ВидеоМуҳоҷиронСиёсатҲуқуқи инсон

МАҚОМОТ ХЕШОВАНДОНИ ҲАМКОРОНИ ИЗЗАТ АМОНРО ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗПУРСӢ КАРДААНД

Ҳамкорони Иззат Амон дар “Маркази Тоҷикони Маскав” мегӯянд, ки мақомот хешовандони онҳоро дар Тоҷикистон бозпурсӣ карда, тавассути онҳо паём фиристодаанд, ки фаъолияти худро қатъ карда, “ба кори бори худ машғул шаванд.”

Бахтовар Ҷумъаев, яке аз ҳомиёни шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик гуфт, кормандони УБОП падари ӯро аз Панҷакент ба Душанбе оварда, як рӯз дар боздошт нигоҳ доштаанд ва ҳамсарашро низ, ки дар Душанбе донишҷӯст, барои пурсиш даъват кардааст. “Ин ҳама ба хотири фишор болои ман аст, ки ман ба Тоҷикистон баргардам”-, гуфтааст Бахтовар ба Радиои Озодӣ.

Ӯ афзуд, ки рӯзи 10 май шахсан бо мақомоти УБОП дар тамос шуда, ба ғайриқонунӣ будани истифодаи фишор ба волидон таъкид кардааст.

Бино ба иттилои Озодӣ, пайвандони чанд ҳамкори дигари Иззат Амон дар Маскав, аз ҷумла  Идибек Ҳасанов, Суҳроби Ҷаҳон, Мамадхон Эгамов, Ҳусейн Эшонқулов низ ба УБОП даъват шуда, мавриди пурсиш қарор гирифтаанд.

Аммо мақомот мегӯянд,  ҳадафи ин пурсишҳо муайян кардани дар Русия ба чӣ кору фаъолият машғул шудани шаҳрвандони мушаххас мебошад. Як мақоми Вазорати корҳои дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, даъвати пайвандони ин нафарон барои қазияи Иззат Амон нест. Вай гуфт, вақте онҳоро даъват мекунанд, фақат мехоҳанд, ки ба фарзандашон дар Русия расонанд, ки ба кору касби худ машғул шаванд. “Агар донишҷӯ аст, ба таҳсил машғул бошад, агар ҳуқуқшинос бошад кори ҳуқуқии худро анҷом диҳад, барои чӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарчӣ хоҳанд мегӯянд?”, суол гузошт ин мансабдор.

Суҳроби Ҷаҳон, ки баъди истирдоди Иззат Амон роҳбарии  Маркази тоҷикони Маскавро ба дӯш дорад, рӯзи 11-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, пайвандони ӯро ҳам як ҳафта қабл ба УБОП даъват намуда, забонхат гирифтаанд: “Баъди шунидани ин ҳолат сахт дар ташвиш шудам, кормандони мақомот аз наздикони ман забонхат гирифтаанд. Гуфтаанд, ки агар хонданӣ рафта бошад, ба таҳсилаш машғул шавад дар шабакаҳо суратҳое, ки ҳамроҳи Иззат Амон гузоштааст, нест кунад. Дар як навори видеоӣ аз Бобои Дона аз хиёнаткорҳо ҳимоят кардааст, кӯр карда партояд”.

Наздикони Идибек Ҳасанов, Мамадхон Эгамов, Ҳусейн Эшонқулов низ гуфтанд, ки мақомоти умури дохила онҳоро даъват намудаву забонхат гирифтаанд.

Қабл аз истирдоди Иззат Амон низ наздикони бархе аз ҳамкорони ӯ мавриди бозҷӯӣ қарор гирифта буданд. Аз ҷумла падари Бахтовар Ҷумъаевро ба шуъбаи милисаи Панҷакент даъват карда, телефони дастиашро тафтиш кардаанд ва аксаран дар бораи фаъолияти ӯ суол додаанд.

Иззат Амон, раиси “Маркази тоҷикон” ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон, рӯзи 25-уми марти имсол дар Маскав нопадид ва баъд аз ду рӯз дар Тоҷикистон “пайдо шуд”. Дар Тоҷикистон ӯро ба “қаллобӣ” муттаҳам мекунанд. Наздикону ҷонибдоронаш қазияро сиёсӣ медонанд.

Иззат Амон пайваста ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш дар Русия саъю кӯшиш ба харҷ намедиҳад. Созмони зери раҳбарии ӯ ҳамчунин ба муҳоҷирони муҳтоҷ кумаки ҳуқуқӣ ва молӣ мерасонд.

Кормандони “Маркази тоҷикон” дар Маскав гуфтанд, марказ пурра кор мекунад ва ҳамарӯза тақрибан то 15 муҳоҷири тоҷик бо масъалаҳои ҳуқуқӣ ба онҳо муроҷиат мекунанд.

Мақомот хешовандони ҳамкорони Иззат Амонро дар Тоҷикистон бозпурсӣ кардаанд

Мирзонабии Холиқзод, Радиои Озодӣ


Ҳуқуқшиноси тоҷики муқими Русия мегӯяд, мақомоти интизомии Тоҷикистон барои фаъолиятҳои касбияш наздикони ӯро зери фишор қарор додаанд. Намояндагони мақомот ин иддаоро рад накарданд ва гуфтанд, ҳадафашон ин аст, ки муҳоҷирон дар Русия “ба кори худ машғул бошанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ шӯрандозӣ накунанд”.

Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ва корманди “Маркази Тоҷикон” дар Русия, Бахтовар Ҷумъаев рӯзи 11-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон падар ва ҳамсари ӯро даъват намуда, таъкид кардаанд, то ба Бахтовар расонанд, ки ба Тоҷикистон баргардад.

Ҳамчунин пайвандони панҷ нафари дигар аз кормандон ва фаъолони созмони “Маркази Тоҷикон” дар Русия, ки онро то ба Тоҷикистон истирдод шуданаш Иззат Амон раҳбарӣ мекард, мегӯянд, наздикони онҳоро низ Раёсати мубориза бо ҷинояҳои созмонёфта даъват намуда, аз онҳо забонхат гирифтаанд. Аммо мақомоти милиса мегӯяд, ҳадафи ин даъватҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ буда, ба роҳи дуруст ҳидоят кардани афроди муайян дар Русия аст.

“Фишор ба хотири он, ки ба Тоҷикистон баргардам”

Бахтовар Ҷумъаев ба Радиои Озодӣ гуфт, падари ӯро аз шаҳри Панҷакент ба Душанбе даъват карда, муддати як рӯз дар Боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ доштаанд. Вай гуфт, ҳамсараш донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои пойтахт аст ва ӯро ҳам даъват кардааанд.“Ин ҳама ба хотири фишор болои ман аст, ки ман ба Тоҷикистон баргардам”-, мегӯяд Ҷумъаев. Вай гуфт, рӯзи 10-уми май бо намояндагони мақомоти интизомӣ тамос гирифта, ба онҳо дар масъалаи даъвати падараш суҳбат кардааст, ки чунин бархӯрд, яъне бо истифода аз волидон фишор овардан амали ғайриқонунӣ ва нодуруст аст.

Бахтовар Ҷумъаев гуфт, баъд аз бурдани Иззат Амон ба Душанбе баъзе манбаъҳо ба ӯ иттилоъ додаанд, то рӯзи 1-уми май ӯро ҳам ба Тоҷикистон истирдод мекунанд ва аз ин рӯ аз қаламрави Русия берун шудааст. “Ҳоло андаке вазъият беҳбуд ёбад, боз ба Маскав бармегардам”-, гуфт ӯ. Дар ҳоли ҳозир ба мисли Бахтовар Ҷумъаев ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони созмони “Маркази тоҷикон”дар Русия пас аз бурда шудани Иззат Амон таҳти таъқиб қарор гирифтаанд.

“Барои чӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарчӣ хоҳанд мегӯянд?”

Наздикони онҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз ҷумла пайвандони Идибек Ҳасанов, Сӯҳроби Ҷаҳон, Мамадхон Эгамов, Ҳусейн Эшонқулов, Бахтовар Ҷумъаев мавриди бозҷӯӣ қарор гирифта ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта- УБОП даъват шуда мавриди пурсиш қарор гирифтаанд.

Маҳмадюсуф писари Иззат Амон гуфт, ин афродро ба хотири ҳамкорӣ бо падараш дар созмони “Маркази тоҷикон” мехоҳанд ба Тоҷикистон оранд. Ҳатто гуфта мешавад, ки дар парвандаи Иззат Амон номи бархе аз онҳо зикр шудааст. Тавре наздикони онҳо мегӯянд, дар вақти пурсиши мақомоти умури дохила маълум шудааст, ки гӯё маълумот дар бораи пайвандони онҳоро намояндагии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар Русия ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта пешниҳод кардааст.

Муҳиддин Маҳмудов, масъули намояндагии Вазорати корҳои дохила дар Русия рӯзи 11-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, чунин иддао асосе надорад ва онҳо ҳеҷ маълумотеро алайҳи шаҳрвандон ба мақомоти Душанбе пешниҳод накардаанд.

Аммо як мақоми Вазорати корҳои дохилӣ, ки хост ба сабаби салоҳияти сухангӯӣ надоштанаш номаш зикр нашавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, даъвати пайвандони ин нафарон барои қазияи Иззат Амон нест. Вай гуфт, вақте онҳоро даъват мекунанд фақат мехоҳанд, ки ба фарзандашон дар Русия расонанд, ки ба кору касби худ машғул шаванд. “Агар донишҷӯ аст, ба таҳсил машғул бошад, агар ҳуқуқшинос бошад кори ҳуқуқии худро анҷом диҳад, барои чӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарчӣ хоҳанд мегӯянд?”, суол гузошт ин мансабдор.

Сӯҳроби Ҷаҳон ва Иззат Амон

“Суратҳои ҳамроҳ бо Иззат Амонро нест кунад”

Дар робита ба суоли Радиои Озодӣ, пас чаро ҳангоми пурсиши наздикон талаб карда мешавад, ки фарзандашон ба Тоҷикистон биёяд, ин мақомдор гуфт, ки ин гуна талаб карда нашудааст ва ӯ дар ин бора хабар надорад.

Суҳроби Ҷаҳон яке аз ҳомиёни ҳуқуқи “Маркази тоҷикон” рӯзи 11-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, пайвандони ӯро ҳам як ҳафта қабл ба Раёсати мубориза бо ҷинояҳои созмонёфта даъват намуда, забонхат гирифтаанд ва гуфтаанд, ки агар ӯ донишҷӯ аст ба таҳсилаш идома диҳад: Баъди шунидани ин ҳолат сахт дар ташвиш шудам, кормандони мақомот аз наздикони ман забонхат гирифтаанд. Гуфтаанд, ки агар хонданӣ рафта бошад, ба таҳсилаш машғул шавад дар шабакаҳо суратҳое, ки ҳамроҳи Иззат Амон гузоштааст, нест кунад. Дар як навори видеоӣ аз Бобои Дона аз хиёнаткорҳо ҳимоят кардааст, кӯр карда партояд”.

Наздикони Идибек Ҳасанов, Мамадхон Эгамов, Ҳусейн Эшонқулов низ гуфтанд, ки мақомоти умури дохила онҳоро даъват намудаву забонхат гирифтаанд. Тавре пайвандони онҳо мегӯянд, як сабаби талош барои ба Тоҷикистон овардани ин нафарон, аз ҷумла Бахтовар Ҷумъаев ба боздошт ва ба Тоҷикистон бурда шудани Иззат Амон рабт доштааст. Аммо Бахтовар Ҷумъаев мегӯяд, сабаб танҳо Иззат Амон нест, дар моҳи ноябри соли гузашта низ кормандони милисаи шаҳри Панҷакент падари ӯро ба шӯъба даъват намуда, мавриди пурсуҷӯ қарор дода буданд. Ба қавли Бахтовар, телефони дастии падарашро тафтиш карда, аксаран дар бораи фаъолияти ӯ суол шудааст.

Кормандони дигари “Маркази тоҷикон” ҳам мегӯянд, қабл аз Тоҷикистон истирдод шудани Иззат Амон наздиконашон ба мақомот даъват шуда пурсуҷӯ шуда буданд.

Иззат Амон, раиси “Маркази тоҷикон” ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон, рӯзи 25-уми марти имсол дар Маскав нопадид ва баъд аз ду рӯз дар Тоҷикистон “пайдо шуд”.

Дар Тоҷикистон ӯро ба “қаллобӣ” муттаҳам мекунанд. Наздикону ҷонибдоронаш қазияро сиёсӣ медонанд.

Иззат Амон пайваста ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш дар Русия саъю кӯшиш ба харҷ намедиҳад. Созмони зери раҳбарии ӯ ҳамчунин ба муҳоҷирони муҳтоҷ кумаки ҳуқуқӣ ва гоҳ-гоҳ кумаки молӣ мерасонд.

Ҳоло ӯро дар боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе нигоҳ медоранд. Писараш, Муҳаммадюсуф Холов, мегӯяд, 20 рӯзи охир имкони мулоқот бо падарашро надошт.

Кормандони “Маркази тоҷикон” дар Маскав, ки раҳбарии онро феълан Сӯҳроби Ҷаҳон ба уҳда дорад, гуфтанд, марказ пурра кор мекунад ва ҳамарӯза тақрибан то 15 муҳоҷири тоҷик бо масъалаҳои ҳуқуқӣ ба онҳо муроҷиат мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button