ВидеоТоҷикистонЧеҳраҳо

КУМАКИ ИСМОИЛ, НАБЕРАИ ПРЕЗИДЕНТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ОИЛАҲОИ АЗ ОФАТИ ТАБИӢ ЗАРАРДИДА (4 АКС+ВИДЕО)

Исмоили Муҳаммадзоир, набераи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаҳое, ки ҳафтаи гузашта бар асари офати табиӣ дар вилояти Хатлон зарар дидаанд, кумак кардааст.

Дар ин бора бо нашри чанд акс аз ҷараёни тақсими бастаҳои кумакҳои ғизоӣ аксбардор Баҳром Ҷалилов дар Инстаграм хабар додааст.

Соҳибқирони Зафар бо бознашри ин аксҳо дар Фейсбук кумаки Исмоил ба зарардидагонро “иқдоми нек” номида, навиштааст: “Аҳсан! Худо аз шумо розӣ бошад!”

Мушаххасан ба сокинони кадом минтақа кумак кардани набераи президент гуфта нашудааст, вале зоҳиран сухан дар бораи сокинони деҳаи Навободи ноҳияи Ҷомӣ меравад, ки рӯзи 6 май бар асари чӯкидани як масоҳати бузург дар инҷо 100 гектар замини кишт ва 15 хона зери хок рафт.

Тоҷикистон як ҳафта боз аз селу боришоти шадид азият мекашад. Рӯзи 11 май, бино ба иттилои расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, бар асари сел дар Тоҷикистон 7 нафар, аз ҷумла 3 нафар дар ноҳияи Ш.Шоҳин, 3 нафар дар Кӯлоб ва як нафари дигар дар Ҳисор ба ҳалокат расиданд.

Исмоили Муҳаммадзоир 21 сол дошта, фарзанди Фирӯза Раҳмонова, духтари калонии президент, ва домоди калониаш Муҳаммадзоир (Зоир) Соҳибов мебошад. Исмоил қаблан ҳам бо иштироки фаъолонааш дар корҳои хайр ва дастгирии варзишгарону ҳунармандон ном бароварда буд.

Моҳи январи соли ҷорӣ гузориш шуда буд, ки Исмоил табобати як кӯдаки 13-солаи мариз аз Истаравшанро бар уҳда гирифтааст. Дар ин бора бо нашри як видео дар гуруҳи фейсбукии “Мо – Тоҷикистонием!” Хадича Бозорова хабар дод. Дар ин видео бибии кӯдаки мариз қисса мекард, ки чӣ гуна барои табобати наберааш дар ба дари идораҳои гуногун давиданд ва дар ниҳоят Исмоили Муҳаммадзоир ба кумаки онҳо расид. Исмоил ба онҳо гуфтааст, ки тамоми хароҷоти табобати ин кӯдакро ба дӯш мегирад. Дар видео дида мешуд, ки бибии кӯдак ашк дар чашм даст ба дуо кушода, барои Исмоили Муҳаммадзоир дуру дароз дуои хайр медиҳад.

Ҳамин тавр, моҳи сентябри соли 2020  гузориш шуда буд, ки Исмоили Муҳаммадзоир ба сокинони Турсунзода Муҳаррам Очилова ва духтари ӯ дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Турсунзода хонаҳои навсохт туҳфа кардааст.

Муҳаррама Очилова қаблан шикоят карда буд, ки дар як шароити хеле сахт дар ферма зиндагӣ мекунад. “Бовар кунед, вақтҳое мешаванд, ки се-чор рӯз нони хӯрдан наёфта, гушнаву ташна мешинем. Ман ба ҳамааш тоқат мекунам, вале дигар тоби бардоштани суханони талхи соҳибони фермаро надорам. Онҳо ман, як зани қариб 60-соларо дашномҳои қабеҳ медиҳанд, худам ва ҳатто модари раҳматиамро ҳақорат мекунанд. Бе кафан, бе Ватан ва бе соҳиб гуфта, таҳқир менамоянд…” –  зор-зор гиря карда, қисса мекард Муҳаррам Очилова.

Набераи президенти Тоҷикистон соли гузашта ҳамчунин табобати як кӯдаки мариз аз шаҳри Тошкандро ҳам ба уҳда гирифта буд. Дар видеое ки нашр шуд, дида мешуд, ки чанд ҷавон дари хонаи модару бибии он кӯдакро кӯфта, ба онҳо аз номи Исмоили Муҳаммадзоир дар як лифофа пули табобати тифлро месупоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button