ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР БАЙНИ ДУ СОАТ
Рӯзи 11 май, соати 12, Илҳом Назаров, ронандаи мошини тамғаи «Чанху», сокини 35-солаи ҷамоати Бурунови шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти ноҳияи Файзобод дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Абдулвосиев аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба мошини тамғаи «Опел-Астра» ва сипас мошини боркаши “ГАЗ-279913”, ки дар канори роҳ беҳаракат меистод, бархӯрдааст. Дар натиҷа, мошини ГАЗ ба ҳаракат даромада, пиёдагард Ғиёсов Усмон, сокини 64-солаи шаҳри Ваҳдатро, ки дар назди истгоҳ қарор дошт, пахш намудааст. Пиёдагарди солманд бар асари ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.
Ҳамон рӯзи 11 май, соати 14:10, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Ҳомидов Мансур, сокини 31-солаи ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷайҳун ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Балхӣ, дар шоҳроҳи «Душанбе-Панҷи поён» ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини тамғаи «Мерседес Бенс», таҳти идораи Муъминов Раҳмиддин, сокини 34-солаи ҷамоати Меҳвари ноҳияи Панҷ, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи «Мерседес» Муъминов Раҳмиддин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи «Опел» Мансур Ҳомидов ва кӯдаки дусолааш Муҳаммадҷон бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.
ххххххххх
Як зани 49-солаи сокини ноҳияи Сино ба ШВКД-1 ин ноҳия муроҷиат кардааст, ки моҳи марти соли 2021, дар кӯчаи С.Шерозӣ зани 46-солаи сокини Сино, ҳамроҳи “Ҷамшед” ном шахс, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромадаанд ва аз ӯ ба маблағи 34 ҳазор сомонӣ ҷавоҳироти тиллоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки баъд аз 10-рӯз маблағашро бармегардонанд, аммо то ҳол барнагардонидаанд.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино зани 45-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2019 дар кӯчаи С.Шерозӣ зани 46-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 39 ҳазор сомонӣ ҷавоҳироти тиллоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамзамон, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 49-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2020, марди 39-сола бо ҳамроҳии рафиқаш “Умед” ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи «Лексус РХ-350»-ро ба маблағи 20 ҳазору 500-доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол пулашро надодаанд. ВКД гуфт, ин афрод мошинро ба як сокини 50-солаи сокини Шоҳмансур бо нархи 112 ҳазор сомонӣ фурӯхта, пулашро ба манфиати шахсиашон сарф кардаанд.
Аз навори хабарҳои рӯзи 12 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар дар як рӯз
Рӯзи 11-уми майи соли 2021, тахминан соати 12:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Чанху», Назаров Илҳом Иброҳимович, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Бурунови шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти ноҳияи Файзобод дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Абдулвосиеви шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Ҳусейнов Ҳасанҷон Абдуллоевич, соли таваллудаш 1977, сокини ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод, бархӯрда ва сипас ба автомашинаи тамғаи “ГАЗ-279913”, ки ба Раҳимов Собирҷон Мирзораҷабович, соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Ваҳдат тааллуқ дорад ва дар канори роҳ беҳаракат меистод, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, автомашинаи тамғаи “ГАЗ-279913” ба ҳаракат даромада, пиёдагард Ғиёсов Усмон Алиевич, соли таваллудаш 1957, сокини шаҳри Ваҳдатро, ки дар назди истгоҳ қарор дошт, пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Ғиёсов У.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, санаи 11-уми майи соли 2021, тахминан соатҳои 14:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Ҳомидов Мансур Эмомназарович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷайҳун ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи мазкур, дар шоҳроҳи «Душанбе-Панҷи поён» ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», таҳти идораи ронанда Муъминов Раҳмиддин Абдуллоевич, соли таваллудаш 1987, сокини ҷамоати деҳоти Меҳвари ноҳияи Панҷ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс» Муъминов Р.А. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-астра», Ҳомидов М.Э. бо хурдсол Ҳомидов Муҳаммадҷон Мансурович, соли таваллудаш 2019, сокини ҷамоати деҳоти Калинини ҳамин ноҳия ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Ошкор гардидани мардумфиребӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 49-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2021, дар кӯчаи С.Шерозии пойтахт зани 46-солаи сокини ҳамин ноҳия, бо ҳамроҳии “Ҷамшед” ном шахс, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 34 ҳазор сомонӣ ҷавоҳироти тиллоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки баъд аз 10-рӯз маблағашро бармегардонанд, аммо то ҳол барнагардонидаанд.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 45-солаи сокини ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2019 дар кӯчаи С.Шерозӣ зани 46-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 39 ҳазор сомонӣ ҷавоҳироти тиллоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамзамон, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 49-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2020, марди 39-сола бо ҳамроҳии рафиқаш “Умед” ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи «Лексус РХ-350»-ро ба маблағи 20 ҳазору 500-доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. Номбурдагон, автомашинаи мазкурро ба марди 50-солаи сокини ҳамин ноҳия ба маблағи 112 ҳазор сомонӣ фурӯхта, ба манфиати шахсиашон истифода бурдаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Машқи муштарак дар «Бозори масолеҳи сохтмонӣ»-и шаҳри Ҳисор
Бо мақсади пурзӯр намудани вазъи бехатарӣ аз сӯхтор ва тақвият бахшидан ба ҳолати омодабошии хадамоту мақомотҳои ҳамоҳангсозӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Бозори масолеҳи сохтмонӣ»-и шаҳри Ҳисор, ки масоҳати он зиёда аз 16 гектар буда, дар он 107 нафар тоҷирону савдогарон дар 117 нуқтаҳои савдо фаъолият менамоянд, бо супориши роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи нақшаи аз ҷониби Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД омода карда шуда, бо ҷалби маъмурияту дружинаи идоравии оташнишонии бозор, қувваву воситаҳои муайяни Хадамоти давлатии оташншонии шаҳри Ҳисор, инчунин қисми махсуси минтақавии Сарраёсат, кормандони милитсия ва хадамоту мақомотҳои дахлдори ҳамоҳангсозӣ бо иштироки роҳбарияти Сарраёсат машқи тактикӣ-оташнишонии доир карда шуд.
Мувофиқи сенария гӯё растаи чӯбу тахтаҳоро дар масоҳати 210 метри мураббаъ оташ фаро гирифтаасту дружинаи идоравии оташнишонии бозор бо сарварии директори он Фатҳуддин Қараев ба пешгирии роҳҳои паҳншавии сӯхтор ва наҷоти осебдидагон шуруъ намудаанд. Қуваву воситаҳои Хадамоти давлатии оташншонӣ ва ниҳодҳои ҳамоҳангсозӣ ҳам ба зуддӣ ба маҳали ҳодиса ҳозир гардида, таҳти роҳбарии мутахассисони Сарраёсат дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии дастаҷамъона ба ҷароҳатбардоштагон ёрии аввалини тиббӣ расонида, дар як вақт роҳҳои паҳншавии сӯхторро дар ҳама самтҳо пешгирӣ карда, дар кутоҳтарин фурсат ҳодисаи сӯхторро пурра бартараф намуданд, ки он аз сатҳи баланди ҳолати омодабошӣ ва маҳорату малакаи касбии иштирокчиёни машқи тактикӣ-оташнишонӣ далолат медиҳад.
Ҳамин гуна машқи муштарак дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Бозори Балх»-и ноҳияи Рӯдакӣ низ ташкил ва гузаронида шуд.
Зимни чорабинӣ кормандони Хадамоти давлатии оташншонӣ ва ниҳодҳои ҳамоҳангсозӣ вазифаҳои дар наздашон гузошта шударо бо як маҳорати баланди касбӣ иҷро намуда, ҳодисаи шартиро дар як муддати кутоҳ рафъ намуданд.
Дар анҷоми машқҳои муштарки тактикӣ-оташнишонӣ ба иштирокчиёни фаъоли он аз ҷониби намояндагони Сарраёсат ва маъмурияти иншоотҳо Ифтихорнома тақдим карда шуд. Ҳамчунин сарварони бозорҳои номбурда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ барои ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои муҳими зиддисӯхторӣ изҳори минатдории самимӣ намуданд.
Кароматулло Абдуллоев, СХДО ВКД ҶТ