ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

ҚИРҒИЗИСТОН БА ЗИДДИ ГЕНЕРАЛИ ТОҶИК ХУРШЕД МУҲАММАДЗОДА ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ КУШОДААСТ (ВИДЕО)

Додситонии кулли Қирғизистон ба амалҳои генерали милитсияи тоҷик Хуршед Изаттуло Муҳаммадзода, сардори Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД Тоҷикистон, ки воҳидҳои махсусе, чун ОМОН, СОБР ва “спетсназ” дар ихтиёри ӯст, баҳои ҳуқуқӣ хоҳад дод.

Ин изҳоротро сардори хадамоти матбуоти додситонии кулли Қирғизистон Белек Каликов дар суҳбат бо хабаргузории русии “Интерфакс” баён доштааст. Каликов гуфтааст, ки парвандаи ҷиноии генерали тоҷикро Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон таҳқиқ мекунад.

“Аз видеои дар Интернет нашршуда бармеояд, ки генерал метавонист дар муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзҳои 28-29 апрел иштирок дошта бошад”, – изҳор доштааст Каликов.

Манзури мақомоти қирғиз ғолибан видеоест, ки аз ҷониби блогерҳои тоҷик зери як мусиқии ватандӯстона нашр шудааст ва дар он афсарони воҳидҳои вижаи ВКД таҳти фармондеҳии генерал Хуршед Муҳаммадзода, дида мешаванд. Онҳо дар ҳоле тасвир шудаанд, ки дар даромадгоҳи деҳаи Мақсати Қирғизистон ба мошинҳои зиреҳпӯши БТР, “ҷип”-ҳои ба рӯи бомашон пулемёту дигар силоҳҳои вазнин насбшуда савор мешаванд.

Деҳаи Мақсат дар ҷараёни муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон яке аз нуқтаҳои доғ буд ва ба навиштаи матбуоти Қирғизистон, талафоти зиёд дод.

Худи генерал Хуршед Муҳаммадзода  то ҳол хабари ба зиддаш дар Қирғизистон кушодани парвандаи ҷиноятиро шарҳ надодааст.

Вале ӯ қаблан дар мусоҳибааш бо хабарнигори «Азия Плюс» Меҳрангез Турсунзода дар Исфара гуфта буд, ки нирӯҳои “Алфа” замоне ба маҳалли муноқиша расиданд, ки байни тарафҳо алакай оташбас эълон шуда буд.

Ӯ гуфт, аз берун як шумори хеле ками нирӯҳои иловагӣ ҷалб шуда буд ва дар марз бо Қирғизистон дар ҷараёни муноқишаи ахир асосан нирӯҳои мустақар дар худи вилояти Суғд дастбакор шуданд: Як шумори хеле кам буд аз берун. Мо аз Душанбе нирӯ наовардем, балки ҳамаи нирӯҳои ҷалбшуда аз қисмҳои низомии худи вилояти Суғд буд. Асосан марзбонҳо, нирӯҳои милиса ва ОМОН ҷалб шуданд, ки тибқи созишномаи дутарафа, то 10 нафараш метавонад дар минтақаи марзӣ бошад.  Нирӯҳои “Алфа” ба тарафи марз субҳи 29 апрел, дар пайи бад шудани вазъият ҳаракат кард, вале онҳо шом ба инҷо расиданд, вақте ки алакай фармони оташбас баромада буд. Онҳо барвақттар расида ҳам наметавонистанд, чунки роҳ таҳти назорати мо набуд.”

 Сабаби камтар будани талафоти ҷониби Тоҷикистонро генерал Муҳаммадзода ба он рабт дод, ки ҷониби Тоҷикистон дар ҳоли мудофиа қарор дошт, на ҳуҷум: “Агар мо ҳамла мекардем, талафотамон бештар мешуд. Аммо мо дар ҳоли мудофиа қарор доштем, на ҳамла. Аз ин рӯ, талафоти мо камтар аст.”

Қирғизистон то имрӯз дар бораи кушта шудани 36 шаҳрвандаш ва захмӣ шудани беш аз 150 тани дигар хабар додааст. Ҷониби Тоҷикистон кушта шудани 19 нафар ва ҷароҳат бардоштани 87 шаҳрвандашро тасдиқ кардааст. Муноқишаи пурқурбонии поёни моҳи апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон  бо дастикам 55 куштаву беш аз 240 захмиаш пурқурбонитарин муноқишаи марзӣ дар чанд даҳсолаи охир дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.

Генерал-майор Хуршед Муҳаммадзода  49 сол дорад. Ӯ 29 майи соли 2015, чанд рӯз баъди ба Сурия фирор кардану ба ДОИШ пайвастани фармондеҳи собиқи ОМОН ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов фармондеҳи ОМОН ва раёсати воҳидҳои таъйиноти махсус таъйин шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button