳоло вазъи саломатияш хуб аст, пойҳо ва миёнаш камтар осеб диданд, вале сахт тарсидааст. Боз рӯзадор аст, хоҳиш кардем рӯзаро бихӯр, то қувват бигирӣ, не мегӯяд», – нақл кардааст Қадами Қурбон.

Қадами Қурбон як овозхони дар гузашта тӯйгард буд, ки асосан дар минтақаи Кӯлоб шуҳрат дошт. Ду сол пеш ӯ нахустин клипашро дар студияи касбӣ сабт кард. Ҳоло ҳар клипи ӯ дар Интернет чанд миллион тамошобин пайдо мекунад.Қадами Қурбон боре қисса карда буд, ки завҷаашро дар аввали солҳои 90 аз хонаи падару модараш дуздида буд, чунки онҳо розӣ набуданд, ки духтарашонро ба Қадам бидиҳанд. Ба гуфтаи овозхон, танҳо баъди соҳиби 3 фарзанд шудан хусуру хушдоманаш билохира ба тақдир тан доданд ва ӯро ба ҳайси домод эътироф карданд. Ва фақат баъди ин Қадами Қурбон тавонистааст бо завҷааш тӯй кунад.

хххххххххххх

Подполковник Маҳбуба Гул, яке аз масъулони маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 11 май, дар арафаи иди Рамазон бо ташаббуси роҳбарияти ВКД дар ин вазорат барои кормандонаш ярмаркаи фурӯши маҳсулоти хӯрока бо нархҳои хеле арзонтар аз нархи бозор доир шуд.

“Дар ин ярмарка маҳсулоти ғизоӣ аз қабили гушту биринҷ, равғану шакар, тухму орд, картошкаю пиёз, навъҳои гуногуни мева ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум пешкаши харидорон карда шуд. Аз он ҷумла, 1 кг гушт – 40 сомонӣ, як қуттӣ тухм – 15 сомонӣ, 10 кг орд – 30 сомонӣ, 1 кг биринҷ – 5 сомонӣ, 1 кг шакар – 6 сомонӣ, 1 кг помидор – 5 сомонӣ, 1 кг бодиринг – 2 сомонӣ, 1 кг картошка – 4 сомонӣ, 1 кг пиёз – 3 сомонӣ, 1 кг сабзӣ – 3 сомониро дар бар мегирифт”, – гуфта мешавад дар иттилоияи нашршуда дар сомонаи ВКД Тоҷикистон.

Ин дар ҳолест, ки нархи як кило гӯшт дар бозорҳои Тоҷикистон аз марзи 60 сомонӣ гузаштааст ва рӯзҳои охир нархи як қуттӣ тухм низ ба 42 сомонӣ расид (як сомонию 40 дирам – нархи як тухм!!!).

Маҳбуба Гул навиштааст, тамоми маҳсулоти пешниҳодшуда ба кормандони милиса аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони ВКД пешниҳод гардида, нисбат ба бозору марказҳои савдо арзонтар ба фурӯш гузошта шуда буд, ки ин тӯҳфаи хубе бахшида ба Иди Рамазон ба шумор меравад.

“Лозим ба ёдоварист, ки дар арафаи ҳама гуна ҷашну маросимҳои идона чунин ярмаркаҳо пайваста аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ташкил карда шуда, шаҳодат аз дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати кормандони ин сохтори бонуфузи қудратӣ мебошад”, – навиштааст ӯ.

ххххххххххххххх

Ва дар поёни барнома хулосаи ахбори криминалии рӯз:

Рӯзи 11 май, соати 12, Илҳом Назаров, ронандаи мошини тамғаи «Чанху», сокини 35-солаи ҷамоати  Бурунови шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти ноҳияи Файзобод дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Абдулвосиев аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба мошини тамғаи «Опел-Астра» ва сипас мошини боркаши “ГАЗ-279913”, ки дар канори роҳ беҳаракат меистод, бархӯрдааст. Дар натиҷа, мошини ГАЗ ба ҳаракат даромада, пиёдагард Ғиёсов Усмон, сокини 64-солаи шаҳри Ваҳдатро, ки дар назди истгоҳ қарор дошт, пахш намудааст. Пиёдагарди солманд бар асари ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.

Ҳамон рӯзи 11 май, соати 14:10, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Ҳомидов Мансур, сокини 31-солаи ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷайҳун ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Балхӣ, дар шоҳроҳи «Душанбе-Панҷи поён» ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини тамғаи «Мерседес Бенс», таҳти идораи Муъминов Раҳмиддин, сокини 34-солаи ҷамоати Меҳвари ноҳияи Панҷ, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи «Мерседес» Муъминов Раҳмиддин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи «Опел» Мансур Ҳомидов ва кӯдаки дусолааш Муҳаммадҷон бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ  дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар  ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

ххххххххх

Як зани 49-солаи сокини ноҳияи Сино ба ШВКД-1 ин ноҳия муроҷиат кардааст, ки моҳи марти соли 2021, дар кӯчаи С.Шерозӣ зани 46-солаи сокини Сино, ҳамроҳи “Ҷамшед” ном шахс, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромадаанд ва аз ӯ ба маблағи 34 ҳазор сомонӣ ҷавоҳироти тиллоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки баъд аз 10-рӯз маблағашро бармегардонанд, аммо то ҳол барнагардонидаанд.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино зани 45-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2019 дар кӯчаи С.Шерозӣ зани 46-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 39 ҳазор сомонӣ ҷавоҳироти тиллоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамзамон, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 49-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2020, марди 39-сола бо ҳамроҳии рафиқаш “Умед” ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи «Лексус РХ-350»-ро ба маблағи 20 ҳазору 500-доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол пулашро надодаанд. ВКД гуфт, ин афрод мошинро ба як сокини 50-солаи сокини Шоҳмансур  бо нархи  112 ҳазор сомонӣ фурӯхта, пулашро ба манфиати шахсиашон сарф кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button