ВидеоДин ва боварҳоТоҷикистонЧеҳраҳоҶомеа

ОЗОДА РАҲМОН МАОШИ МОҲОНААШРО БА ПАНҶГОНИКҲО АЗ ҚУБОДИЁН ТАҚДИМ КАРД (9 АКС)

Раиси дастгоҳи президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон дар арафаи иди саиди Фитр маоши моҳонаашро ҳамчун кумаки молиявӣ ба волидони панҷгоникҳо аз ноҳияи Қубодиён тақдим кардааст. Озода Раҳмон ҳамчунин ба ин хонавода ҷиҳози хонаи хоб, яхдон, кондитсионер, мошини ҷомашӯӣ, сару либос ҳам барои панҷгоникҳо ва ҳам барои волидони онҳо, ҳамчунин маводи хӯрокворӣ ва ғизои кӯдакона туҳфа кардааст.

Дар ин бора рӯзи 12 май Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар саҳифааш дар Фейсбук бо нашри 9 акс хабар дод. Дар аксҳо дида мешавад, ки ёриҳои фиристодаи Озода Раҳмонро ба хонаводаи Раҳмон Нормуродов, падари хушбахти ин тифлони панҷгоник вазири меҳнат Ширин Амонзода расондааст.

Сокини ноҳияи Қубодиён Дилноза Маматова рӯзи 30 декабри соли 2020 дар як таваллудхонаи Душанбе  якбора панҷгоник – ду писар ва се духтар таваллуд кард. Ин нахустин мавриди таваллуди панҷгоник дар Тоҷикистон аст.  Онҳоро Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Зуҳро ва Хадиҷа ном гузоштаанд.

Мақомоти вилояти Хатлон ваъда дода буданд, ки барои ин оила дар ҳавлиашон чанд ҳуҷраи нав месозанд. Вазорати меҳнат хабар дод, ки сохтмони ин ҳуҷраҳо қариб ба поён расидааст ва панҷгонаҳо – Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Хадича ва Кибриё 1 июн,  Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро дар хонаи нав истиқбол мегиранд.”

Озода Раҳмон як сол пеш низ дар арафаи иди саиди Фитр ба бемористони марказии зодгоҳаш – ноҳияи Данғара 100 кати хоб, 100 кӯрпача бо 100 болишти пахтагӣ, дар маҷмӯъ 100 рахти хоб кумак карда буд.  Ҳамчунин гузориш шуда буд, ки Озода Раҳмон нақша дорад, ки то рӯзи ид  ба беморхонаҳои кишвар ба маблағи 115 ҳазор сомонӣ маводи дорувор кумак кунад.

 Озода Раҳмон – духтари дуюми президенти Тоҷикистон – 43 сол дошта, аз соли 2016 роҳбарии дастгоҳи президентиро дар даст дорад.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТУҲФАҲОИ РОҲБАРИ ДАСТГОҲИ ИҶРОИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ПАНҶГОНИКҲО ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

Дар арафаи Иди саиди Фитр аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ ба хонаводаи панҷгоникҳо дар ноҳияи Қубодиён туҳфаҳои пулию молӣ тақдим карда шуд.

Туҳфаҳои тақдимшуда аз ҷиҳози хонаи хоб (спальный гарнитур), яхдон, кондитсионер, телевизор ва мошинаи ҷомашӯӣ иборат буда, барои ҷиҳозонидани хонаи истиқоматии панҷгоникҳо, ки айни замон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Қубодиён бунёд гардида истодааст, пешбинӣ шудаанд.

Инчунин, либос барои панҷгоникҳову аъзои хонавода, маводи хӯрокворӣ ва ғизои кӯдакона низ ба оилаи тифлакон тақдим карда шуд. Ҳамзамон, маоши якмоҳаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ ҳамчун кумаки молиявӣ ба волидони ин панҷгоникҳо расонида шуд.

Бояд қайд намуд, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматӣ барои хонаводаи панҷгоникҳо рӯзҳои наздик ба анҷом расида, панҷгонаҳо – Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Хадича ва Кибриё ҷашни Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро дар хонаи нав истиқбол мегиранд.

Илова бар ин, дар нақша аст, ки то рӯзи омодашавии хонаи нави истиқоматӣ гилему кӯрпаҳо, қандилу таҷҳизоти ошхона ва дигар ҷиҳози хонаи хоби кӯдакон дастраси оила карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки дастгирии ҳар нафари ниёзманди ҷомеа аз сиёсати хирадмандона ва иқдомҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манша мегиранд, ки баҳри якдиливу якмаромӣ ва расидан ба зиндагии шоиста равона гардидаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button